Бо ташаббуси шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбони Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили навбатии “Ганҷи сухан” ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бахшида шуд ва он чунин унвон дошт: “Ҷавонон нерӯи пешбарандаи ҷомеа”.
Салима Раҷабова, ҷонишини Директори Китобхонаи миллӣ дар суханони ифтитоҳии худ аз нақши ҷавонон дар рушди ҷомеаи кишвар ҳарф зад. Вай гуфт, ки ҷавонон бидуни шак неруи созандаи ҷомеа ба шумор мераванд ва имрӯз хушем, ки метавонем аз корномаҳои онҳо дар арсаи созандагӣ ҳарфи хуш бигӯем.
Салима Раҷабова ба ҳозирон муроҷиат кард ва гуфт: “Шумо, ҷавонони ватандўсту ватанпарвар, матину қавиирода ва далеру шуҷоъ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ғайратмандона фаъолият намуда, дар пешрафти мамлакат ҳиссаи муносиб мегузоред, барои ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон софдилона хизмат мекунед, марзу буми сарзамини аҷдодӣ ва амнияту оромии давлатро содиқона ҳифз менамоед ва бо донишҳои муосири худ ҳамчун мутахассисони оянда ба хотири тараққиёти кишварамон саҳми арзишманд мегузоред”.
Варзишкори маъруф, ҷоизадори бозиҳои Олимпии Лондон 2012, сардори шуъбаи варзиши Кумитаи Олимпии Тоҷикистон Мавзуна Чориева суханронӣ кард ва дар бораи рушди варзиш дар кишвар ва саҳми ҷавонон дар он изҳори назар намуд. Бонуи варзишкор аз рӯзҳои аввали ба зинаи варзиш по ниҳоданаш то ба ин муваффақиятҳо ноил гардиданаш ба иштирокчиён суҳбат намуд. Ин маҳфил суҳбати оддӣ ва самимӣ бо ин бонуи варзишкор буд. Суолҳо аз ҷониби аъзоёни фаъоли шуъба хеле самимӣ ва бо эҳсос буданд.
Қисмати дуюми чорабинӣ фарҳангӣ буд. Ҷавонон, аз ҷумлаи афроди дорои имкониятҳои маҳдуд ҳунарнамоӣ карданд. Онҳо нишон доданд, ки ҳар инсоне, ки мехоҳад ва талош мекунад, метаовнад ҳунарманди хуб бошад.
Дар ин маҳфил ҳамчунин сарояндаи ҷавони хушовоз Хайёми Хаёлбек ва хонандаи фаъоли шуъба бо сурудҳои тозаэҷоди хеш хотири ҳозиринро шод намуданд.
Фарзонаи МИРЗО