Баргузории ду намоиши китоб дар Шуъбаи хизматрасонии махсус

Имрӯз, шанбе, 6-уми август Шуъбаи хизматрасонии махсуси китобхонаи миллӣ имрӯз бахшида ба 25-умин солгарди Итиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва  Ҳафтаи китоб ду намоиши китоб ташкил кард.
Ҳадаф аз ин намоишҳо ошноии ҳарчи бештари хонандагон бо китобҳоест, ки истиқлолият ва ваҳдати миллиро ситоиш мекунанд, ҳамчунин аз рушди библиография  ва китобшиносии тоҷик ҳикоят менамоянд.
Дар намоиши аввал, ки ба истиқболи ҷашнвораи бошукуҳи 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ бахшида шудааст, 34 номгӯ китобҳое, ки солҳои гуногун чоп шудаанд ва аз роҳи тайкардаи миллат дар ин солҳо ҳикоят мекунанд, ҷо дода шудаанд.
Аз ҷумла, “7 соли Эмомалӣ Раҳмон”- и А. Шарифзода, "Оғози фатҳи қуллаҳо",  "Муқаддимаи идеяи миллӣ" –и  А. Маҳмадов, ки муаллиф дар асоси таҳлилҳои гуногуни илмию методӣ консепсияи идеяи миллиро ҳамчун падидаи тағйирёбанда муаррифӣ намуда, вобаста ба замон ва макон дигаргун шудани мазмуни онро махсус таъкид менамояд.
"Ҳизби зодаи Истиқлолият" – и С. Сафаров, ки панҷ сол пеш ба муносибати 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп шуда буд, "15 баҳори Истиклол", "Тоҷики Оламшумул" ва ғайра аз зумраи китобҳои ин намоиш мебошанд.
Аз намоиши ҳафтаи китоб хонандагон метавонанд бо  "Китоби аср"-и А. Бердизода, А. Кенҷа ошно шаванд, ки аз гузашта, имрӯз ва ояндаи Точикистону мардуми он дар симои инсонҳои шинохта дар шакли тасвири бадеиву публистистӣ ва энсиклопедӣ ҳикоят мекунад.
"Китобшиносии Фирдавсӣ ва "Шоҳнома"- Нишондиҳандаи библиографии адабиёт”- и номзади илмҳои филологӣ Абдуллоҷон Юнусов, "Услубҳои киобдорӣ ва иттилоотии тарғиби китоб"-и С. Сулаймонӣ ва Ш. Абдураҳмонова, "Фаъолияти китобдорӣ"- и С.Шосаидов ва К Буриев, "Китобхонаи электронӣ ва дастёбӣ ба он"- и Китобхонаи миллии Точикистон аз ҷулаи дигар китобҳоест, ки дар ин намоиш гузошта шудаанд.