Муаррифии китоб: “Фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон. Китоби VIII»
Нашр шуд 2020-11-16 17:00
Маҷмўъаи «Фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон. Китоби VIII» барои васеъгардонии дониши назарӣ,амалӣ ва методии кормандон пешбинӣ гардида,ба доираи васеи эҳтиёҷмандон, аз ҷумла, ба муҳаққиқону мутахассисон, омўзгорону донишҷўён ва худомўзони риштаи китобдорӣ таълиф шудааст.
Дар сарсухани китоб омада:
«Фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон: Китоби VIII” аз пешгуфтор ва 4 фасл иборат буда, дар ҳар яки он мақолаҳои муҳаққиқон вобаста ба мавзўъ интихоб ва ҷобаҷо карда шудааст. Дар пешгуфтор оид ба сохтори китоб ва фаслҳои он маълумоти мухтасар дода шудааст. Маҳаки асосии интихоби мақолаҳо дар маҷмўа, пеш аз ҳама, замонавият ва муҳиммияти мавзўи мавриди таҳқиқ ва мазмуну муҳтавои он мутобиқ ба рушди минбаъдаи соҳа нигаронида шудааст, ки дар саҳафоти он на танҳо осори олимону муҳаққиқони шинохта, балки мутахассисони ҷавоне, ки нав қадам ба кори таҳқиқот гузоштаанд инъикос ёбад, ҳамзамон аз таҳқиқоти ҷолиби муҳаққиқони хориҷа низ мақолот пешкаш гардидааст.
Фасли аввали маҷмўа «Татбиқи равандҳои инноватсионӣ дар фаъолияти китобдорӣ» 14 мақоларо ба забонҳои тоҷикиву русӣ аз таҳқиқотҳои ҷолиби муҳаққиқони ватанию хориҷӣ манзур менамояд.
Фасли дуюми маҷмўа чун анъана ба масоили «Китобхонашиносӣ» бахшида шудааст. Дар он се мақола, аз ҷумла мақолаи муҳаққиқи варзидаи соҳаи адабиётшиносӣ бахшида ба мавзўи «Ҷомӣ – шоири донишгарой ва китобситой», «Вақт ва китоб: Чиров ва кай бояд хонд?» ва «Самтҳои асосии ҷалби кўдакону наврасон ба хониш дар кишвар» таҳқиқотҳои ҷолиб манзур гардидааст.
Фасли сеюми маҷмўа таҳти унвони «Китобхонашиносӣ» бахшида ба масоили мубрами китобхонаҳо 9 мақоларо дар бар мегирад, ки аз он ҳафт мақолаи муҳаққиқони ватанӣ ва 2 мақолаи муҳаққиқони хориҷӣ мебошанд.
Дар фасли чоруми маҷмўа «Библиографияшиносӣ» 13 мақолаи гуногуни олимон ва мутахассисони соҳавӣ бахшида ба таърих, назария, услуб ва амалияи библиографияи тоҷикро фаро гирифтааст.
Дар фасли панҷум се меҳрномаи устодону ҳамкорон бахшида ба ҷашни мавлуди муссаннифи маҷмўа манзури хонанда гардидаанд.
«Фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон: Китоби VIII”-ро ниёзмандон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.
Таҳияи Мавзуна Назарова,
сармутахассиси Маркази такмили ихтисос.