Дар нуҳ моҳ бештар аз 20 ҳазор нафар ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шудаанд
Нашр шуд 2019-10-09 11:54
Зарфи нуҳ моҳи охир 20 ҳазору 205 нафар ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шуданд ва шумораи аъзои доимии ин боргоҳи маърифат ба 185 686 нафар расидааст. Директори Китобхонаи миллӣ профессор Абдусалом Мирализода зимни эълони рақамҳо афзуд, ки дар ин нуҳ моҳ назар ба нуҳмоҳаи соли 2018 5946 нафар бештар хонандагон ба узвият қабул шудаанд.
Директори Китобхонаи миллӣ, ки дирӯз дар ҷаласаи ҷамъбасти нуҳ моҳи фаъолияти Китобхонаи суханронӣ мекард, афзуд, дар ин нуҳ моҳ 3360 нафар кортҳои худро, ки муҳлати истифодаашон гузаштааст, барқарор крадаанд.
Бино ба гуфтаи Директори Китобхонаи миллӣ аксари афроди тозавуруд ба Китобхонаи миллӣ донишҷӯёни мактабҳои олӣ, коллеҷҳо, литсейҳо ва мактабҳои миёнаанд. Зарфи ин нуҳ моҳ аз Донимшгоҳи миллии Тоҷикистон 2943 нафар, аз Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон – 1 212, Донишгоҳи омўзгории Тоҷикистон – 1 097, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон – 1 002, Донишкадаи давлатии забонҳо – 907 ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шудаанд.
Теъдоди хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёна 2465 ва коллеