Даргузашти муаллифи "Гули шому саҳар"
Боз аз осмони адаб ситорае канда шуд, боз шоире моро тарк гуфт.
Боз суханваре дунёи фониро ба қасди олами боқӣ бигзошту бирафт.
Устод Бобо Ҳоҷӣ, адиби тозагӯ, ширинкалом дигар миёни мо нес. Оне, ки умре барои атфол навишт, оне, ки талош кард дунёи тифли дар худ дошта бошад, оне, ки гуфту навишту чун кӯдак софу беғаш монд, дигар дар миёни мо нест.
Бобо Ҳоҷӣ замоне аз олам рафт, ки 88 сол дошт. Наздикони марҳум ба хабарнигрон гуфтанд, ки вақтҳои охир бистарӣ буд ва қалбаш бегоҳии 12-уми апрел аз задан бозмонд.
Ӯ 1-уми майи соли 1928 дар деҳаи Похути ноҳияи Айнӣ зода шуда, дар хонаи ятимон ба воя расидааст.
Солиёни дароз дар маҷала барои кӯдакон – “Машъал”, дар телевизиони Тоҷик, нашриётҳои “Ирфон”, “Маориф”, “Адиб” ва ғайра кор кардааст.
Аз соли 1954 узви Иттифоқи нависандони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ будааст.
Ба даҳҳо медалу ифтихорномаҳои Тоҷикистону Шӯравӣ ва Тоҷикистони соҳибистиқлол қадрдонӣ гардидааст.
Бобо Ҳоҷӣ аз адибони чирадасти тоҷик аст, ки дар рушди адабиёт барои кӯдакон хидматашро мондагор медонанд.
Осоре, ки аз ӯ боқӣ монда:
"Изҳори муҳаббат"-(1961);
"Шукуфаҳои чаман"-(1966);
"Гули ҳафтранг"- (1969);
"Хандаи маҳтоб"- (1976);
"Қарсак аз ду даст" -(1981);
"Осиёи чашма"-(1984);
"Паймона"- (1986);
"Дурри ятим"- (1988);
"Нони ҳалол"- (1987);
"Пешдаргирон"- (1998);
"Обилаи дил"- (2002);
"Гули шому саҳар"- (2004);
" Тарона барои Дурдона" –(2006);
" Соябони сар"- (2008);
"Кӯлоҳи қоқу "- (2011) ва ғайра.
Марҳум Бобо Ҳоҷӣ кори тарҷумонӣ ҳам кардааст ва осори нависандагоне чун Н. Некрасов, С. Есенин, Абой, Г. Абашидзе ва ғайраро ба забони тоҷикӣ баргардон кардааст.
Инак, намунаҳо аз осори шоири маҳбубро ин ҷо мекорем, то хоннадагонамон аз он баҳраҳо бардоранд.
ЁРӢ
Шавад дарси забони русӣ ҳар гоҳ,
Намояд хат равуо байни онҳо:
«Дугона, дафтаратро деҳ ба ман зуд, –
Нависад доимо Хуррам ба Раъно, –
Ба кино дина баски рафта будам,
Супоришро накардам боз иҷро».
Шавад дарси арифметика баръакс,
Зи Раъно хат расад бар сӯи Хуррам:
«Шудам нотоб ман дина, пас аз дарс
Ақаллан н-омадӣ як дам ба наздам,
Фирист оҳиста сӯям дафтаратро,
Нагардам то ки ман дар синф мулзам».
Диҳанд онҳо ба ҳам пайваста «ёрӣ»,
Ҳамин сон ҳафтаҳою моҳҳо ҳам.
Валекин ҳеч чизеро зи ҳар дарс
Намедонанд Раъноҷону Хуррам.
НОНРО АЗИЗ ДОРЕД
Нон аз қадим айём,
Бар халқи мо азиз аст.
Бо нон хӯранд савганд,
Нон тоҷи ҷумла чиз аст.
Дар солҳои душвор,
Бар як буридаи нон
Буданд баччагон зор,
Доданд одамон ҷон.
Ин бачча, ки надидаст
Он рӯзҳои қаттол,
Имрӯз бозӣ дорад,
Бо нон чу тӯби футбол.
Ҳаст ин мақол машҳур,
Ибрат ту ҳам аз он гир:
Нонро касе кунад хор,
Худ хор гардад охир.
СОАТИ ЗАНГӮЛАДОР
Ҳар саҳар аз хоб Мошон
Хезад пеш аз Гулнорҷон,
Дасту рӯяшро шӯяд
Доим бо оби даҳон.
Баъд мияв-мияв кунад,
Ҳар сӯ таку дав кунад.
Омада назди Гулнор
Наҳорӣ талаб кунад.
Ҷуз пишак дорад Гулнор
Соати зангӯладор.
Бо навбат онҳо ӯро
Намоянд аз хоб бедор.
Соатро ба ҳафт агар
Намояд рост модар,
Дар соати шаш Мошон
Сурудхонӣ кунад сар.
Аз ин мағали бисёр
Гулнор шудаст безор.
Аз ду якеро фардо
Мебарад ӯ ба бозор.
ДИЁРИ МАН
Осмони кабуд,
Кӯҳу дарёю рӯд,
Нағмаи обшор,
Чашми сабзи баҳор,
Гиряҳои саҳоб,
Хандаи офтоб,
Пистаю норван,
Лолаю настаран,
Қақраи кабки маст,
Ҷилваи нуру бахт,
Ҳусну фахру сафо,
Нозу меҳру вафо,
Акси тиру камон
Дар рухи одамон, –
Ин диёри ман аст,
Пуду тори ман аст.
