Чунин ном дорад китобе, ки ахиран бо талоши собиқадорони соҳаи китобдорӣ Бекназар Аҳмадов ва Ҷўрабой Раҷабов чоп шуд.
Маълумотномаи мазкур иборат аз пешгуфтор, чор фасл ва рӯйхати сарчашмаҳо иборат буда, муаллифон талош кардаанд хонандаро ба олами аҷоиботи китоб, сайру такомули ин василаи муҳими такомули инсоният аз наздик шинос намоянд.
Пӯшида нест, ки мақоми китоб дар фарҳанги мардуми тоҷик хеле бузург аст. Муаллифон дар муқаддима менависанд: “Фарҳанг ҳастии имллат аст ва китоб яке аз рукнҳои он мебошад. Зеро тавассути китоб мо бо таъриху иқтисодиёт, илму техника, фарҳангу ҳунари гузаштаю имрўзаи мардуми тоҷик аз наздик шинос мешавем ва онҳоро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳем.
Имрўз ин дурдонаҳо дар беш аз шаш ҳазор китобхонаҳои соҳавии хурду бузурги кишварамон нигаҳдорӣ мешаванду аз онҳо ҷомеаи тоҷикон ва тоҷикистониён истифода карда метавонанд”.
Ҳамчуноне ишора рафт, маълумотнома аз чор фасл - «Пайдоиши хат, қалам, китоб ва масолеҳи хаттотию осори аҷоиб», «Дастхатҳои беназир, хаттотон ва саҳҳофони гулдаст», «Нашрияҳои чопӣ” ва «Китобхонаҳо сарватҳои бузурги маънавӣ» таркиб ёфтааст ва ҳар кадом мавзуъро хеле муфассал ва ҳамаҷониба ба таҳлил кашидаанд.
Китби мазкур дастури хубест барои касоне, ки мехҳанд дар бораи таърихи китоб ва китобхона маълумот пайдо кунанд.