Хандаи нешдор

 

 Ҳаҷву мутоиба яке аз жанрҳои душворписанди адабӣ буда, аз гўяндаи хеш диди таҳлилгарӣ, мушоҳидакорӣ ва гузашта аз ин ҷуръату ҷасорат ва забони тезу тунд, ки андеша аз «сари сабз» надошта бошад, тақозо менамояд. Ба маънии дигар ҳаҷв ифшогари нуқсу иллат ва камбудию норасоиҳои иҷтимоӣ мебошад. Он лаҳза, воқеа ва ё ҳодисаро, ки нависандаи ҳаҷвнигор мебинаду таҳлил менамояду менигарад, ҳарчанд моҳияти хеле ҷиддӣ дошта бошад ҳам аммо бо хандаи малеҳе хотима меёбад. Ва ин хандаи таҳдору андешамандона зарба ё ин ки силии обдорест бар сари нуқсу иллатҳои ҷомиа. Муаллифи ин китоб дўстдори чунин хандаи ислоҳгару созандааст 

 Соҳибназари Эгамназар адиби ҳаҷвнигорест, ки навиштаҳояш солҳои зиёд аз тариқи матбуоти даврӣ мунтазам мунташир мегарданд. Ва мазмуну моҳияти ҳаҷвиҳои ўро инъикос намудани камбудиву норасоӣ ва нуқсу иллатҳои дар ҷомиа ҷойдошта ташкил менамоянд. Аз ин нависандаи ҳаҷвнигор то кунун китобҳои «Ҳуппак», «Одами ғалатӣ», «Обрўйи тўй», «Зангўлаҷон зангўла», «Одамони сарборӣ» ва «Муҳаррирони ҷойдории ман»рўйи чоп омадаву писанди хонандагон гардидааст.

 Ва ҳар яке аз ин китоби ҳаҷвияҳои Соҳибназари Эгамназар аз ҳикоя ва лаҳзаҳои зиндаю воқеии зиндагӣ фароҳам омадаанд, ки ба тариқи танзу мутоибаи хандадор манзури хонанда гардидааст.   Шумори зиёди китобҳои ў аз он мужда медиҳад, ки мавсуф дар ин ҷода ҳаваскорона не, балки ошиқона роҳ мепаймояд. Чунончи аз мазмуни навиштаҳои Эгамназари Соҳибназар аён аст, ҳар манзараеро, ки аз дидани он мутаассир мегардад, зуд онро ба қалам медиҳад.

 Ў табиатан шахси ҳазлкашу базлагуфтор буда, бо шўхиҳои намакину дилнишини худ хотири ҳамсуҳбатонашро шод менамояд. Ҳарчанд забони баёни навиштаҳои маҷмўаи ҳозир баъзан ноҳамвориҳо дорад, аммо муаллифи худро чун ҳаҷвнигори хушсалиқа ва мазмунёб ба ҷилва меорад. Дар ҷодаи ҳаҷвнигорӣ ў таҷрибаи кофӣ дорад ва ҳикояву навиштаҳои адибони ҳаҷвнависи халқу миллатҳои дигар Александ Хорт, Алексей Тсапик, Виктор Коклюшкин, Ефим Смолин, Анатолий Трушкин, Константин Мелихан Живанитский, Семён Алтов ва дигаронро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.

 Маҷмўаи ҳозир низ намунаҳои хуби ҳаҷву мутоиботи Эгамназари Соҳибназар ва тарҷумаҳои ўро дар худ фароҳам овардааст, ки ҳунари ҳаҷвнигории муаллифро бозгў менамояд.

 Ин сатрҳоро муҳаррири китоби “Хомшӯрбо”-и Эгамназари Соҳибназар дар муқаддимаи китоб навиштааст. Ин китоб соли 2016 дар интишороти “Истиқбол” чоп шудааст ва дарбаргирандаи ҳикояҳои ҳаҷвии муаллиф мебошад. Китобро метавонед дар толори кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед. 

  Шаҳноза Дониёрова,

сармутахассиси шўъбаи кўдакон

 ва наврасони КМТ