Таронаҳои Содиқ Нуруллоевро дар Китобхонаи миллӣ метавонед шунавед
Нашр шуд 2019-02-19 12:24
Хизматҳои Содиқ Нуруллоевро давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон соли 2005 бо медали «Хизмати Шоиста» ва соли 2011 бо унвони фахрии «Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст. Содиқ Нуруллоев имрӯзҳо дар Консерваторияи миллӣ ҳамчун устод кор ва фаъолият дорад. Шогирдони ӯ дар саҳнаи театри тоҷик бо ҳамроҳии устод фаъолият доранд. Инҳо: Комрон Содиқов, Нарзулло Болтуев, Шуҳрат Алимардонов, Назира Сангинова, Фирӯз Зоҳирзода ва дигарон.
Содиқ Нуруллоев 5-уми июни соли 1961 дар деҳаи Худгифи Сояи ноҳияи Мастчоҳ дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Соли 1968 ба мактаби миёнаи № 10 рафта, онро соли 1978 хатм кардааст .
Дар айёми кудакӣ бо хондани шеъру суруд хеле завқ дошт. Дар синфи 6-ум ӯро ба кружоки худфаъолиятии мактаб қабул карданд. Аз оғози кудакӣ Содиқ бо сурудҳои ҳунармандони маъруфи тоҷик ба монанди Ҷӯрабек Муродов, Зафар Нозимов, Одина Ҳошим ва дигарон дилбохта бо шеваи кӯдакӣ сурудҳои инҳоро дар тамоми мафҳилҳои мактаб ва ноҳия месароид. Устоди аввалини Содиқ Саидумар Умаров мебошад, ки то имрӯз дар театри ноҳияи Мастчоҳ фаъолият дорад. Солҳои 1979 – 1981 дар сафи Қувваҳои Муссалаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат намудааст. Соли 1982 ба Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Ленинобод (Хуҷанд) ба шуъбаи овозхонии академӣ дохил мешавад. Пас аз хатми Омӯзишгоҳи мусиқӣ ба Институти санъати ба номи М. Турсунзода ба факултаи овозхони академӣ ва тайёр кардани овозхони опера дохил мешавад.
Дар давраи донишҷӯӣ дар донишкада бисёр нозукиҳои санъати операро аз устодони худ Шамсӣ Низомов, Ибодулло Абдуллоев, Галина Федюк, Бурҳон Мамадқулов аз худ мекунад. Соли 1988 донишҷӯи соли 3-юм ба Театри академии опера ва балет ба кор меояд. Дар давраи кор ва фаъолият Содиқ Нуруллоев зиёда аз 40 нақш офарида, дар саҳнаи театр 12 консерти хоса мондааст. Мавсуф дар Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар кишварҳои Русия, Ӯзбекистон, Туркманистон иштирок намудааст. Бо консертҳои хоса ба давлатҳои Чин, Туркия, Русия, Қирғизистон, Қазоқистон сафарҳои ҳунарӣ намудааст. Барои хизматҳояш дар соҳаи санъати касбӣ бо бисёр сипосномаҳо ва мукофотҳои Вазорати фарҳанг сарфароз гардидааст.
Хизматҳои Содиқ Нуруллоевро давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон соли 2005 бо медали «Хизмати Шоиста» ва соли 2011 бо унвони фахрии «Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст. Содиқ Нуруллоев имрӯзҳо дар Консерваторияи миллӣ ҳамчун устод кор ва фаъолият дорад. Шогирдони ӯ дар саҳнаи театри тоҷик бо ҳамроҳии устод фаъолият доранд. Инҳо: Комрон Содиқов, Нарзулло Болтуев, Шуҳрат Алимардонов, Назира Сангинова, Фирӯз Зоҳирзода ва дигарон.
Содиқ Нуруллоев соҳиби 5 фарзанд мебошад. Писараш Нуруллоев Фаридун дар Кохи Суғдиён дар Хуҷанд ҳамчун Роҳбарӣ бадеӣ фаъолият дорад. Духтаронаш Фарида ва Нигора дар Консерваторияи Миллии Қазон (Тотористон, Россия) таҳсил мекунанд. Яке арғунуннавоз дигар скрипканавоз. Гуфтан ҷоиз аст, ки оилаи Нуруллоевҳо ҳама дар соҳаи санъати касбӣ фаъолият доранд.
Оилаи Содиқ низ пианинонавоз Виктория Латипова дар соҳаи санъати касбӣ бо ҳамроҳии шавҳараш фаъолият дорад. Айни ҳол Содиқ Нуруллоев муовини аввали директори Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ мебошад.
Имрӯз дар Хазинаи электронии мероси мусиқии маводи мусаббати шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар силсилаи сурудҳои сурудаи Содиқ Нуруллоев мавҷуд аст, ки хонандагону ҳаводорон метавонанд аз он ройгон истифода баранд.
Диловар Солиев, мутахассиси шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар