Намоиши хӯрокҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Китобхонаи миллӣ

   Дирӯз дар ҳошияи Нуҳумин намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ низ баргузор шуд. Меҳмонон қабл аз он ки ба намоиши китоб раванд, сари роҳ бо ҳунарҳои мардумӣ ошно шуданд.

   Саҳни бинои Китобхонаи миллӣ ва зинаҳои ошёнаи дуюми даромадгоҳи асосӣ ба таври идона бо банерҳо, намоиши ҳунарҳои эҷодии бонувони Китобхонаи миллӣ,  намоиши таомҳои миллӣ, намоиши сангҳои қимматбаҳои ҶДММ-и «Рухом», гулҳо расмҳо ва панду андарзҳо дар васфи китобу китобхонӣ оро дода шудаанд.

    Дар саҳни ҳавли мизу курсиҳо ба таври нимдоира гузошта шуда, дар болои мизҳо гулу обҳои нўшокӣ гузошта шудаанд. Гулдухтарони Китобхонаи миллӣ бо либосҳои зебову шинами миллӣ аз ду тарафи саҳна меҳмононро пазироӣ намуданд.

   Шуъбаҳои Китобхонаи миллӣ дастаҷамъона барои омода намудани намоиши хӯрокҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ муваззаф гардида буданд.

   Таъомҳои миллии мардуми тоҷик дар қисмати чапи саҳни бинои Китобхона рӯйи мизи калон бо як шукуҳу шаҳомати хоси тоҷикона ороста гардида буд. Руйи дастархон таомҳои миллӣ: шакароб, қурутоб, ордбирён, (дар баъзе маҳалҳо онро гардсӯз мегуянд), ширкаду, ширбиринҷ, мошкичирӣ, ҳалвои ширину ҳалвои қандак, самбусаҳои кадугӣ ва гӯштӣ, фатири қадқаду фатирҳои равғанин, нону кулчаҳои зебову болаззат, кулчақанду меваву сабзавотҳои тару тоза бо ороишот дар дохили сабад, густурда буд.

   Дар қисмати дасти чапи бино сӯзаниҳои зебои қадима ва замонавӣ бо ҳисоби 30 адад, болишту кӯрпачаҳои  тоҷикӣ, табақу кӯзаҳои қадимаи гилӣ, гаҳвора ва либосҳои сирф миллӣ, аз қабили атласу чакан ва ҷомаву тоқиҳои зебои зарбофти занона ва мардона ба намоиш гузошта шуда буданд.

   Чорабинӣ бо шукӯҳу шахомати хос ба итмом расид.

  Фарзонаи МИРЗО

Суратгир: Хусрави МИЛОД