Бачаҳо Гулчеҳра Сулаймониро бояд бишносанд
Гулчеҳра Сулаймонӣ, фарзанди арҷманди шоири мумтоз Пайрав Сулаймонӣ аз муваффақтарин шоиронест, ки барои бачаҳо шеър гуфтаанд. Ашъори дилписандаш ҳамеша барои кӯдакону наврасон мавриди писанд будааст. Бо забони ширини кӯдакӣ сурудааст ва ҳар мисраи шеъраш дилчасп, мавриди пазириш ва ширину гуворост.
Гулчеҳра Сулаймони соли 1928 дар шаҳри Бухорои шариф дида ба олам кушодааст. Соли 1943 омӯзишгоҳи духтаронаи шаҳри Бухороро хатм кардааст, соли 1947 бошад донишкадаи омӯзгориро дар ин шаҳри бостонӣ ба анҷом расонидааст. Соли 1948 бо модар ва хоҳараш ба Душанбе омадааст ва аз он сол ба баъд, то охири умр дар ин шаҳр зиндагонӣ кардааст.
Аввал омӯзгори мактаби духтарона будааст. Соли 1951 мудири шуъбаи нашрияи бачагонаи “Пионери Тоҷикистон” ва соле баъд мудири шуъбаи маҷаллаи “Машъал” таъин шудааст.
Соли 1954 сарварии бахши адабиёти кӯдак ва навҷавон дар нашриёти давлатӣ ба уҳдаи ӯ меуфтад. Солҳои 1960-1970 мудири шуъбаи маҷаллаи адабии “Садои Шарқ”, мудири шуъбаи бачагон дар нашриёти “Маориф” будааст. Даҳ сол ба сифати ҷонишини сардабири маҷаллаи “Занони Тоҷикистон” кор кардааст.
Аввалин шеърашро соли 1946 навиштааст ва баъди он то вопасин нафаси зиндагӣ замоне аз навиштор бознамондааст. Ва шояд аз пурмаҳсултарин шоиронест, ки барои бачагон эҷод кардаанд.
Соли 1976 барои китобҳои “Себи Хубон” ва “Чил кокули бозингар” Гулчеҳра Сулаймониро шоистаи ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ донистанд ва ӯ аз миёни шоирони бачагон аввалин адибе буд, ки сазовори ин ҷоизаи баланд гашт. Баъдан заҳматҳояшро бо ордени “Дӯстии халқҳо” ва унвони “Шоири халқии Тоҷикистон” қадр мекунанд.
Гулчеҳра Сулаймӣ муаллифи бештар 20 маҷмуъаи шеърист, ки беш аз 15 маҷмуъа ашъорест, ки ба бачагон бахшида шудааст.
Инҳо аз ҷумлаи он китобҳоянд:
«Имрӯз ид» (1957);
«Ду бех олу» (1962);
«Наргис» (1966);
«Чархофалак» (1971);
«Аспак» (1972);
«Чил кокули бозигар» (1973);
«Себи Хубон» (1974);
«Шаддаи марҷон» (1976);
«Илҳом» (1977);
«Рангинкамон» (1979);
«Ниҳол» (1979);
«Айёми гули лола» (1982);
«Таронаҳои офтобй» (1984);
«Куртаи чакан» (1989);
«Сичароғ» (1989);
«Лолахои дасти ман» (1998).
Ашъори Гулчеҳра Сулаймонӣ бо чандин забонҳои олам, аз ҷумла инглисӣ, русӣ, укроинӣ, молдовӣ, узбекӣ, белорусӣ, қазоқӣ тарҷума ва чоп шудаанд.
Гулчеҳра Сулаймонӣ соли 2003 аз олам даргузашт.
Намунаҳои аз ашъори шоираи мумтоз ба зудӣ дар ин саҳифа нашр хоҳанд шуд.