Доктор Парвиз Нотили Хонларӣ: профессори ифтихории Тоҷикистон

Доктор Парвиз Нотили Хонларӣ дар ду сафари кутоҳе, ки ба Тоҷикистон дошт, чун олими нуктасанҷ ва адиби тавоно муаррифӣ шуд. Суханрониҳояш дар ду ҳамоиши адабӣ ва саҳмаш дар талиғи адабиёти тоҷик дар Эрон боис шуд, ки профессори фахрии Донишгоҳи давлатиии Тоҷикистон ба номи Ленин (ҳоло ДМТ) бошад. Солҳост, ки тарки олам карда, вале ёдҳои хуше аз ӯ ҳамоно боқист.

Адабиётшиноси  эронӣ  Парвиз  Нотили  Хонларӣ   соли  1913  дар  шаҳри  Теҳрон  таввалуд шудааст. Баъди  хатми  мактаби  олӣ   чанде дар мактабҳои  миёнаи  Рашт  ва  Теҳрон  муаллим  буд.  Фаъолияти илмию адабии Хонларӣ серсоҳа буда, масъалаҳои  гуногуни  шеъри  форсӣ-тоҷикӣ,  адабиёти  муосири  форсӣ,  забон  ва  тамаддуни  гузаштаи  халқҳои  эрониро  фаро  гирифтааст.

Дар монография ва мақолаҳои ў – «Шеър ва ҳунар»,  «Забоншиносӣ  ва  забони  форсӣ», «Таърихи забони  форсӣ»  (ду  ҷилд),  «Вомиқ  ва  Азро»-и  Унсўрӣ  ва   «Шоҳнома»-и  Фирдавсӣ,  «Пасту  баландиҳои  шеъри  нав»,  «Вазни  шеъри  форсӣ»,  «Таҳқиқи  интиқодӣ  дар  арўзи  форсӣ»  ҷиҳатҳои  мухталифи  адабиётшиносӣ,  нақди  адабӣ,  таърихи  забону  забоншиносӣ  ва  эҷодиёти  шоирони  бузурги  форс-тоҷик  мавриди  тадқиқ  қарор  гирифтаанд. 

Хонларӣ бо ҳамроҳи Зебеҳуллоҳи Сафо зери унвони  «Шоҳкориҳои  форсӣ»  як силсила  асару  достонҳои  маъруф – «Чаҳор  мақола»-и  Низомии  Арўзии  Самарқандӣ,  «Рустам  ва  Сўҳроб»-и  Фирдавсӣ,  «Сафарнома»-и  Носири  Хисрав  ва  ғайраро  ба  чоп  ҳозир  намудааст. 

Хонларӣ  инчунин  шоир  аст  (маҷмуаи  «Моҳ  дар  мурдоб»).  Хонларӣ  нашри  жанри  «Сухан»-ро  (1943-79)  ба  роҳ  монда,  дар  тарғиби  адабиёти  мутараққии  Эрон ва инкишофи  равобити  илмию  адабӣ  бо  дигар  кишварҳо,  аз  ҷумла, Иттиҳоди Шӯравӣ ҳиссаи  калон   гузоштааст.

Хонларӣ ду бор  ба Тоҷикистон омада,  дар  Симпозиуми  шеъри  форсӣ  (1967)  ва  ҷашни  650- солагии  зодрўзи  Ҳофизи Шерозӣ  (1975)  сўханронӣ  кардааст. 

Баъзе  мақолаю  шеърҳои  Хонларӣ  ба  забонҳои  русӣ ва ўзбекӣ  чоп  шудаанд.

Доктор ва профессори фахрии Донишгоҳи давлатиии Тоҷикистон ба номи Ленин (ҳоло ДМТ) буд.   

Бозчоп аз Энсиклопедияи  советии тоҷик. – Душанбе, 1988. – Ҷ.8. – С. 15.

Муалиф: Ф. Наҷмонов

Дар Китобхонаи миллӣ аз Павиз Нотили Хонларӣ ин абётро метавон пайдо ва мутолиа намуд:

Моҳ  дар  мурдоб;  Нағмаи  гумшуда: Рўзҳои  мурда:  Шеърҳои эронӣ //  Ҳақиқати  Ўзбекистон. – 1967. – 14 декабр.

Танҳо:  Шеъри  эронӣ // Комсомоли  Тоҷикистон. – 1967. – 13  декабр.

Мактубе  ба  Теҳрон:  Шеър // Садои  Шарқ. – 1968. – №2. – С. 46.

Се  калима  дар  шеъри Ҳофиз:  Таасуроти  раиси  Бунёди  Фарҳанги  Эрон  аз  сафари Тоҷикистон,  иштирокчии  ҷашни  650-солагии  Ҳофизи  Шерозӣ // Садои  Шарқ. – 1971. – №8. – С. 46.

Аз  шаҳри  Ҳофиз  то  диёри  Рўдакӣ:  Таасавуроти  адабиётшиноси  Эрон  дар  бораи  Тоҷикистон // Маориф  ва  маданият. – 1971. – 2 сентябр.

Доктори  ифтихорӣ:  Додани  Унвони  доктори  ифтихорӣ  ба  олим  ва  шоири  маъруфи  Эрон  Парвиз  Нотили  Хонларӣ  аз  тарафи  Шўрои  илмии  Унверистети  Давлатии  Тоҷикистон  ба  номи  В.И. Ленин //  Садои  Шарқ. – 1971. – №7. – С.158.

Аз  шаҳри  Ҳофиз  то  диёри  Рўдакӣ // Зарафшон,  1972. – 3-4 январ.

Рўзҳои мурда:  Шеър // Садои  Шарқ. – 1972. – №2. – С. 112-114.   

Адиби  забардаст  ва  ҳунарманд // Ёдбуди  Лоҳутӣ. – Душанбе,  1974. – С. 74.

Раҷаб, У. Аз  роҳи дўстӣ:  Доир  ба  сафари  олими  номӣ  Президенти  Академияи  адабиёт  ва  ҳунарии Эрон Парвиз  Нотили  Хонларӣ  ба  Тоҷикистон // Маориф  ва  маданият. – 1974. – 14  март.

Таҳияи  Меҳрангез Ғуломова
корманди шуъбаи
библиографияи милл
ӣ