Нусхабардории 150 номгӯй китоб дар як сол
Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи кормандони шуъбаи автоматикунонӣ ва раванди китобдорӣ-иттилоотӣ 150 нусха китоб дар ҳаҷми 90020 саҳифа нусхабардорӣ шуда, мавриди коркард қарор гирифт ва ба формати pdf баргардонида шуд. Китобҳои омодашуда ба сервери ftp, ки фонди китобҳои электронии Китобхона аст, ҷойгир карда шуд. Инчунин маводҳои электронӣ -90 адад диск бо забони тоҷикӣ ва 100 адад диск бо забони русӣ, ҷамъ ба миқдорӣ 2500 китоб феҳристбандӣ шуда, нусхаҳои электрониашон ба сервери ftp ҷойгир карда шуд. Шакли нави штрих-кодҳо дар ду нусха барои ворид намудани маводҳо ба барномаи Алеф муқаррар гардид ва ба миқдори 150571 дона ба чоп расонида ба истифода дода шуд. 5500 нусха китоби электронӣ дар базаи маълумотӣ ва махзанӣ китобхонаи элктронии Китобхонаи миллӣ ворид карда шуд ва ба 500 нусаи он феҳристи электронӣ баста шуд.
Лоиҳаи барномаи махус бо номи “Китобхонаи электронӣ” барои дастёбии хонандагон ба маводҳои электронии мавҷуда дар Китобхонаи миллӣ омода гардида ва барои амалисозии лоиҳа нақшаи корӣ тартиб дода шуд. Маросими ифтитоҳи он дар охири сол дар назар гирифта шудааст.
Шартномаи байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи давлатии Россия барои истифодабарии феҳристи электронии диссертатсияҳои Китобхонаи давлатии Россия (http://diss.rsl.ru/) барои соли 2015 ба расмият дароварда шуд.
Иҷозатномаи истифодабарии модулҳои барномаи Aleph аз нав то соли 2018 дароз карда шуд. Тибқи дархости сардори Маркази иттилооти ҳуқуқӣ ва супориши бевоситаи роҳбарият домени lawinfo.kmt.tj ба руйхат гирифта шуд. Корҳои саҳифасозӣ ва скриптнависӣ барои ташкили саҳифаи асосии китобхонаи электронӣ дар асосӣ базаи маълумотии SQL сервер ва забони барномасозии ASP.NET қисман ба анҷом расиданд. Аз рўи нақшаи кории бунёди китобхонаи электронӣ системаи амалиётии Linux/Ubuntu 12.04 барои ташкили сервери санҷишӣ насб карда шуд. Дар сервери санҷишии барномаи китобхонаи электронӣ Веб сервери Apache насб карда шуд. Системаи идоракунии базаи маълумотҳои SQL сервер барои бунёди базаи маълумотҳои санҷишии китобхонаи электронӣ насб карда шуд. Протоколи FTP барои дастёбии барномасоз ба сервери барномаи китобхонаи электронӣ таъсис дода шуд.
Аз таърихи 10 то 15 августи 2015 чаҳор нафар корманди Китобхона ба Китобхонаи миллии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия барои омўзишу азхудкунии барномаи Aleph сафар карданд. Ҳайати корӣ бо мавод ва қолибҳои барномаи Aleph, ки аз Китобхонаи миллии Санкт-Петербург дастрас карданд, кормандони Китобхонаро шинос намуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ ба 65155 нафар хонанда дар толори хониши электронӣ хизмат расонида шудааст, ки нисбат ба соли 2014-ум 25578 нафар хонанда зиёд аст. Аз ин микдор 4.8% аспирантҳо, 2% меҳмонон аз хориҷа, 9.8% кормандони соҳаҳои мухталиф, 1,4% пиронсолон ва бокимонда 82% донишҷўёни мактабҳои олӣ ва миёна мебошанд.