Аслиддин Низомӣ: Таърихи мусикии тоҷик

Тамаддунҳо садо дорад ва ин садои онҳо аз қаъри асрҳо то ба замони мо маҳз тавассути оҳангу таронаҳои асил, навҳаву сўгвориҳо, қиссаву достонҳо омада расидаанд. Нолаи умедворонаи модари тоҷик дар сари гаҳвора, захмаи устоди танбўрӣ, нохунзаниҳои пурпечутоби думбранавози кўҳистонӣ, навои хазинаи найи чўпонӣ, наърҳои карнай ва ғулғулаи нигораҳои базмӣ, суруди «Ёр –ёр» –и тўйҳои арўсӣ, фарёди шабонгаҳи марди хирманкўб, нидои баландовози фалакхониҳо, тамкину сабурии авҷҳои Шашмақом –ин ҳама садои тамаддуни мост, ки дар ҳар гардишу фуроварди онҳо садҳо варақ ахбори ниҳонии таърих сабт гардидаанд.

 Ин навоҳо ба мо аз гузашта дурру дароз, пурҳашамат ва пур аз комёбиву азиятҳо, давлатсозиҳову таназулҳо, аз фарозу нишеби роҳи таи чандин ҳазор сол тай намудаи миллати тоҷик муфассал дарак медиҳанд.

Дар навои дутор ва овози марғуладори устоди Гўрўғлӣ қиссаҳои душвори ватандорӣ ва корнамоиҳои паҳлавонони шуҷоатманд баҳри ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодӣ инъикос карда шудаанд. Фалакхониҳо –таҷассуми эҳсоси бузургии мутлақи осмону замин, асрори ошкорнашавандаи азал ва қисмати ноаёни Инсон ба шумор мераванд ва зимни эҷоди ҳазорон байту рубоиву бо нолаҳои дилхарош сароидани онҳо, аҷдодони мо ҷаҳонбинии амиқ ва тафаккури олии зебошиносии хешро ифода мекарданд.

Дар ниҳоди халқи фарҳангофарини тоҷик ҳар як падидаи нозуки табиат, ҳар як лаҳзаи рўйдодҳои таърих, ҳар як иқдоми фарзанди инсон ҳатман дар кўчактарин шаклҳои бадеӣ – байту рубоӣ, таронаву суруди оддӣ фавран таҷассуми бадеӣ пайдо мекарданд. Надонистани асрори азал, нотавонӣ ва кўчакии фарзанди Одам дар баробари қудрати илоҳӣ, дар маросимҳои сўгворӣ дар шакли марсияҳо, навҳа, гиря, даргилик, садрравӣ, фиғон, муноҷот, наъл, маддоӣ ва даҳо дигар намунаҳои мусиқии халқӣ бо рамзҳои олии бадеӣ ифода карда мешуданд ва бо ҳамин гўё тафаккури фитрии халқ ба ҳаракат меомад ва пайваста дар ҷаҳди ифшои сабабу оқибати ҳастӣ қарор дошт.

Таърихи ҳар як халқу миллатҳоро бидуни кашфи ҳамаҷонибаи падидаҳои тамаддуни он омўхтан ё худ шинохтан ғайриимкон аст. Дар ҷараёни бунёди эҳсоси хештаншиносӣ донистани падида ва хислатҳои тамаддуни аҷдодӣ, эҳё ва азбар намудани беҳтарин намунаҳои он вазифаи олитарини давлат ва ҷомеаи замони нав ба шумор меравад. Дар замони истиқлолият на танҳо шўҳрати сиёсии Тоҷикистон дастраси зеҳну тафаккури аҳли олам гардид, балки кулли падидаҳои ақлонӣ, мероси бузурги илмиву адабӣ, қуръоншиносиву тафсирсозӣ, шеърдониву шеърофаринии халқи тоҷик дар андаке муддат ба фазои маънавии ҷаҳони мутамаддин дар шакли комил ва бо суроғаи дақиқ ворид гардиданд.

Китоби “Таърихи мусиқии халқи тоҷик” ба рўзгори пурғановат ва пурталотуми маданият ва ҳунари мусиқии халқи тоҷик – аз давраҳои қадимтарин то замони муосир (аввли асри 20) бахшида шудааст. Муаллиф бо такя ба сарчашмаҳои зиёди таърихӣ (хусусан –дастхатҳои бахшида ба мусиқӣ ва Самоъ) кўшиш намудааст, ки нақши ҳунар ва илми мусиқиро дар таърихи зиндагии халқи фарҳангофарини тоҷик рўи варақ биёрад.

Китоб барои устодон ва донишҷўёни донишкада ва колеҷҳои санъат, фарҳангшиносон, адабиётшиносон, муаррихон ва доираи васеи хонандагон пешниҳод карда шудааст.

Хонандагони гиромӣ! Шумо метавонед китоби мазкурро аз толори хониши шуъбаи кўдакон ва наврасон дастрас ва мутолиа намоед.

Фирўза Раҳимова,

мутахассиси  пешбари шуъбаи

кўдакон ва наврасон