Адиби кӯдакнавис, шоираи ширинкалом Латофат Кенҷаева меҳмони толори хониши кӯдакон буд. Ин мулоқот дар дораи барномаи ҳамешагии дидор бо адибони маъруф доир шуд.
Дар чорабинии мазкур зиёда аз 30 нафар хонандагони синфҳои 6-11 аз Литсей- интернати Президентӣ барои бачаҳои болаёкати шаҳри Душанбе иштирок доштанд. Хонандагон асосан ба муаллима аз ҳайёт ва эчодиёташ саволҳо доданд ва посухҳои муфид барои худ дарёфт намуданд.
Чун ин мулоқот дар остонаи ҷашни пуршукуҳи Истиқлолияти давлатӣ сурат мегирифт, адиби маъруф ба хонандагон дар бораи мафҳуми Истиқлолият сухан ронд ва ба онҳо фаҳмонд, ки чаро он барои ҳар кадоми мо бояд муқаддасу арзишманд бошад.
Дар остонаи ин дидор китоби нави адиби соҳибҳунар бо номи “Соҳиббиҳишт” чоп шуда буд ва шоира китоби нави худро ҳамзамон муаррифӣ кард, дар атрофи матолиби дар он чопшуба гуфтугӯ намуд.
Латофат Кенҷаева гуфт, ки китоб аз рӯзгори яке аз занони мубориз ва корманди хизматнишондодаи ҷамъиятиву давлатӣ Низорамоҳ Зарипова ҳикоят мекунад. Муаллиф ба хонандагон дар бораи Низорамоҳ Зарифова маълумот дод ва ӯро ғоибона ба хонандагон ошно кард.
Дар гӯшаи дигари толори хониш намоиши китобҳои дар солҳои гуногун чопшудаи шоираи маъруф ташкил шуда буд, ки хонандагон то мулоқот ва баъди анҷоми он бо ин китобҳо шинос шуданд.