Мизи мудаввари «Нақши занон ва ҷавонон ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар рушди ҷомеаи муосир» дар Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2021-03-03 16:40
Имрўз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Дастгоҳи иҷроияи Кумитаи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзўи «Нақши занон ва ҷавонон ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар рушди ҷомеаи муосир» баргузор шуд. Ширкаткунандагон дар бораи ҳиссаи бонувон ва ҷавонон дар рушди ҷомеаи муосир, муборизаи онҳо зидди унсурҳои бегона, танзими анъанаву оинҳои миллӣ, ҷалби занон ва ҷавонон ба омӯзиш ва ғайра ибрози назар карданд.
Ин нишаст дар доираи барномаи давраҳои омӯзишие роҳандозӣ шуд, ки аз 28 феврал дар шаҳри Душанбе барои раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳия ва вилоятҳо оғоз шуда, қарор аст то 6 март идома кунад.
Пас аз анҷоми мизи мудаввар меҳмонон аз Китобхонаи миллӣ дидан намуданд. Онҳоро кормандони шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ба сайёҳати толорҳои хониш, толори хониши электронӣ, осорхонаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир, осорхонаи китобҳои тозанашр, толори феҳристҳо, шуъбаи адабиёти хориҷӣ ва шуъбаи матбуоти даврӣ бурда, бо услубҳои муосири хизматрасонӣ ва имкониятҳо барои хонандагон ошно намуданд.
Раҳима Аъзам,
мутахассиси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.