Дю Рие (Andre Du Ryer) Андрэ соли 1580 дар Марсини ба дунё омадааст. Дипломат, тарҷумон ва шарқшиноси фаронсавӣ. Дю Рие дар асри 17 адабиёти форсиро дар Ғарб муаррифӣ кардааст. Ў дар ибтидо консули давлати Фаронса дар Мисри таҳти империяи Усмонӣ буд (то соли 1632) ва маҳз дар ин мақом тавонист забонҳои арабию туркиро ба хубӣ аз худ кунад. Дю Рие дар ёдоштҳояш оид ба сафарҳои бисёри худ аз тариқи дарёву хушкӣ иттилоъ додааст.
Китоби ў – «Дастури умумии забони туркӣ» (Порис, 1630) собитгари муҳим будани ин забон гардид.
Ў «Гулистон»-и Саъдиро аз тарҷумаи туркӣ ба забони фаронсавӣ баргардон ва соли 1634 дар Порис нашр кард.
Пажўҳишгари эронӣ Ҷаводи Ҳайдарӣ дар таҳқиқи хеш бо номи «Аз Саъдӣ то Арагон» (1994) тарҷумаи «Гулистон»-и Дю Риеро пояи таъсири адабиёти форсӣ дар Фаронса медонад.
Дю Рие соли 1647 китоби «Қуръони Муҳаммад» (баргардон аз арабӣ ба фаронсавӣ) – ро нахустин бор дар Фаронса мунташир кардааст. Дю Рие соли 1660 дар Порис вафот кардааст.
Бозчоп аз «Энсклопедияи Миллии Тоҷик». – Душанбе, 2017. – Ҷ.6. – С. 323.
Муаллиф: М. Диловаров
Таҳияи Аниса Набиева,
корманди шуъбаи библиографияи миллї