Рўй овар бар китобу дониш аз он саҳл гир...

Китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, махзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин, хосса ойинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст. Бо ҳамин далел шоири бузурги форсу тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ китобро “аниси кунҷи танҳоӣ”-ву «фvpyғи субҳи доноӣ» номидааст.

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурғи субии доноӣ китоб аст.

Инсон метавонад ба востаи китоб ба адабиёту фарҳанг, сиёсат иҷтисодиёти мамолики зиёд ошно гашта, ба сайри хаёлии олам барояд.

Таърихи пайдоиши китоб ба пайдоиши хат ва забон, санъат марбут аст. Баъди зуҳури хат одамони кадим имкон пайдо карданд, ки дар рўи санг, чўб, сафол, барги дарахтон, устухонҳо, пўсти ҳайвонот нақш офаранду нависанд. Хулоса, бо мурури замон дар натиҷаи ихтирои коғаз назми нави китобдорӣ ҷорӣ гардид. Акнун ба ҷойи сангу чўб аз қоғаз васеъ истифода мебаранд. Китоб асосан навиштаҷоти варақҳои ҷилдшуда, воситаи интишоргардонӣ ва нигаҳдории маълумот, идея, образ ва донишҳо мебошад. Аввалин дастнависҳо, ки дар Мисри Қадим пайдо шудаанд, ба таърихи ҳазораи то мелод марбутанд.

Барои омўхтани донишу маърифати зиёд бисёртар бояд китоб хонд, зеро манбаи ҳамаи омўзишу донишҳо аз китоб сарчашма мегирад.

Рўй овар бар китобу дониш аз он саҳл гир,
To ба дониш гардӣ машҳури ҷаҳону дилпазир
.

Бале, дониш чароғи ақл аст, ки дидагон аз он равшаниву нур ва дилҳо хушиву сурур мегиранд. Шахси донишманд зинатгарои ҳар анҷуман аст. Агар аз хурдӣ то ба дами марг барои омўхтани илм ва китоб андўхтани дониш камар бандем, саҳве нахоҳад шуд, зеро асоситарин ва беҳтарин амал дар зиндагии инсони асил китоб омўхтан аст. Зеро гуфтаанд:

Зи дониш зинда монӣ ҷовидонӣ,
Зи нодонӣ наёбӣ зиндагонӣ.

Оре, китоб ёр, беҳтарин дўстдору ғамхор нишондиҳандаи ҳаёти осоиштаву мададгори инсон аст. Китоб манбаи ягонаи пайдоиши илму дониш ва фазлу эҳсони инсони комил ба шумор меравад. Агар кас як умр ба мутолиаву омўзиши он машғул бошад, чизеро талаф намедиҳад. Китоб ба инсон беҳтарин розҳо, маълумотҳо ва махазҳои зарурию ҳаётофаринро ҳадя месозад. Китоб беҳтарин ёвар ва маслиҳатгари кас буда, ҳаёту зиндагӣ, кору фаъолият ва донишу масъалаҳои нав ба навро меомўзонад.
Китоб манбаи пайдоиши ҳамаи илмҳову фазлу камоли инсон ба шумор меравад. Китоб аст, ки моро асрорҳои олами ҳастӣ ва нашъунамо меомўзонад.
Китоб аст, ки баробари боз намудани саҳфаи аввалаш дари илму дониш, хираду фарҳангро боз мекунад ва бевосита моро ба олами маънӣ ҳидоят менамояд. Мутолиаи китоб касро бо беҳтарин олами пурасрор, ки ҷаҳонро равшанию нур ва хушию сурур мебахшад, огаҳ месозад. Шахсе, ки пайваста дар мутолиаи китоб мекўшад, дарахти пурсамареро мемонад, ки меваҳои он ҳар лаҳза инсонро ҷон ҳастиву тавон ва имону виҷдон мебахшад. Шахсе, ки ҳамеша дар мутолиа аст, кабўтареро мемонад, ки парвозҳои баланду сазоворро соҳиб аст.

М. Каримов,
Корманди Маркази
такмили ихтисос