Зи ту, устод, моро сарбаландист

Имрӯз Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Файзализода Ҷумахон Хол сазовори унвони “Аълочии матбуоти Тоҷикистон” шуд. Меҳрномаи ҳамкорамон Ҷамил Валиеро ин ҷо нашр менамоем ва устод Файзализодаро ба ин муносибат муборакбод мекунем. 

***   ***   ***

Зи ту, устод, моро сарбаландист

Шукўҳи рўзгоронӣ, устод,

Сафои илму ирфонӣ, устод.

Ту  инсонро ба мақсад мерасонӣ,

Аҷаб хуршеди тобонӣ  устод.

Агар барои қабои сабз ба бар намудани замин баҳор лозим бошад, пас барои сабз гаштани таманнои инсон устод рамзи баҳор аст. Оре, бе устод кас наметавонад аз доираи тафаккури маҳдуд берун гашта, оламу  одамро  дарк намояд. Дар ин маврид шоир гуфтааст.

Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,

Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.

Аз қадим бузургони илму адаб ба устод эҳтироми хоса дошта, дар мавриди зарурат ба ин шахсияти беназир муроҷиат мекарданд. Онҳо дар симои устод шахси донишманду фозил ва равшанзамиру барнодилро медиданд. Устод аввалин шахсест, ки ба инсон хату савод омўхта, дари бахту саодатро боз мекунад. Барҳақ, гузаштагони фозили мо ҳаққи устодро аз падар бештар донистаанд. Омўзгор шахсияти бузург ва нотакрорест, ки бо чароғи ақл олами фикрии моро равшан намуда, дунёи пурасрори илмро кашф менамояд. Зиндагӣ бори дигар собит сохт, ки давлати омўзгор ин тарбияи шогирдон мебошад. Ў аз пешрафт ва комёбии эшон ифтихор мекунад. Хушбахтона, дар мушкилтарин даврони рўзгори мо омўзгорон ҳамеша дар хидмати халқу Ватан қарор доштанд. Ҳарчанд ба шароити гарони зиндагӣ рў ба рў омадаанд, аммо ҷасурона дар бунёди манораи ақлҳо саҳми шоиста гузоштанд. Яке аз ҳамин гуна шахсиятҳо профессор, доктори илмҳои педагогика, «Аълочии маориф ва илми Тоҷи­кистон», «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» дорандаи чандин ифтихорномаҳо, омўзгор, педагог, равоншинос Файзализода Ҷумахон  Хол  мебошад.

Устод воқеан аз зумраи олимонест, ки қисми бештари умри хешро дар самти омўзишу таҳқиқ ва баррасии масъалаҳои илмӣ ва мушкилоти рўзмарраи соҳаи педагогика, психологияи идоракунӣ сарф намудааст. Ў омўзгори асил, инсони поктинат, фурўтан, ҷиддию серталаб ва ҳалиму меҳрубон мебошад. Вай ҳамеша барои омўзонидани толибилмон мекушад,  то  ки онҳо босавод  гарданд.

Файзализода Ҷумахон Хол, 14 марти соли 1963 дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалики (собиқноҳияи Совет) вилояти Хатлон, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Солҳои 1970-1980 дар мактаби миёнаи №8, деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик (собиқ ноҳияи Совет) таҳсил намуда, пас аз хатми он дар совхози Кангурти ноҳияи Темурмалик фаъолияти меҳнатиашро оғоз намудааст. Солҳои 1982-1984 хизмат дар сафи Кувваҳои Мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шўравӣ, баъди адои хизмати ҳарбӣ аз соли 1985 то соли 1986 дар совхози боғпарварии ба номи Исмат Шарипови ноҳияи Темурмалик ба сифати коргар ва аз соли 1986 то соли 1987 ба ҳайси мудири бахши баҳисобгирии Комитети комсомолии ҳуқуқи райком доштаи  совхози  Кангурт  шуда, адои вазифа намудааст.

Фаъолияти омўзгориашро ҳангоми донишҷў буданаш дар  мактаби миёнаи №62  шаҳри  Душанбе  оғоз намудааст. Солҳои 1992-2000 ассистенти кафедраи психологияи Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷўраев, солҳои 1995-1998 аспиранти ҳамин кафедра буд. Солҳои 2000-2003 вазифаи муовини декан оид ба тарбияи факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷўраевро  ба  уҳда  дошт. Моҳи марти соли 2006 дар мавзўи «Ақидаҳои педагогии мутафаккирони форсу тоҷики асрҳои ХII-ХIII оид ба ташаккули инсони комил» рисолаи номзадиашро дифоъ намудааст. Солҳои 2007-2008 вазифаи декани факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро ба уҳда дошт. Солҳои 2008-2009 сардори шуъбаи таълими Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва ҳамзамон дотсенти кафедраи педагогика  ва  психологияи  ҳамин Донишкада  буд.

Дар солҳои 2011-2013 вазифаи пурмасъулияти муовини ректор оид ба корҳои таълими Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзодаро  ба  дўш дошт. Солҳои 2013-2014 ба ҳайси ходими калони илмии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода фаъолият намудааст. Соли 2014 Сардори раёсати таълими Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, то соли 2015 онро иҷро менамояд.

