Китобдори ҷанговар, шахсе, ки корномаҳояш дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо чандин ордену медалҳо қадр шуда. Ва баъди бозгашт ҳам дар арсаи кор корномаҳои дигар дошт. Аввалин китобдоре, ки соли 1957 бо унвони фахрии «Китобхоначии хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон» таҳти рақами 1 сарфароз гардидааст. Шинос шавед: Суяр Иброҳимов!
Моҳи январи соли 1910 таваллуд шудааст. Мактаби ФЗЧ-и назди фабрикаи ба номи Степан Халтурини шаҳри Ленинград (1930-1933) ва Донишкадаи педагогии шаҳри Сталинободро (1960) хатм кардааст. То сар задани Ҷанги Бузурги Ватанӣ мудири шуъбаи пионерони КМ ЛКСМ-и Тоҷикистон, сардори яке аз раёсатҳои Комиссариати Халқии Маорифи Тоҷикистон, директории Палатаи ҷумҳуриявии китобҳо буд.
Аз ибтидои соли 1942 то моҳи декабри соли 1946 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи СССР хизмат мекард. Дар озод кардани шаҳрҳои Сталинград, Ворошиловград, Донбас, Краснодон ва чандин шаҳру ноҳияҳои дигар аз фашизм иштирок намудааст. Инструктори шуъбаи сиёсии фронти 3-уми Украина (1943-1944), котиби ташкилоти партиявии Эвакогоспитали марказии фронти дуввуми Украина (шаҳри Белтсии Молдавия) буд.
Корномаҳояш бо орденҳои Байрақи Сурхи ҷангӣ, Ҷанги Ватании дараҷаи 1, ду ордени Ситораи Сурх ва бисёр медалҳо қадр шудааст.
Юаъди бозгашт аз ҷанг солҳои 1946-1973 директори Палатаи ҷумҳуриявии китобҳо, солҳои 1974-1988 вазифаи методисти курсҳои ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони фарҳангро ба ўҳда дошт.
Суяр Иброҳимов қариб сӣ сол дар ҷамъоварӣ ва ҳифз намудани захираи Палатаи китобҳо, тартиб додан ва таҳрири «Солномаи матбуоти Тоҷикистон» саҳм гирифтааст.
Ў аввалин китобдорест, ки соли 1957 бо унвони фахрии «Китобхоначии хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон» таҳти рақами 1 сарфароз гардидааст.
Бозчоп: Коршиносони китобхонаи миллӣ. – Душанбе.
– Эҷод. – 2006. – С. 17-18. Муаллиф: Б. Аҳмадов
Аз Суяр Иброҳимов ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин матолибро метавон хонд:
Докладная записка директора книжной палаты в Министерство культуры Таджикской ССР о развитии книгоиздания и учетно-регистрационной библиографии в Таджикистане // Истории культурного строительства в Таджикистане. 1941-1960гг. – Душанбе, 1972. – Т. 2. – С. 479-484.
Книжная палата Таджикской ССР // Сорок лет советской государственной библиогрфии (1920-1960). – Москва, 1960. – С. 172.
Книга идет к народу // Коммунист Таджикистана. – 1959. – 10 октябр.
В книжной палате республики // Коммунист Таджикистана. – 1960. – 13 декабр.
Дар борааш:
Пономаренко, В. Экспедиция в молодость: Суяра Ибрагимова // Коммунист Таджикистана. – 1976. – 3 декабр.
Юсуфов, М. Рамзгар: Оид ба корномаҳои ҷангии Суяр Иброҳимов (солҳои 1941-1945) // Комсомоли Тоҷикистон. – 1984. – 18 ноябр.
Қарзи фарзандӣ: Баъди чиҳил сол ба Суяр Иброҳимов супоридани дувумин ордени Ситораи Сурх // Адабиёт ва санъат. – 1985. – 28 феврал.
Иркаева, М. Чем день заполнен: Суяра Ибрагимова // Коммунист Таджикистана. – 1990. – 17 апрел.
Таҳияи Ҳусния Назарова
корманди шуъбаи
библиогрфияи миллӣ