Оғози курсҳои омӯзишӣ барои кормандони ғайритахассусии Китобхона

Рўзи 28-уми июли соли равон дар Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон  барои  18-нафар кормандони китобхона, ки мутахассисони ғайрисоҳавӣ мебошанд, курси такмили ихтисос оид ба омўзиши «Асосоҳои дониши китобдорӣ – иттилоотӣ» оғоз гардид..  Ин курси такмили ихтисос тибқи супориши Директори Китобхона Сайфиддин Назарзода доир шуд. 
Муовини сардори Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллӣ Ю. Мусоев дар оғоз ба зарурати чунин омӯзишҳо таъкид кард, то касоне, ки қаблан таҳсилоти китобдорӣ надоштанд, бо кори китобдорӣ аз наздик ошно шаванд ва як дониши фасеҳи касбӣ дошта бошанд. 
Муовини Директори Китобхона Годобек Маҳмудов, ки солиёни дароз устоди факултаи китобдорӣ буд, машғулиятҳои аввалинро гузаронд. 
Ҳамчунин  доктори илмҳои  таърих С. Муҳиддинов,  номзади илҳои таърих Бўриев Қ, номзади илмҳои педагогӣ Комилзода Ш., номзади илмҳои педагогӣ Холов Б.,  ва сардорони шуъбаву марказҳо ҳамарӯза тибқи низоми аз қабл тарҳрезишуда дар мавзуъҳои гуногун дарс мегӯянд.