СИТОРА АБДУМУМИНЗОДА: Барои зинда будан ҳам китоб бояд хонд...

Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола баргузор мешавад, майлу рағбати мардумро ба китобу китобхона афзуд. Ба назар мерасад роҳандозии чунин озмунҳо такони наве шуданд ба майли ҷавонон ба сӯи маърифат. Ду соле, ки озмун баргузор шуд, мо шоҳиди он шудем, ки тафаккури ҷомеа ба самти мутолиа то кадом ҳад тағйир мекунад. Худи таҳлилу баррасии синнусолии ширкаткунандагон гувоҳ аст, ки ин озмун нишон медиҳад, ки мутолиаи китоб ба синну сол иртиботе надорад. Мо дар ин ду сол шоҳид будем, ки кӯдакт 7-8- сола ҳам ширкат карду марди болотар аз 70-сола ҳам.

Таърих номи шоҳони бузурги маърифатпарвару маорифпарвар ва донишдӯстдорро зиёд медонад. Ва онҳоро гузаштагону имрўзиёну ояндагон эҳтиром мекунанду дӯст медоранд, чунки хубӣ ҳеҷ гоҳ  нест намешавад, фаромӯш намегардад. Ҳар касе, ки бо роҳи рост бо фурӯғи дониш рафт, дар дили инсонҳо ҷойгоҳи худро пайдо кард.

Подшоҳе аз ҳакиме пурсид: Роҳи осон пеш бурдану обод кардану идора намудани давлату ҳукуматро мехоҳам ба ман биёмузӣ. Ҳаким гуфт: Ин чандон душвор нест, бо андаке талош метавонӣ ба ҳама ин хостаҳоят берасӣ.

Подшоҳ гуфт: Хуб, роҳу равиши ин корро ба ман нишон деҳ, ки мардуми донишманд донишро дар осон кардани корҳои душвори мардумон дареғ надоранд. Ҳаким гуфт: Мардумро ба хондани китоб талқин кун, хату савод биёмуз! Чунки ҳар қадар дониш бештар бошад, хато кам мешавад.

Агар ҷамъият босавод бошад, худ дар обод кардани кишвар кӯшиш хоҳанд кард ва сӯлҳу дӯстиро пешаи худ хоҳанд донист.

Созишу дӯстиву ҳамкорӣ кардан бо як нодон душвортар аст, аз он ки бо як миллати босавод созиш кунӣ ва сарвару роҳбару раҳнамои онҳо бошӣ.

Аз ин бармеояд, ки дар замонҳои қадим ҳам аҳмияти китобхониву донистанро барои ҷамъият аввалиндараҷа шуморидаанд.  Чунки китоб маҳсули донишҳои гирдовардаи чандасраи донишмандони башарият аст, ки ҳаёти худро дар ковишу ҷустуҷӯи роҳҳои беҳтару хубтари зиндагӣ барои инсон сарф кардаанд.

Бо як дақиқа фикр кардан мефаҳмем, ки мо ҳамеша ба китоб ниёз доштем, айни ҳол ниёз дорем ва оянда ниёз хоҳем дошт. Чунки агар хоҳем хуш сухан кунем, ба хондани китоб ниёз дорем.

Агар хоҳем худро ва дигаронро табобат кунем, боз ҳам ба китоб бояд  рўй биёварем.  Агар хоҳем ахлоқи хуш дошта бошем, бояд бо китоб зиндагӣ кунем. Агар хоҳем ихтироъркор бошем, бояд роҳи ихтироъкориро дар китоб ҷустуҷӯ кунем. Ва инчунин тамоми касбу ҳунар ба китоб вобаста аст. 

Ба аҳмияти китобу китобхонӣ агар ҳамчун як инсони комил назар андозем, инро хоҳем фаҳмид, ки китоб дониш аст ва дониш инсонро аз дигар мавҷудот бартарият додааст.

Базми  ҳуш  аз латоифаш  равшан, 

Боғи фаҳм аз маорифаш  рангин.

Нуқта бар хат саводи  дидафиреб,

Лафзу  маънӣ  баҳори табънишин.

Сатри мушкин  ба сафҳаороӣ

Ҳамчу  абрӯ  тирози лавҳи  ҷабин.

Варақи сода  ҳам ба зебоӣ

Сеҳрэҷод  талъати симин.

Нусхаи дилкушой аз азамат

Тавами дастгоҳи чархи барин.

Маҳви осор фасли байни сутур,

Нуқтаҳо сози чашмаки Парвин.

Дар саводу  баёзи авроқаш

Шабу рӯз аз дили  ҳам оинабин.

