Бозор Собир: Есенинро бо шўру шавқ тарҷума мекунам
Шоири ватансарои тоҷик Бозор Собир тўли нимаи дуввуми солҳои асри гузашта ашъори шоирони маъруфи хориҷиро аз қабили Абай, Ҷорҷ Байрон, Апполиннер Гийом, Пабло Неруда, Расул Ғамзатов, А.А. Пушкин, А.А. Фет, Сергей Есенин, Сергей Граховский, Семён Липкин, Хосе Рисал ва дигаронро тарҷума намудааст, ки дар адабиёти муосири тоҷик дар самти тарҷумаи бадеӣ намунаи беҳтарини тарҷумаҳо ба шумор мераванд. Таҳлилу баррасиҳои тарҷумаҳо нишон доданд, ки арзиши бадеии ин тарҷумаҳо аз ашъори худи Бозор Собир камтар набуда, шоир бо тарҷумаҳои худ дар адабиёти муосири тоҷик мактаби нави тарҷумониро ба вуҷуд овардааст. Дар баробари муваффақ шудан дар тарҷумаи ашъори шоирони хориҷӣ аз онҳо таъсири хубе низ гирифтааст. Махсусан, аз ашъори шоири рус Сергей Есенин.
Барои равшанӣ андохтан ба баъзе паҳлуҳои фаъолияти тарҷумонии Бозор Собир моҳи апрели соли 2016 бо эшон суҳбате анҷом дода будем, ки дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” чоп шуда буд. Дар остонаи солгарди реҳлати шоири дардошно хостем дубора ба ин суҳбат рӯ орем. Андешаи Бозор Собир дар бораи заҳмати тарҷумаву вижагиҳои он ва бардошти ӯ аз мутолиаи осори шоирони миллатҳои дигар омӯзандаанд
- Натиҷаи ҷустуҷўҳо ва гирдовариҳои тарҷумаҳои шумо нишон дод, ки ашъори зиёда аз панҷоҳ адиби хориҷиро тарҷума кардаед. Барои шумо шеър гуфтан осон аст ё тарҷума кардан?
-Агар забони шеърро хуб донем, албатта тарҷума осон аст. Тарҷума чизи тайёр аст, қолабу шакли тайёр аст. Фақат забони онро донӣ, халос. Шеъри асл душвор аст. Дар шеър ҳама чизро худат ҷустуҷў мекунӣ, меёбӣ ва дар як қолаби муайян мерезӣ.
-Шумо бевосита аз забони англисӣ тарҷума кардаед?
-Аз ангилисӣ не. Он вақтҳо забони англисиро намедонистам. Ҳоло каму беш медонам, аммо дигар ҳавсалаи тарҷума кардан ҳам намондааст.
- Мушкили тарҷумаро пеш аз ҳама дар чи мебинед?
- Дар фаҳму дарки он. Агар шеърро хуб дарк кунӣ, тарҷума карда метавонӣ. Ин ҷо забондонӣ низ нақши ҳалкунандаро мебозад.
-Миёни ҳамаи он тарҷумаҳое, ки анҷом додаед, ба назари шумо кадоме аз онҳо беҳтар аст?
-Аз Есенин. Аз Байрон ҳам нағз аст, аммо Байрон аз тоҷикӣ бисёр дур аст, аз рўҳияи шарқӣ дур аст. Тарҷумаи беҳтаринам тарҷумаи ашъори Есенин аст. Есенин рўҳияи шарқӣ дорад. Аз он дида беҳтар нест.
-Аз Фет чӣ? Тарҷумаҳои ашъори ў низ хуб баромадаанд.
- Фет на он қадар маъруф аст, аммо доир ба табиат тасвирҳои хубе дорад. Ў аслан як генерали шикамкалон аст, Толстой навиштааст, ки «это пузатый генерал хорошо пишет» (хандида). Фет аслан шоири тасвиргаро аст, шояд ҳамин чиз сабаб шуда бошад, ки ашъори ўро бе супориш тарҷума кардам.
-Дар мавриди интихоби шеърҳо чанд сухан мегуфтед.
- Ҳамаи он шеърҳоеро, ки тарҷума кардаам, бештарашон супоришӣ буданд, тасодуфӣ буданд, дар даҳаҳои адабиёт ба мо супориш медоданд, мо тарҷума мекардем, аз ин рў баъзеашон на он қадар хуб баромадаанд, бесифатанд.
- Есенинро ҳам бо супориш тарҷума карда будед, ҷойе шунида будам, ки тарҷумаи ашъори ўро бо супориши устод Мирзо Турсунзода анҷом додаед?
- Бале, ин супориши Мирзо Турсунзода буд, аммо Байрон ва Фетро бе супориши касе тарҷума кардаам.
- Аз хама душвор барои шумо тарҷумаи ашъори кӣ буд?
- Аз Уолт Уитмен. Уитмен шоири саноатӣ буд. Ў асосгузори шеъри америкоист. Вақте Амрико аз Англия озод шуд, рў ба саноат овард. То он дам мамлакати аграрӣ буд. Ҳамчун шоири давр ў дар шеъраш аз истилоҳҳои техникӣ зиёд истифода кардааст. Аз ин рў, тарҷумаи ашъори ў бароям душвор буд. Масалан, мо он вақт аз куҷо медонистем, ки калимаи «локоматив» чӣ маъно дорад. Шакли шеъраш низ душвор аст. Шеъри сафед аст, на вазн дорад, на қофия. Шеъри сафед аслан шеъри саноатӣ буд, сипас онро Маяковский инқилобӣ кард. Шеърӣ нимоӣ низ ҳамингуна аст, танҳо он рукн дорад, қофия дорад.
