“Артиши миллӣ – сипари боэътимоди Ватан”
Нашр шуд 2020-02-20 15:36
Субҳи имрӯз бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ дар толори «Ошёни булбулон»-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон, чорабинии идона бахшида ба Артиши миллии Тоҷикистон таҳти унвони “Артиши миллӣ – сипари боэътимоди Ватан” доир гардид.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ муовини Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов оғоз намуда, афсарону сарбозони шуҷоъи Ватанро бо фарорасии Иди қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, барояшон хушбахтиҳои беназирро таманно намуд.
Муовини директори Китобхона Гадобек Маҳмудов ҷавононро ба ватандӯстӣ даъват намуд ва гуфт, ки ҳамеша ватани худро дўст доранд ва барои шомил шудан ба сафи Артиши миллӣ ҳамеша омода бошанд, зеро ҳимояи Ватан барои ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла барои ҷавонон қарзи шаҳрвандӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҷавононро зарур аст, ки илму дониш омӯзанд ва ҳамеша марзу буми худро ҳимоя намуда, ба ин сарзамин содиқонаю фарзандона хизмат намоянд”.
Афсари Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Хотамиён Абдурашид ҳозиринро ба Рӯзи Артиши миллӣ табрик намуд ва гуфт: “Мо имрӯз ки дар арафаи ҷашни 27 –умин солгарди қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Сараввал, ҳамаи родмардони ҳомии ватанро бо ин рӯз табрику муборакбод менамоям. Воқеан, артиш ин худ зода ва ҳамқадами Истиқлолияти кишварамон ба ҳисоб меравад. Вақте мо ба саҳифаҳои таърих назар меафканем, пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди шӯравӣ дар як заминаи холӣ артиши миллии мо ба миён омад, ки ин саҳлу осон набуд. Вақте ки дар Иҷлосияи XVI Шӯрои олӣ аз ҷониби вакилони халқ сарвари тозаинтихоб мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари давлат таъин гардиданд, масъалаҳое ба миён гузошта шуда буд, ки бояд барои ором намудани кишварамон ва поксозии дастаҳои мусаллаҳои ғайриқонунӣ Артиши миллӣ ташкил шавад. Он солҳо артиш вуҷуд надошт. Аввалин санади таърихие, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 18 декабри соли 1992 имзо шуд, таъсис додани қувваҳои мусаллаҳ буд. Ва 23 феврали соли 1993 аввалин маротиба сафороии ҳарбӣ доир гардид”.
Дар қисмати дуюми чорабинӣ, ки фарҳангӣ-фароғатӣ буд, ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Хурсандмурод Зарифӣ бо сурудҳои тозаэҷоди хеш хотири ҳозиринро шод кард.
Ёдовар бояд шуд, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се сол қабл ҳанӯз дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 25 - солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки мақсади асосӣ аз таъсис додани Артиши миллӣ ташкили нерӯи ҳарбие буд, ки ба ҳифзи истиқлолияту озодии кишвар қодир бошад ва якпорчагиву тамомияти арзии онро таъмин намояд. Гузашти солҳо нишон доданд, ки бо шарофати далериву шуҷоат ва фидокориву ҷоннисориҳои хизматчиёни ҳарбӣ - фарзандони бонангу номуси Ватан дар кишвари азизамон ҳокимияти қонунӣ барқарор гардида, барои сулҳу суботи устувор заминаи мустаҳкам фароҳам оварда шуд.
Тайи 28 соли фаъолият Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рўзҳои сахту сангинро пушти сар карда, аз озмоишҳои шадиди ин солҳо гузаштанд ва имрўз ба нерўи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулху субот ва фазои орому осудаи кишвар табдил ёфтаанд ва барои ҳифзи боэътимоди марзу буми Ватани азиз собитқадамона рушду такомул меёбанд.
Фарзонаи МИРЗО