Тақозои замон аст, ки китобдорон малакаҳои касбии худро такмил диҳанд

Масъалаи омода намудани мутахассисони лаёқатманди соҳаи китобдорӣ дар шароити кунунӣ воқен, омили муҳим ба ҳисоб меравад. Зеро  баланд бардоштани касбияти китобдорон дар шароити босуръат  зиёд шудани иттилоот, тайёр намудани мутахассисони касбӣ ҷавобгӯ ба замони имрӯза хеле муҳим аст .

Маркази такмили ихтисос яке аз сохторҳои Китобхонаи миллӣ буда дар тайёр кардан, такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣ саҳми арзанда дорад. Ҳамзамон Маркази такмили ихтисоси китобхона аз рӯи якчанд барномаи таълими курсҳои такмили ихтисос бозомӯзиро оғоз намудааст, ки аллакай як қатор мутахассисони ғайрисоҳавии кормандони китобхонаҳои давлатӣ, илмӣ-оммавӣ, китобхонаҳои макотиби олии кишвар аз ин омӯзишҳо баҳравар шудаанд.

Тибқи он барномаҳои таълимие, ки дар Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллӣ тайёр карда шудааст, пеш аз ҳама омӯзиши донишҳои компютерӣ, фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ, асосҳои лоиҳасозӣ, курси омўзиши “феҳристнависӣ” ва се барномаи дигар «такмили ихтисоси китобдорони навомўз», «такмили ихтисоси китобдорон барои мутахассисон»; «такмили ихтисоси китобдорон барои роҳбарони китобхонаҳо» мебошад, ки аз ҳамин сол оғоз меёбад. Ҳамаи ин барномаҳо дар ҳаҷми то 72 соат омода карда шудааст.   

Ҳоло дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон  27-шуъба, 5-Марказ ва 8- бахш фаъолият мекунад. Ҳамасола кормандони он  ва китобдорони китобхонаҳои ҷумҳурӣ ихтисоси худро дар Марказ такмил медиҳанд.

Ҳангоми таҳсил шунавандагони давраҳои омӯзишӣ ба баланд бардоштани дараҷаи тахассусӣ машғул шуда, дониш ва малакаи хешро  оид ба масоили китобдорӣ инкишоф медиҳанд.

Дар маҷмӯъ масъалаи омода намудани мутахассисони лаёқатманди соҳаи китобдорӣ дар шароити кунунӣ воқен, омили муҳим ба ҳисоб меравад. Зеро  баланд бардоштани касбияти китобдорон дар шароити босуръат  зиёд шудани иттилоот, тайёр намудани мутахассисони касбӣ ҷавобгӯ ба замони имрӯза хеле муҳим аст .

Маркази такмили ихтисос пайваста ба Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, факултаи такмили ихтисоси Донишкадаи фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода ва Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ ҳамкорӣ дошта, аз таҷрибаи бойи онҳо дар фаъолиятии кории худ истифода мебарад.

Ба кормандони Китобхонаи миллӣ ва китобхонаҳои ҷумҳурӣ пас аз омўхтани барномаи курсҳои таълимии касбӣ (бо равия тахассус) ва бомуваффақият супоридани санҷиши ҷамъбастӣ бо иштироки роҳбарияти Китобхона шаҳодатномаи намунаи давлатӣ оид ба такмили ихтисос супурда мешавад.

Муҳаммадшариф Каримов,
Сардори Маркази
такмили ихтисос
и Китобхонаи миллӣ

Барчаспҳо: