Абдулҳамид Самад: Истиқлолият бе ваҳати миллӣ дар ҳолати хатарнок қарор мегирад
Нашр шуд 2016-08-04 18:23
Маҳфили адабии “Дар суҳбати адиб” бо иштироки Нависандаи Халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад баргузор шуд ва он ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд.
Ин маҳфил қабл аз зуҳри рӯзи панҷшанбе, 4-уми август дар толори “Ошёни булбулон”-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо талоши шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор гардид.
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, профессор Сайфиддин Назарзода дар суханони муқаддимавии худ, аз Истиқлол чун муҳимтарин дастоварди миллат дар 25 соли охир ёд кард. Баъдан дар бораи Абдулҳамид Самад, меҳмони нишаст ва эҷодиёти ӯ ҳикоят намуд.
Директори Китобхонаи миллӣ аз ҷумла гуфт, ки эҷодиёти Абдулҳамид Самад ҷавобгӯ ба ниёзҳои ҷомеаи мост ва асарҳои чанд соли охир навиштааш дар шинохти Истиқлолият, таҳкими сулҳу субот дар кишвар хизмати шоиста кардаанд.
Абдулҳамид Самад дар мавзўи Истиқлолият суханронӣ намуда, зикр намуд, ки Истиқлолиятро пештар ба даст овардем, аммо дидем, ки истиқлолият бе ваҳати миллӣ дар ҳолати хатарнок қарор мегирад. Зиндагӣ ва таърих инро ба мо нишон дод. Ҳамзамон, дар мавриди масоили забону забоншиносӣ қайд намуд, ки аз ҳама масъалаи дардноки адабӣ ва илми суханшиносии мо масъалаи забон буда, он аст, ки мо хоҳем нахоҳем солҳо мегузаранд ва наслҳо иваз мешаванд. Оҳиста- оҳиста аҳли саводи мо аз байн меравад. Ҳар кадоме, ки рафт, хазинаи бузургро бо худ мебарад.
Нависандаи маъруф гуфт, ки имрўз масъалаи саводу хат яке аз масъалаҳои муҳим мебошад. Имрўз шароити таърихӣ ҳолатҳоеро ба вуҷуд овард, ки бадбахтона як насл имрўз аз китоб канда шуд. Ба гуфтаи адиби шинохта, имрўз насли навраси мо ҳама дар даст телефону интернету планшет доранд ва ба кадом дунёи дигар иртибот мегиранд. Аммо китоб кам ё ҳатто аслан намехонанд.
Абдулҳамид Самад боз гуфт, ки насли мо якчанд мисраъ шеърро медонад, аммо луғатомўзӣ имрўз қариб аз байн рафт. Пас, омўхтану дўст доштани забон дўст доштани миллату давлат аст.
Дар поёни нишаст миёни адиби маъруф ва ширкаткунандагон дар мавзуъҳои мубрами рӯз табодули афкор сурат гирифт.
Абдулҳамид Самад, яке аз нависандагони тавонои тоҷик буда, соли 1947 дар ноҳияи Ховалинг ба дунё омада, соли 1965 мактаби деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ, соли 1969 бахши забону адабиёти тоҷики Донишкадаи омўзгории Душанберо хатм кардааст. Баъдан, дар рўзномаи “Тоҷикистони Советӣ”, маҷаллаи “Садои Шарқ” ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат ” ба ҳайси ходими адабӣ, муовини сармуҳаррир ва сармуҳаррир кор кардааст.
Аз солҳои донишҷўӣ навиштаҳояш дар рўзномаву маҷаллаҳои мамлакат чоп мешаванд. Муаллифи 20 китоби хурду бузургҳаҷм аст. Бо қиссаҳои марғубаш “Аспи бобом”, “Баъд аз сари падар” соли 1990 барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Рўдакӣ гардидаанд.
Асарҳои алоҳидааш дар муассисаҳои нашриявии Маскаву Теҳрон интишор ёфта, гулчини ҳикояҳояш ба бисёр забонҳо тарҷума шудаанд. Барои хидматҳояш дар рушди адабиёти тоҷик соли 1999 сазовори унвони фахрии Нависандаи Халқии Тоҷикистон гардидааст.
Соли 2011 бо ҷоизаи байналмилалии сарвати зеҳнӣ (Женева) сарфароз гардонида шудааст.