Даҳумин нишасти Абонименти байникитобхонавиии кишварҳои узви ИДМ ба анҷом расид
Нашр шуд 2019-10-25 10:53
Дирӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Нишасти 10-уми Ҷаласаи Абонименти байникитобхонавиии кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил доир гардид. Дар кори ҷаласа намояндагони масъул аз кишварҳои Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Русия, Узбекистон , Тоҷикистон ҳамчунин, дар реҷаи фосилавӣ кишварҳои Арманистон ва Молдова ширкат намуданд.
Дар рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои таъсис додани Китобхонаи электронӣ дар низоми АБК, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи АБК, мубодилаи китобу иттилоот байни китобхонаҳои миллии кишварҳои ИДМ, иҷроиши фаъолияти корӣ дар соли 2019, тасдиқи нақша барои соли 2020 ва ғайраҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Баъд аз нисфирӯзӣ тибқи нақша меҳмонон аз толорҳо ва шуъбаҳои Китобхона дидан намуданд.
Шурӯъ аз соати 15:00 барномаи тафреҳӣ барои меҳмонон оғоз шуд ва онҳо мавзеъҳои зебои шаҳри Душанбе, аз ҷумла аз Осорхонаи миллӣ, Кохи Наврӯз, Боғи Рӯдакӣ тамошо карданд.