Соли 2015 дар мавзўи «Фалсафаи таҳсилоти мутафаккирони форсу тоҷики асри миёнагӣ ва арзишҳои он дар инкишофи педагогикаи миллӣ» рисолаи докторӣ ҳимоя намудааст.

Аз соли 2015 то соли 2017 (пас аз тағйироти сохторӣ дар донишкада, ки раёсати таълим ба шуъбаи таълим табдил ёфт) сардори шуъбаи таълими Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда, дар раванди ҷорӣ гардидани низоми кредитӣ дар донишкадаи мазкур  саҳм гузоштааст. Аз апрели соли 2017 то 04 феврали соли 2020 ба сифати муовини ректор оид ба таълим ва профессори кафедраи илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Муаллифи беш аз 75 корҳои илмии нашршуда, аз он ҷумла 13 корҳои илмӣ-методӣ, 4 монография, 2 китоби дарсӣ ва 60 мақолаи илмӣ мебошад.

Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз 4-юми феврали соли 2020, таҳти № АП – 1344, мавсуф директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» таъин  гардид.

Ибрози қайд аст, ки саҳми устод дар пешрафти соҳаи китобдорӣ бениҳоят назаррас мебошад.  Дар давоми фаъолияти  роҳбари худ оид ба пуррагардонӣ ва тарғиби фонди нигоҳдории китобхонаи мазкур, ҷалби хонандагон, ҳамкорӣ бо китобхонаҳои ҷумҳурӣ, ташкил намудани курсҳои такмили ихтисос барои кормандони китобхонаҳо диққати махсус додааст. Номбурда барои омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳа пайваста кўшиш менамояд. Ҳамзамон, дар рушду нумўи соҳаи китобдорӣ, бо маҳорату кордонии худ, саҳми арзанда мегузорад.

Бо ташаббуси Файзализода Ҷумахон Хол олимон ва мутахассисони соҳаи китобдорӣ ба Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» ба кор ҷалб намуда шуданд.  Бо ташаббусу роҳбари Файзализода Ҷумахон Хол  ҳайати кормандони Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» дар конфронсҳои илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Масъалаҳои муҳимми  ҳифз  ва  таҳқиқи мероси хаттӣ» санаи 27-уми октябри соли 2020, «Системаи «Антиплагиат» ҳамчун воситаи баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ ва таълимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» санаи 26-уми ноябри соли 2020 ширкат ва суханронӣ намуданд. Ҳамчунин зери назари ў як қатор дастурҳои библиографӣ аз қабили «Гулназар Келдӣ», «Боқи Раҳимзода», Фазлиддин Муҳаммадиев»,  «Назрӣ Яздон», «Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон: барои соли 2021», «Тоҷикистон дар адабиёти хориҷа» чоп ва нашр гардидааст.

Дар давоми фаъолияти корӣ Файзализода Ҷумахон Хол  худро ҳамчун роҳбари кордон, соҳибтаҷрибаю баландихтисос нишон дода, ҳамеша ба тарбияи мутахассисони ҷавон эътибори ҷиддӣ медиҳад. Ў ба ҳамкорон, дар иҷрои вазифаи хизматӣ, кўмак намуда, ҳамчунин, нисбат ба иҷрои уҳдадориашон серталаб ва дар натиҷагирии супоришҳо масъулиятшинос мебошад. Иҷрои нақшаи кории шуъбаю бахшҳои китобхонаро таҳти назорати доимӣ қарор дода, аз ҳар як корманд иҷрои пурраи вазифаи хизматиро талаб менамояд. Дар баррасии масъалаҳо ва ҷамъбасти супоришҳо бевосита иштирок карда, хулосаҳои аниқу дақиқ пешниҳод менамояд.

Шахсияти ин марди хоксору хирадманд, одилу халқпарвар ва асилу сарбаланд басо ибратомўз аст. Ҳар гоҳе, ки бо устод суҳбат мегузаронам. Аз суҳбатҳо бо он кас панд гирифтам, чунки устод бисёр хотираҳои нек ва омўзанда доранд. Инчунин, қайд карданд, ки мо, омўзгорон, ҳамон вақт хушҳол ва хушбахтем, ки самараи корамонро дар шогир­донамон  мебинем, ки барои Ватану миллати хеш хизмат менамоянд ва ҳамеша барои ободии Тоҷикистон саъю кўшиш мекунанд. Барои ҷуброни меҳнати пурмашаққату дили саршори меҳру муҳаббати бузурги муаллим аз осмон ситора овардан, аз қаъри замин ганҷ бурун овардан, куҳҳоро паст сохтан, замину замонро гулзор кардан кам аст кам... 

Бароям дар ин айёми бофараҳу хотирмон хеле хушу гуворост, ки  Шуморо бо 58- умин баҳори умартон  сами­мона муборакбод гуфта, ба  Шумо саломатӣ, фатҳу кушоиши тоза, равнақу  барор ва саодати рўзгор таманно намоям.

Валиев Ҷамил – корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Барчаспҳо: