Сайидалӣ Маъмур як инсони тарбиятдида, хушахлоқ ва боназокат буда, миёни аҳли қалам эътибори хоса дорад. Шахсан ман, ҳамчун як нафар ихлосмандаш, бо ҳамин фазилатҳои дилрабояш ўро эҳтиром мекунам. Ба аҳли эҷод, пеш аз ҳама дар радифи истеъдод, агар чунин хислатҳои наҷиби инсониро Худо ба ў тақдим медошт, бешак ў пайваста вирди забони хосу ом мебуд. Чунин хушбахтӣ ва некномӣ ба бародари
Дар шуъбаи кўдакон ва наврасони Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» маҳфили «Дастони моҳир» бахшида ба Рўзи «Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мавзӯъи «Ҳавопаймои ҳарбӣ» баргузор шуд, ки дар он хаонандагони толори хониши шуъба ширкат карданд. Муаллима ҳадафи мавзӯъро фаҳмонд ва гуфт, ки Тоҷикистони имрўза соҳибистиқлол аст. Яке аз рукнҳои асосии соҳибистиқлолии ҳар кишвар доштани Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад. Қувваҳои Мусаллаҳ зиндагии осоиштаи мардум, истиқлолият
Ҳаҷву мутоиба яке аз жанрҳои душворписанди адабӣ буда, аз гўяндаи хеш диди таҳлилгарӣ, мушоҳидакорӣ ва гузашта аз ин ҷуръату ҷасорат ва забони тезу тунд, ки андеша аз «сари сабз» надошта бошад, тақозо менамояд. Ба маънии дигар ҳаҷв ифшогари нуқсу иллат ва камбудию норасоиҳои иҷтимоӣ мебошад. Он лаҳза, воқеа ва ё ҳодисаро, ки нависандаи ҳаҷвнигор мебинаду таҳлил менамояду менигарад, ҳарчанд моҳияти хеле ҷиддӣ дошта бошад ҳам аммо бо хандаи малеҳе хотима меёбад. Ва ин хандаи таҳдору андешамандона зарба ё ин ки силии обдорест бар сари нуқсу иллатҳои ҷомиа. Муаллифи ин китоб дўстдори чунин хандаи ислоҳгару созандааст.