САВЛАТХӮҶА
Ҳар рӯз мо нав-нав китоб
Бинем дар дасти Назар,
Савлат намуда бигзарад
Аз пеши ҳар як раҳгузар.
Лекин ба хона чун расад,
Монад вай онҳоро ба раф,
Дигар нагирад то пагоҳ
Асло китоберо ба каф.
Пурсед агар: – Гайдар кӣ буд?
Гӯяд, ки номи як асар!
– «Дохунда»-чӣ?
– «Дохунда»-мӣ?
– «Дохунда» –
шеъри Миршакар!»
БАРРАЧАИ МАН
Ба ман як баррача овард
Дадоям дина аз бозор,
Бишуд дар хонаи мо ёфт
Барои ман ҳам акнун кор.
Зи тахта сохтам ман зуд
Барояш гармакак оғил,
Намудам нарм зерашро,
Касе бинад, шавад қоил.
Диҳам баргу алаф, ҳам нон
Ба вай ҳар рӯз чандин бор,
Чу гардад сер, бо бозӣ
Давад вай бар лаби ҷӯйбор.
Кунун ин барраи зебо,
Чунон гаштаст бо ман ром,
Ки бе ман як худаш асло,
Намеистад даме ором.
Агар баргардам аз мактаб,
Ба истиқболи ман тозад.
Садоямро ҳамеша вай
Зи ҷои дур бишносад.
Калонтар чун шавад, баҳраш
Бисозам оғили нав ман,
Барам, албатта, онро баъд
Ба виставка, ба Маскав ман!
АЛЛА
Сарвинози ҷонона,
Алла мекунӣ ё на?
Кардаст алла хоҳарат,
Кардаст алла додарат,
Мусичет алла кардаст,
Бузичет алла кардаст,
Зочаат алла кардаст,
Очаат алла кардаст.
Ту ҳам хоб кун, Сарвиноз,
Умракат шавад дароз.
ШАШТО УКОЧА ДОРАМ
Шашто укоча дорам,
Аз ин сабаб пуркорам.
Диҳам ба онҳо ёрӣ,
Канӣ вақти сархорӣ?
Ба лӯхтаки Сарвиноз
Медӯзем куртаи соз.
Ба Ҷамшеду ба Дилшод
Хонданро медиҳам ёд.
Оварам ба Ҷаҳонгир
Аз дӯкон ҷурғоту шир.
Афсона гӯям шабҳо
Ба Мамлакату Шаҳло.
Шашто укоча дорам,
Аз ин сабаб серкорам.
Диҳам ба онҳо ёрӣ,
Канӣ вақти сархорӣ?
МЕЪМОРБАЧАҲО
Бачаҳо рӯзи дароз
Ҳар сӯ карда даву тоз,
Дар соҳили нарми баҳр
Бино карданд як шаҳр.
Шаҳри чандон калон не,
Аз оҳану бетон не.
Шаҳри пур аз офтоб,
Масолеҳаш – регу об.
Иморатҳояш баланд,
Боғу роғаш дилписанд.
Қад кашида ҳар манор
Бо усули нотакрор.
Дида онро ҳар одам
Мешавад шоду хуррам.
Вале ин шаҳри хуштарҳ
Напоид дер.
Оби баҳр
Лаб зада нобаҳангом
Фурӯ бурд онро ба ком.
Меъморбачаҳо аз нав
Ният доранд, даррав
Созанд шаҳри дигар,
Дар як ҷои бехатар.
БОБО ВА НАБЕРА
Баъди тамошои ҷаҳоннамо
Бобо даромад ба хонаи хоб.
Ба наберааш бо лаҳни бурро
Қиссаеро хонд аз рӯи китоб.
Набера афтода ба печу тоб,
– Нафаҳмидам ман, – гуфто бо шеван, –
Бобоҷон, набошад дар чашмам хоб,
Бори дигар хонед онро ба ман.
– Ҷонакам, – сарам даромад ба дард,
Нафасамро андак намоям рост, –
Гуфто пирамард. – Он гаҳ бароят
Мехонам онро бе каму бе кост.
Бо ҳайрат карда ба бобо назар,
Набера гуфто ба ӯ бо лабханд:
– Китобро намехонанд бо сар,
Китобро бо забон мехонанд.
ГУЛИ ҚОҚУ
Ман аз лаби ҷӯ
Бикандам қоқу.
Чун поҳои ғоз
Поҳояш дароз.
Дар сараш кулоҳ,
Сабук мисли коҳ.
Пас бо чолокӣ
Ба зери тоқӣ
Мондам онро шод,
Лек омада бод,
Ба монанди дузд
Кулоҳашро бурд.
ЭРКАТУЛФОР
Дар вақти хӯрок Наврӯз
Доим кунад нозу нуз:
– Ман шӯрбо намехӯрам!
– Ман угро намехӯрам!
Ба ман шавла биёред.
Ба ман қайла биёред.
Чун шавла шавад тайёр,
Чун қайла шавад тайёр,
Бурма намуда рухсор,
Аз нав кунад вай такрор:
– Ба ман шавла даркор нест.
– Ба ман қайла даркор нест.
– Хурмо мехоҳад дилам.
– Ҳалво мехоҳад дилам.
– Ӯмоч мехоҳад дилам.
– Кӯмоч мехоҳад дилам!
Ҳамин хел ӯ ҳар саҳар
Хоҳад хӯроки дигар.
Аспи нозро зин кунад,
Модарро ғамгин кунад.
Магар дар байни шумо
Нестанд ин хел баччаҳо?
Шеърҳо ва расмҳо аз чанд китоби шоир.
Баргирифта аз саҳифаи “Адибони тоҷик ва дӯстдорони ададб”-и Фейсбук, ки бо талоши шоири хубамон Исфандиёри Назар ҷой гирифтаанд.