Дуюмин ҳафтаи бе Валиҷон ...

  Дуюмин ҳафтаи бе Валиҷон ҳам аз ним гузашт. Ёдаш ба хайр! Чанд рӯзи дигар натавонист зинда бошад, то рӯзи матбуотро ҳам бо ҳамқаламонаш таҷлил кунад ва ин аввалин ҷашни матбуоти тоҷик аст, ки бе ӯ мегузарад. Ин рӯз бароят муборак, дӯстӣ азиз ва ҳамқалами меҳрубон!

 Валиҷон бори сангини зиндагиро бо ними тан мекашид, азиятбор буд кашидани ин бори сангин. Аммо чӣ бояд мекард?

 50 сол ҳам назист, дар олам намонд, ки соли оянда ба умраш ним аср пур шавад. Шитобид ба дидори Холиқаш.

 Умре ҳамин зиндагӣ дошт: хаставу беҳол, вале бо рӯҳи шикастнопазир. Ман боре ҳам аз зиндагӣ шикваи ӯро нашунидам. Мардонавор ба фишорҳои зиндагӣ тоб овард, мушкилиҳоро чун дигарон пушти сар гузошт, вале бечоранолӣ накард.

 Шояд дар танҳоӣ ҳоли дигар дошт. Шояд соатҳое, ки дар рӯ ба рӯ бо мушкилоти зиндагӣ мемонд, абри ғусса дар осмони дилаш соя меандохт. Вале пеши ҳамагон бо виқор зист. То кас надонад, ки ӯ ҳам мушкиле дорад...

 Ҳар ҳарфу садояш табассуми хос дошт. Ман ӯро надидам, ки бе ҳамин табассум салом кунад. Ба ҳадде гарму ҷӯшон ҳол мепурсид, ки гӯё дӯсташро солҳо надида буду пазмон шуда.

 Ҷавонмарди коркушта буд. Дар ҳамин умри кутоҳ ҳам чанд китоб аз худ нишон боқӣ гузошт. Мусоҳибаҳояш дилчаспу самимӣ буданд, мусоҳибонаш мардумони одӣ, фарҳангиён, ҳунармандон, омӯзгорон...касоне аз тоифаи худи ӯ. Аммо мондагортарин кораш мебоист таҳияи Донишномаи матбуоти тоҷик мешуд, ки солҳои охир сари он кор мекард. Он омода аст ва роҳбарияти Китобхонаи миллӣ тасмим гирифтааст Донишномаро чоп кунад. Ҳамкоронаш низ аз Шуъбаи матбуоти даврӣ мехоҳанд барои абадӣ гардонидани хотираи дӯст иқдомотеро пиёда кунанд. Худо хайрашон диҳад!  

Ёдам меояд, ки ҳар субҳ ба Китобхонаи миллӣ мешитофт, ки соатҳое бо хонандагон бошад, барои фарзандонаш буридаи беминнати нон ёбад.

Чанде пештар пешам омад. Гуфт, ака хеле хаста шудам. Ҷойе мехоҳам бемағал бошад. Танҳоӣ мехоҳам, ҳаддиақал утоқи корие, ки бо нафаре нишаста бошам, на бо одамони зиёд, ки дигар сар бардошти шӯру мағалро надорад.

  Хастагии рӯҳӣ дошт...Мехост танҳо бошад, ки эҷод кунад. Валиҷон эҷодкор буд, солҳо дар рӯзномаҳои “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Паёми Душанбе”, “Маориф ва фарҳанг” кор кард. Ва барои эҷодкор фазои мусоиди корӣ мисли ҳавост, ки набошад, инсон нафасгир мешавад.

 Ин сатрҳоро менависам ва ашк гулӯгирам мекунад, наметавонам сатре беш аз ин бинвисам...Дардеву дареғо, ки ӯ низ рафт...Таҳаммул боядамон бо дардҳои бе ӯ будан.

 Хонаи охиратат ободу маконат Фирдаси барин бод, бародар, ҳамкор, ҳамқалами азиз! БОЗГАШТИ ҲАМА БА СӮИ ӮСТ!!!

ФЕЙСБУКИЁН ДАР БОРАИ ВАЛИҶОН БАЁНӢ

 Рӯзи шанбе, 29-феврал вақте хабари маргаш расид, таъзияи кутоҳе дар шабкаки иҷтимоии Фейсбук гузошта будам. Ҳоло ки ин сатрҳоро менавиштам, назаре ба он андохтам. Афроди зиёде зераш шарҳҳои кутоҳе навишта буданд. Гуфтам, хуб мешавад агар баъзе аз он навиштаҳоро бидуни таҳрир ин ҷо оварам.

 Кироншох Шарифзода "Ин мазоре, ки ту ҳоло хуфтаӣ дар он, яқин, Манзили фардои фарзанди ту ҳам бошад ҳамин…" Оҳ,Валиҷони ормонӣ, аз сӯги Модар набаромада, ба суроғи Модар рафтӣ?! Чӣ гӯям дигар, роҳат сапеду дидорат шод бодо! Дар оғӯши Модар, чун тифли бегуноҳ, абадзинда бошӣ! Алвидоъ!

