Баргузории маҳфили навбатии «Равшандилон» дар Шуъбаи хизматрасонии махсус
Нашр шуд 2015-11-26 16:00
Бештар аз даҳ нафар афроди дорои имконоти маҳдуд гирди мизи маҳфили “Равшандилон” ҷамъ омаданд ва аз навиштаҳои худ хонданду атрофи он баҳс карданд.
Ин маҳфил баъди зуҳри рӯзи гузашта дар Шуъбаи хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллӣ доир шуд.
“Равшандилон” маҳфили соҳибистеъдодҳо дар миёни афроди дорои имкониятҳои маҳдуд аст. Ҳамчуноне Шодӣ Қурбонов, яке аз ин шахсон иброз дошт, моҳе гирд омадану аз навиштаву сохтаҳои худ ба аъзои маҳфил ҳикоят карданд, барояшон руҳу илҳом мебахшад. “Китобхонаи миллӣ ин шароити мусоидро барои мо фароҳам овардааст, ки сари чанд вақт гирд меоем ва аз ғаму дарди ҳамдигар огоҳ мешавем”,- гуфт ӯ.
Гуфтанист, ки маҳфили “Равшандилон” дар ин шакл барои ин касон хеле муҳим аст ва кормандони Шуъбаи хизматрасонии махсус бо назардошти эҳтиёҷашон дар сарҷамъиву маҳфилороӣ ин чорабиниро моҳе як маротиба доир мекунанд.