Сайдалӣ аз нигоҳи ман. Меҳмон Бахтӣ дар бораи Сайидалӣ Маъмур
Нашр шуд 2020-06-08 15:01
Сайидалӣ Маъмур як инсони тарбиятдида, хушахлоқ ва боназокат буда, миёни аҳли қалам эътибори хоса дорад. Шахсан ман, ҳамчун як нафар ихлосмандаш, бо ҳамин фазилатҳои дилрабояш ўро эҳтиром мекунам. Ба аҳли эҷод, пеш аз ҳама дар радифи истеъдод, агар чунин хислатҳои наҷиби инсониро Худо ба ў тақдим медошт, бешак ў пайваста вирди забони хосу ом мебуд. Чунин хушбахтӣ ва некномӣ ба бародари ҳамқалами мо, Сайидали Маъмур, дар тўли чиҳил сол бо заҳмати зиёд насиб гаштааст.
Боре, бо андешаи он, ки бо Сайидалӣ кай шинос шуда бошам, солу моҳи зиёдеро пеши назар овардам ва саҳифаҳои хотираҳоямро варақгардон кардам, аммо солу моҳи шиносоиро аниқ карда натавонистам. Барои таскини дилам, худ ба худам гуфтам, ки ўро як умр мешиносам. Яъне бо ин ишора гуфтаниям, ки дар зиндагӣ гоҳо бо инсонҳое вомехўред, ки дар ҳақиқат хаёл мекунед, ўро як умр дидаю бо ҳам ҳам пайваста бошед.
Адибон ҳар яке бо диди худ, роҳи худ ва сарнавишти эҷодии худ ба олами адабиёт ворид мешаванд ва ҳунарнамоӣ мекунанд.
Бурду бохти ҳунар ва истеъдоди ўро пасон ва ё дар давоми умри адиб хонанда ва аҳли фазл баҳо медиҳанд, ки ў то куҷо дар ин дарёи гоҳ ором ва гоҳ пуртуғён шиноварӣ омўхтааст. Бурди Сайидалӣ Маъмур, ҳамчун шоир, дар гумони ман пеши аз ҳама, дар он аст, ки ў ҳаргиз шеърро танҳо ба хотири вазну қофия ва радиф наменависад. Яъне, барои ҳусни зоҳирии шеър вақт сарф намекунад. Шеъри ў бештар аз лиҳози мавзўъ ҳусн мебардорад, на аз роҳи фазилатфурўшии такрор ба такрори баъзе шоирон. Дар аксари шеърҳои Сайидалӣ Маъмур ҳам диди шоирона ба назар мерасад. Ин тарзи шеърофарӣ услуби хоси шоирии ўст...
Меҳмон Бахтӣ,
Нависандаи халқии Тоҷикистон
Бознашр аз китоби “Одам ба одам зиндааст”, ки соли 2004 бахшида ба 60-солагии адиби маъруф чоп шудааст. Ин китоб шомили мақолоту ёддошҳои хеле ҷолиби зиёдест ва шумо метавонед онро дар толори хониши кӯдакон ва наврасон мутолиа намоед.
Рӯнависии Малика Абдуллоева