Маҷид Салим-адиби табиатшинос пайи як даъват аз ҷониби хонандагони толори хониши кӯдакон ва наврасон ба Китобхонаи миллӣ омад ва бо ширкат дар маҳфили “Дар сӯҳбати адиб” бо китобхонони наврас муколама кард. Ин маҳфил аз ҷумлаи чанд маҳфили фаъоли Китобхонаи миллист, ки ҳар моҳ бо иштироки як нависанда ё шоири кишвар баргузор мешавад. Маҳфили навбатиро Телевизиони наврасон ва кӯдакони “Баҳористон” наворбардорӣ кард ва қарор аст дар рӯзҳои наздик намоиш дода шавад.
Маҳфилро Ҷалолуддин Нурзода-ҷонишини Директори Китобхонаи миллӣ ифтитоҳ намуд ва ба хонандагон бори дигар Маҷид Салимро шинос кард. Ҷалолуддин Нурзода гуфт, ки Маҷид Салим дар тасвири табиат, олами ҳайвонот ва наботот дасти расо дорад ва қисмати бештари эҷодиёти вай нақли бадеии олами вуҳуш мебошад.
Маҳфил хеле гарму самимӣ ва бо баҳсҳо гузашт. Хонандагон ба нависандаи дӯстдоштаи худ суолҳои зиёд додаву посух гирифтанд. Маҷид Салим ҳам дар бораи роҳи эҷодии худ ва интихоби мавзӯъ барои ҳикояву қиссаҳояш нақл кард.
Маврид ба таъкид аст, ки Маҷид Салим ҳоло дар Тоҷикистон ягона адибест, ки табиат ва олами ҳайвоноту набототро мавзӯъи эҷоди худ қарор додаву дар ин росто хеле муваффақ ҳам будааст. Вай муаллифи маҷмўаи қиссаву ҳикояҳои «Гурги похурда» (1991), «Зоғеву доғе» (1994), «Панҷаи ҳасрат» (1997), «Ҳикояҳо дар бораи ҳайвонот» (1998), «Чўҷаи кабк» (2000), «Уқоб ва лошахўр» (2002), «Мурғи даштӣ» (2003), «Алибоҷ» (2008), ва ғайра мебошад. Дар гирдоварию таҳияи китобҳои Мирзои Хокӣ, Тоҷӣ Усмон «Духтари ниқобдор», Алӣ Хуш «Шўриши Усмон» саҳм дорад.
Маҷид Салим барои силсилаи ҳикоя очеркҳои дар мавзўи табиат, ҳайвонот бахшидааш ба Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ шарафёб шудааст. Ҳамчунин ў ба унвонҳои ифтихории «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон», «Аълочии телевизион ва радио» ва Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Аз соли 1989 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 1997 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Россия мебошад. Дар риштаи илм низ фаъолияти пурсамар дошта, дорои дараҷаи илм-номзади илмҳои филологӣ буда, баррандаи адабии ба номи С. Айнӣ мебошанд.
Фирӯза Раҳимова