- Аз ҳама осонтар тарҷумаи ашъори кӣ буд?
- Аз Есенин. Есенинро ҳоло ҳам бо шўру шавқ тарҷума мекунам, агар касе бифармояд. Тарҷумаи ашъори ў барои ман душворӣ надорад, зеро ў низ монанди ман дар деҳа калон шудааст.
- Ба назари шумо аз миёни қариб панҷоҳ шоире, ки шумо тарҷума кардаед, аз кадоме бештар баҳра гирифтаед?
-Аз Есенин. Зеро рўҳияи мо бо ҳам наздик аст.
-Аз Фет ҳам баҳра гирфитаед?
-Фет шоири тасвиргаро аст, эҳтимол аз тасвиргароияш баҳра гирифта бошам.
- Аз шоираҳо танҳо аз ашъори Фазу Алиева (шоираи доғистонӣ) тарҷума кардаед. Чаро ашъори шоирони машҳуре ба монанди Анна Ахматова ва Марина Светаеваро тарҷума накардед?
- Он вақтҳо дар даҳаҳои адабиёт шеърҳоро барои тарҷума тақсим мекарданд. Ахматова ва Светаева барин шоирони маъруф ба ман намерасиданд.
- Аз осори мансур тарҷума доред?
- Аз наср якто асар аз Темур Зулфиқоров тарҷума кардам, «Кабки қафас» унвон дорад, асари драмавӣ аст.
- Аз руйи хронология охирин тарҷумаҳое, ки чоп кардаед, тарҷумаи ашъори А.А. Фет ба ҳисоб меравад. Дар чанд соли охир тарҷумаи наве анҷом додаед?
- Не, накардаам, охирин тарҷумаҳоям тарҷумаи ашъори Фет аст. Дигар ҳавсалаи ҷамъ кардани ин тарҷумаҳо ҳам намондааст, агар ҳамон вақт ҳамаашро ҷамъ мекардам, хеле хуб мешуд.
- Устод мо ҳамаи ин тарҷумаҳоро барои таҳлилу баррасии рисола ҷамъоварӣ кардаем. Ва дар нақша ҳам ҳаст, ки онҳоро дар як маҷмўаи алоҳида чоп намоем.
- Шумо худатон ҳамаи ин тарҷумаҳоро ҷамъоварӣ кардаед? Ғайрат кардаед. Тарҷумаҳои анҷомдодаам хеле бисёранд, кори хуб мешавад.
Бознашр аз ҳафтаномаи
“Адабиёт ва санъат”, апрели соли 2016
Мусоҳиб Шоҳбегим Маликшоева
Мутахассиси пешбари Медиатекаи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Намунаи тарҷумаҳои Бозор Собир аз ашъори Серегей Есенин:
Оҳ, ин чӣ шабе! Наметавонам
Осуда кунам ба бистарам хоб.
Гўё, ки ҳанўз ҳам ҷавонам,
Дорам ҳавасе ба ширмаҳтоб.
Маҳбубаи навҷонии ман,
Эй дарду давои кўҳнаи дил,
Бо ёди ту кардааст равшан
Имшаб маҳи пурра хонаи дил.
Афтода вале чу сояи хам,
Дар ҷабҳа ҳазор сояи чин.
Шуд ҳусни ҷавонӣ дар ғамат кам,
Бар ҳусни ҷавониам ту зомин.
Фикри ту ба сар нишастаам боз,
Чашмам ба дарахтҳои урён.
Бо ёди ту медиҳад дил овоз,
Чун хиш-хиши боди баргрезон.
Шояд, ки ту ҳам накардаӣ хоб,
Бар ин шабу маҳ назора дорӣ.
Мекобӣ маро нишаста бетоб
Аз хотираҳои ёдгорӣ.
Ман дар дили ту агар намондам,
Дар синаи ман ту гаштаӣ гум.
Пайванд намешудаст одам,
Шуд манзили мо диёри мардум.
Акнун ба хаёли ишқи дерин,
Ман менигарам ба ширмаҳтоб,
Меҷўямат аз хаёли ғамгин,
Мебинамат аз даричаи хоб.
**** *** ***
Ба сарои падар намеоям,
Соирӣ бурду бурд, дурам бурд.
Ғами талхи маро дар он манзил,
Гар хўрад, шоҳдона хоҳад хурд.
Мон, ки дар марғзори сабзи
падар
Бод хонад таронаҳо аз ёд.
Гули зангўла руста аз пайи ман,
Гоҳ гиряд, гаҳе занад фарёд.
Моҳ шабҳо ба гўшаи бомаш
Бинишинад ба фикри дидани
ман…
Ман агар дар ғарибиҳо монам,
Мекунам аз хаёли деҳа кафан.
Лек ҳар раҳ, ки метавонад бурд,
Низ оварда метавонад боз.
Дар ҷавонӣ ватан надорад кас,
Ватан аз пирӣ мешавад оғоз.
Роҳу бероҳа дар ҷавонӣ як аст,
Лек пирон ба роҳ побанданд.
Роҳҳо тахта-тахта чун тобут,
Мурдаҳои ғариб меоранд.
Нест беҳуда ин масал, ин ҳарф,
К-аз азал халқ мекунад такрор:
Саги оворагарди дайду ҳам,
Рўзи мурдан ба хона ояд зор.
Ғел-ғелон маро ҳам аз дарҳо,
Мекашад хоки деҳаам бар худ.
Як шабе дар канори ҷўйи падар,
Мешавад шоҳдона ашколуд.