Ёде аз Аслӣ Бурҳон-ҳунарманди нотакрори театр ва синамо

Дар садумин солгарди Аслӣ Бурҳонов-ҳунарманди нотакрори синамо ва театри кишвар, Артисти Халқии СССР, барандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ шогирдон, пайвандон ва ҳаводорони ҳунари воло дар Китобхонаи миллӣ гирди ҳам омаданд.
Дар нишаст, ки бо сухани ифтитоҳии ҷонишини Директори Китобхона Гадобек Маҳмудов оғоз шуд, Ортиқ Қодир, ҳунарманди варзида ва як нафаре, ки аз шодравон дарси маҳорати касбӣ омӯхтааст, суханронӣ кард ва аз Аслӣ Бурҳон ба унвони як ҳунарманди соҳибмактаб ном бурд. Ортиқ Қодир гуфт, ки шодравон Аслӣ Бурҳонов бо як сабки хос вориди саҳнаи тоҷик шуд ва образҳои мондагореро аз худ барои наслҳо мерос гузошт. 

Ортиқ Қодир Аслӣ Бурҳоновро дар офариниши образи Ленин, ки он замон маъруфтарин образҳои саҳнавӣ маҳсуб мешуд мумтозу муваффақ донист.   
Мунаққиди театр Муҳаммадуллоҳи Табарӣ дар суханронӣ як руҷӯи илмӣ ба офаридаҳои Аслӣ Бурҳонов дошт ва таваҷҷуҳи ҳозиринро ба шеваҳои офариниши образҳои ин ҳунарманди нотакрор ҷалб кард. Вай гуфт, имрӯз метавон аз даҳҳо чеҳраи мондагоре дар саҳнаи синамо ва театр ёд кард, ки аз ҷониби Аслӣ Бурҳонов бо як маҳорати хоса ва дидгоҳи вижаи муносиб ба замон рӯйи кор омадаанд.  
Гуландом Бурҳонова, духтари шодравон Аслӣ Бурҳон хотироти хеле ҷолиберо аз зиндагии берун аз саҳнаи падар нақл кард. Ҳунарманди маъруфи кишвар Хайри Назарова аз ҳамкориҳояш бо Аслӣ Бурҳонов ҳикоят кард, лаҳзаҳоеро ёд овард, ки бо марҳум дар саҳна буд. Вай аз Аслӣ Бурҳонов ба унвони як мурабии хубе ном бурд, ки аксари ҳунармандони наслаш аз ӯ омӯхтаву баъдан онро такмил додаанд. Вай гуфт, ки Аслӣ Бурҳон мактаби хеле бузурги ҳунарро барои театр ва синамо ба мерос гузошт ва имрӯз ҳам аз вай пайравӣ мекунанд.  
Ҳунарманди маъруф Тағоймурод Розиқов, ки низ дар офариниши образи доҳӣ аз муваффақтаринҳо дар кишвар аст, худро парвардаи мактаби ҳунарии Аслӣ Бурҳновов ва шогирди ӯ донист.  
Дар хотима ширкаткунандагон имкон пайдо карданд бо китоби пажуҳишгари шинохтаи театр Низом Нурҷонов дар бораи Аслӣ Бурҳонов ва ҳар китобу рисолае, ки солҳои гуногун дар бораи ин ҳунарманди нотакрор чоп шудаааст, ошно шаванд.  
Аслӣ Бурҳонов 8-уми январи соли 1915 дар шаҳри Бухоро дида ба олам кушодааст. Аз соли 1933 ба Душанбе омадааст ва чун ҳунарманд ба театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ ба кор оғоз кардааст.
 Аз соли 1940 дар синамо нақш офарид. Чун ҳунарманд дар дубляжи бештар аз 500 филм ширкат кардааст. 
Соли 1945 ба унвони Артисти халқии Тоҷикистон ва соли 1965 ба унвони Артисти халқии СССР мушарраф шуд. 
Барои офариниши образи Ленин  соли 1970 сазовори мукофоти давлатии ба номи Рӯдакӣ шудааст. Дорандаи ордени Ленин ва се ордени “Нишони фахрӣ” мебошад. 
Дар 21 филм ва 20 спектакл нақш офаридааст, 4 намоишномаро ба саҳна гузоштааст.