“Ҷавонони Тоҷикистон” дар 90 сол”

Шумораи ҷашнии “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳамин ҳоло дастрас шуд. Дар ҳаҷми 90 саҳифа, ки расонаҳо пештар ҳам хабар дода буданд. Ба гумонам кормандони имрӯзаи “Ҷавонон” расолати худро анҷом доданд ва 90 солро дар 90 саҳифа  хулоса намуданд. Ин аслан хулоса ҳам нест, балки ёдкарди саҳифаҳи таърихи ин нашрияи ҷавонони кишвар аст, ки қаблан бо номи “Комсомоли Тоҷикистон” нашр мешуд. Ва номаш ҳам он замон шоистаи худ буд, чун аксари ҷавонон он замон узви комсомол буданд. Ва баъдан ин ном боз ҳам ҷолибтар шуд: “Ҷавонони Тоҷикистон”. Сазовору шоиста ба номаш бошад, чун минбари ҷавонон аст.

“Ҷавонони Тоҷикистон” мегӯяд “Мо пир намешавем!” ва чун онро боз мекунаму варақ мезанам, тақрибан ҳама чеҳраҳои ҷавон, қаламкашоне, ки иддае тоза ба саҳнаи матбуот ворид шудаву иддае чанд сол аст дар ин нашрия қаламкашӣ мекунанд. Дил аз дидани чеҳраҳои нуронии ҷавон лабрези фараҳ мешавад, ҷойе муқаддас асту қадамгоҳи бузургон холӣ нест. Ва расад рӯзе, ки ин ҷавонон низ ҳампои бузургон шаванд ва навиштаҳои мондагоре дар саҳифаҳои нашрия боқӣ гузоранд ва ояндагон онҳоро хонанду хонанд ва донанд.

Нашри идона саршор аз мақолоти хонданист. Бахше хотираҳои ҷолибанд, ки вақте мутолиа мекунӣ, бӯйи солҳо ба машомат мерасад. Инҳо ёддошти собиқадорони матбуотанд, ёддошти хонандагони фаъоланд, суҳбатҳо бо шахсиятҳои саршиносанд, ёди касонеанд, ки умреро дар ин рӯзнома гузаронидаву онро бо навиштаҳои худ нуру зиё бахшида, он миёни хаонандагон соҳиби обрӯ кардаанд.

Нашри идона чопи матни Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо ҷавонон дар таърихи 23 майи соли 1997 бо номи “Ҷавонон ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд”-ро низ фаромӯш накардааст, ки хеле нуқтаҳои ҷолиб ва раҳнамоиҳо барои ҷавонон дорад.

Мураттибон мақолоте назири “То ба кай об аз таги ях меравад”-и донишманди тоҷик Мирбобои Мирраҳимро, ки дар оғози худшиносиҳову талошҳои миллат барои шинохти ҷойгоҳи худ дар ҷомеаву таърих чоп шуда, ба сони бонги бедорӣ гӯшҳои гарону чашмҳои хоболударо такону бедор карда буд, мақолаи Қодири Рустам “Чаро тоҷик китоб намехонад”, Масрури Абдуллоҳ “Оё мо миллатем?” ва ғайраро ҳам чоп кардаанд.

Зери унвони “90 андешаи 90 сол” иқтибосоти басо ҷолибе аз шумораҳои мухталифи нашрия гирдоварӣ ва интишор додаанд, ки боз ҳам варақгардонии саҳфаҳои таъриханд.

Мусоҳибаҳои ҷолиб бо профессор Иброҳим Усмонов, Инна Рустамова, Отахон Латифӣ, Фотеҳ Ниёзӣ, генерал-полковник Саидамир Зуҳуров, Носир Бозор,  Кароматуллоҳи Мирзо ва дигарон шумораи идонаро нур бахшидаву хонотар кардааст.  

Ин шумора    саҳифаи назм ҳам дорад, ки бо номи “Чаманистони меҳр” чоп шуда ва дар он асосан ашъори собиқ кормандони шоири ин газета интишор дода шудааст.  

Дар хабар маҷоли таҳлили комили нашри идона ва боз мурури 90 саҳифа кори осоне нест. Аз ин рӯ, тавсия медиҳам ҳар касе имкону дастрасӣ дорад, худ онро варақ занад.

Бобоҷони Шафеъ

Барчаспҳо: