Парчамат бодо парафшон Тоҷикистонам !

Субҳи имрӯз, 23 –юми ноябр бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Рўзи Парчами давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Парчамат бодо парафшон Тоҷикистонам» доир гардид.
Профессор Сайфиддин Назарзода, Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар сухани ифтитоҳии худ дар бораи парчам ва таърихи он, сулҳу ваҳдати миллӣ ва 25 соли Истиқлолияти милливу созандагиҳои он суханронӣ кард.
Директори Китобхонаи миллӣ ҳамчунин аз таърихи парчам ҳикоят кард ва гуфт, ки он ҳамеша муқаддас буд ва дар ҳар давру замон аҷдодони некноми мо парчамро чун рамзи истиқлолу давлатдорӣ эҳтиром мекарданд.
Дар бораи парчаму парчамдорӣ ва рамзҳои он “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ достонҳои зиёд дорад. Яке аз муассиртарин достонҳо ривояти Коваи оҳангар аст, ки барои кини 18 писари худ пешдомани оҳангарии худро парчам мекунад ва зидди Заҳҳоки морон ба по мехезад ва билохира пирӯз мешавад.
Дар достонҳои дигар низ мехонем, ки паҳлавонон ва шоҳон ҳар кадом бо дирафши худ ба корзор ҳозир мешуданд.
Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  Раъно Бобоҷониён бахшида ба Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ кард ва гуфт, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рамзи давлати тоҷикон аст, имрўз бояд ҷавонон барои муаррифӣ намудани миллат ва баланд бардоштани Парчам дар арсаи ҷаҳон саъю талош намоянд. Парчами давлатии мо, анъанаҳои таърихию фарҳангии чандинасраи тоҷиконро инъикос мекунад. Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад. Моро зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандўсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад. Парчами миллии мо дар қатори Парчами дигар кишварҳо дар созмонҳои ҷаҳонӣ парафшон аст, ки мояи ифтихору рўҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони азизи мо мебошад”,-гуфт ӯ.
Муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода  қайд намуд, ки  Парчами миллӣ як муқаддасот аст, ки  симои миллии давлатро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад. Пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ ин пос доштан ва ҳимоя кардани  Ватан, хонаводаву фарзандони худ, таъриху суннатҳои халқу кишвари худ аст.
Парчами давлатӣ барои мо тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳуввияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рўҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад. 
Имрўз моро мебояд, ки аз Парчами миллии худ ифтихор дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллати озоду соҳибистиқлол ба ҷо орем, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандҳои худ ва ҷавонону наврасон талқин намоем, зеро ба рамзҳои давлатӣ эҳтиромона муносибат намудан вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа мебошад, - гуфт дар интиҳои сухан Зулфия Давлатзода. 
Ёдовар бояд шуд, ки дар чорабинии мазкур кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва зиёда аз 200 нафар донишҷуёни Муассисаҳои таълимии кишвар ширкат доштанд.