Яъне  аз имтиёзи сояву  нур,

Субҳу  шоми дигар зуҳуркамин.

Медиҳад  толибони маъниро

 Назми  ӯ  интизоми мулки яқин,

Ки ба касби  саботи огоҳӣ

Нусха гиранд  аз ин  бинои матин.

Насраш  афканда доми раъноӣ

 Аз раги гул  ба сафҳаи насрин,

К-эй  ҳарифони маърифатсайёд,

 Доми мурғони роз нест  ҷуз ин.

 Аз майи маънию  давоири хат

Огаҳӣ  масти соғари таҳсин.

Сайри  ҳар  нуқта  ҳамчу  мардуми чашм

Марказоинаи шуҳуди яқин.

Гашта равшан  зи  ҷодаҳои сутур

Роҳи сарманзили  ҳақиқати дин.

Ҳарф-ҳарфаш  ба маснади авроқ

Дониширшоду  маърифатталқин.

                                      Бедил

Имрӯз технология пеш рафтааст ва шароиту ҳолати халқ ранги дигар гирифтааст ва аз як ҷиҳат роҳҳои дурро наздик карда ва мубодилаи афкорро барои ҳама осон кардааст.  Дар айни вақт чанд мушкили ҳам ҷой дорад, ки барои ҳалли онҳо ҷамъият бояд зираку донишманд бошад, то ба чоҳи дар роҳ кандаи бегонагон наяфтаду ба домҳои сад ҳазор ҳалқадорашон гирифтор нашавад. 

Аввалину беҳтарин фоидаи илм ҳамин аст, ки ба инсон қудрат мебахшад, ки хубро аз бад шиносад ва роҳи ростро дарёбад.

Барои зинда будан ҳам китоб бояд хонд,

Барои ҳифзи ту ҳар ҳарф як сипар бошад.

Ба ҳеҷ кас пинҳон нест, ки миллати мо рӯзҳои душворро пушти сар кард, аммо ҷон доду номусро пос дошт. Дар лаҳзаҳои душвортарин ҳам бузургони худро фаромӯш накард.

Акнун, ки ҷангу ҷӯш пушти сар шудааст ва дар як замони тинҷиву оромиву осудагӣ зиндагӣ дорем, пайи ободонӣ бошем. Ба рӯи мо дарҳои мактабу китобхонаҳо боз аст. Ҳукумат барои мо шароит фароҳам овардааст, то  барои ояндаи худ кӯшиш кунем ва соҳиби донишу илму маърифат шавем.

Мо бояд қадри ин даврони сулҳу суботу оромишро дониста, дар паи омӯзиши пай дар пай шавем, то ояндаи худ ва ояндагонамонро ободтару зеботар кунем. Ва аз омӯхтану гирд овардани илм наҳаросем, чунки китоб чизе нест ҷуз некӯи ва таҷрибаву ҳикояту ибрат.

           Ҳикоёту аҳволи шоҳаншоҳон,

           Ривоёту ахбори корогаҳон. 

           Дилу дидаро равшание диҳад, 

           Ба илму хирад, ошноӣ диҳад.  

           Зи ҳар гуна бобе  сухан гуфтаанд,

           Ба алмоси таҳқиқ дурр(р) суфтаанд.

           Ба даврон басе таљриба кардаанд,   

           Ба ҳар кор бас ранљҳо бурдаанд.   

           Ҳамон беҳ, ки бар қавли эшон равем,   

           Суханҳои пешинагон бишнавем.

           Дарахте, ки гашта зи ў рўзгор, 

           Басе оварад меваи нағз бор.

Беҳтарин роҳи шавқманд кардани инсонҳо ба китобхонӣ ташкил кардани озмунҳои ба монанди фурӯғи субҳи доноӣ мебошад, ки дар вуҷуди халқ шавқу рағбату хоҳиши китобхониро бедор мекунад.

Озмун ҳам камдонишонро донишманд ва ҳам донишмандонро донотар мекунад. Ва истеъдодҳои баланду хубро ба халқ мешиносонад, боис мешавад аҳли маънӣ дар ҷамъият ҷои худро пайдо кунанд.

Чунонки бузурге фармудааст, ки озмун илмҳоро комилтар мекунад: 

Бурда дар илм меҳнати таҳсил,

Карда онро зи озмун такмил.

Худ ба худ мегӯям: хуш ба ҳоламон, ки дар ин замон зиндагӣ дорем, дар замоне, ки илму дониш қадр дорад, донишманд роҳёб аст ва сулҳу суботу дӯстӣ ҳамқадами ҳаёти мост.

СИТОРА АБДУМУМИНЗОДА,

номзади илмҳои педагогӣ

Барчаспҳо: