Зарфи ду рӯзи охир дар назди Китобхонаи миллӣ 68 дарахти арчаи ороишӣ шинонида шуд.

Ҳудудан 70 дарахти нави ороишӣ саҳни Китобхонаи миллиро оро дод
Ин дарахтони ороишӣ, ки белгӣ мебошанд, назирашон аз пештар дар саҳни китобхона дида намешуд.
Муддати қариб як моҳ аст, ки дар ҳотаи Китобхонаи миллӣ дарахтони зиёд шинонда шуданд, ки ҳамаи онҳо дарахтони ороишианд. Кормандон гоҳо бо навбат ва гоҳи дигар тариқи ҳашари умумӣ майдонҳоро аз сангу сангреза ва баргу шохи хушкидаи дарахтон тоза карданд ва дар ҷойҳои муносиб дарахтони нав шинонданд.
Иқдоми кабудизоркунӣ ва дарахтшинонӣ идома дорад.