Мағзи ҷонам, нури имонам забони тоҷикӣ
Нашр шуд 2019-10-04 11:40
Аз миллату аз забони худ ёд кунед,
Арвоҳи гузаштагони худ шод кунед.
То ҳарф занад ба тоҷикӣ тифли Шумо,
Дунёи ва ро тоҷикӣ бунёд кунед.
Забони тоҷикӣ-мероси бузурги ниёгони некноми мо бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ҳамчун риштаи пайванди наслҳои миллат аз ҳазорсолаҳои дур то давлати соҳибистиқлолии мо омада расидааст ва решаҳои умури миллатамонро оби ҳаёт бахшидаистодааст. Забони тоҷикӣ бо доштани собиқаи тўлонии таърихӣ ва захираи бузурги луғавӣ дар мақоми забони давлатӣ дар асри ҷаҳонишавӣ низ метавонад иқтидори пешинаи худро ҳифз намояд.
Масъалаи бузургдошти забони модарӣ масъалаи ҳаёту мамоти миллат аст. Забони модариро бузург надошта, чӣ сон метавон Ватанро бузург дошт, чӣ сон метавон таърихи миллат ва азизону номдорони варо бузург дошт? Миллате, ки забони модариашро тавоно намесозад, пос намедорад ва азиз намешуморад, маҳкум ба завол ва нестист.
Ба парда то ба чандин рози тоҷик,
Биё биншин, шунав овози тоҷик.
Чу қумрӣ месароям нағма, чунки
Гирифторам ба сарви нози тоҷик…
Суханро чун арўсон зеб дода,
Забони маърифатпардози тоҷик…
Боиси ифтихор ва шарафи кули мо тоҷикон аст, ки имрўзҳо дар партави соҳибистиқлолии Ватани азизамон Тоҷикистон ва сиёсати пешгирифтаи Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озодона сухан гуфтаву фаъолият менамоем. Бояд шод аз он бошем, ки имрўз забони мо роҳбари арзандаю ҳимоятгари қавӣ дорад. Мусаллам, ки ҳифз намудану пос доштани ин забони аҷдодӣ қарзи ҳар як фарзанди бонангу номуси миллат аст, зеро ин мероси ниёгон шаҳодат аз таърихи қадимии доштаи миллати тоҷик ва нуфузи он миёни дигар қавму миллатҳо буда, асрҳои аср чун мағзи ҷону нури имон роҳи аҷдодони мор обо сўӣ шукуфагиву боландагӣ фарҳангсолориву давлатдорӣ мунаввар нигоҳ доштааст.
Меҳрангез Наврузшоева
Маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