 Зафар Хисориев ....Модари ҷон, қисмати ҳар одаме бошад чунин,

Зиндагониву талошу оқибат зери замин.

Ин мазоре, ки ту ҳоло хуфтаӣ дар он, яқин,

Манзили фардои фарзанди ту ҳам бошад ҳамин…

Рустам Ваххоб Худованд раҳмату мағфират намояд ин инсони нексиришту заҳматкашро. Барои пайвандонаш аз Худованд тасалло мехоҳем.

Раҷаб Мирзо Равонашон шод, хонаи охираташон обод бошад, омин! Инсони хуберо аз даст додем

Мухбирчон Кухсори Кенджаев Инсони донишманд ва шоири хушбаёну шахси хоксор буд Валиҷон.Ҷояш ҷаннату макони охираташ обод бошад!

Абдурахим Джабборов Устод Валиҷон Баёнӣ орзу дошт бо нашри Донишномаи матбуоти тоҷик, ки интизор буд имсол дар арафаи рузи матбуот нашр гардад ва ба ҷоизаи ба номи Лоҳути пешниҳод намояд. ФИКР МЕКУНАМ АКАДЕМИЯИ ВАО БОЯД БАРОИ ИН ОРЗУИ АМАЛИНАШУДАИ УСТОД ТАТБИР АНДЕШАД.УСТОД АРЗАНДА БУДАНД.

Нурали Хоркашев  Худо раҳмат кунад Валиҷонро...Инсони поксиришт ва накӯ буд. Ин қадар ба дӯстон муҳаббату самимияту эҳтиром дошт, ки беҳисоб...Ба пайвандонаш сабри ҷамил мехоҳам...Хеле бачаи бошараф буд Валиҷон...

Omar Temor   Худо раҳмат кунад. Ҷаннатулфирдавс ҷояшон бодо.

 Нуқра Аҳмадова  Рӯҳашон шоду манзили охираташон обод бошад!!! Воқеан ҳам инсони шариф буданд!

Адиба Азиз  Равонат шод бод, дӯсти дилшикастаи ман. Мо ҳама аз Ӯем ва бозгаштамон сӯи Ӯст. Кӣ медонад, соати дидор наздик аст...

Нуриддин Ҷаронӣ  Ёдат ба хайр дустам Валичон.Хонаи охиратат обод бод.

Мухаммаднаби Баёни  Худо рахматат кунад устод ва хамкори азизам....

Нилуфар Азиз  Худованд шоистаи чаннаташ кунад. Ба пайвандону дустонаш аз даргохи Худованд сабр мехохам(((

Dostmohammad Dustov  Худо рахмат кунад!

Фалак фарзонагонро куштанат чист?

Ҳама якдонагонро куштанат чист?

Ту худ девона карди оқилонро,

Пас он девонагонро куштанат чист?

Хайриддин Хайрандеш  Илоҳӣ хонаи охираташ обод бошад!

Firuza Ahrori  Худо рахмату магфират кунад, Омин!

Makhfirat Yusufi  Хонаи охираташон обод бошад

Talabshah Salam  Худо раҳмат кунад. Пас ин ки имшаб ба ёдам расид ва фикр кардам, акаи Валиҷон куҷо бошад, бесабаб набудааст. Худованд раҳматашон кунад.

Azimjon Badalov  Инсони шарифу нек буданд. Худо раҳматашон кунад!

Кутбия Икроми  Худованд рахмату магфираташон кунад.

Mashvarat Lutfilloeva  Аллох рахмату магфират кунад эшонро ва чояш чаннат гардад илохо .

Кодиршои Мурувват  Зодгох фарзандонашро беибо ва бе миннат ба огушаш мегирад...

 Мухиддин Идиев   Худо раҳматаш кунад... Ин хабари шум сахт таконам дод, дилу ҷигарам ба дард омад... Замоне бо ҳам дар нашрияе кор мекардем... То қадри имкону тавон кушиш мекардам мушкилоташро ҳал кунам... Охирин дидор бо у дар Китобхонаи миллӣ буд, ки воқеан ҳам хеле хаста ба назар мерасид... Аз саломатиаш пурсидам, гуфт каме беҳол аст ва руйхати чанд номгуи доруро дар даст дошт... Коғазхати доруҳоро гирифтаму ба нею нестонаш нигоҳ накарда, дорухона шитофтам... Бастаи доруҳоро барояш овардам, ашк мерехту намедонист чӣ гуна изҳори сипос кунад... Худованд ҷаннат-ул-фирдавсро насиби руҳи покаш гардонад, ОМИН!

 Ва навиштанду ҳоло ҳам менависанд...

Бобоҷон Шафеъ

Аз Валиҷони Баёнӣ ин матолибро ҳам дар сомонаи мо метавонед бихонед:

Модарам, эй соябону сарпарасту сарварам...

Китоб ва ҷовидонии миллат (ба истиқболи Рўзи китоб)

Китобхонаи миллӣ ва фарҳангу таърихи миллат

Барчаспҳо: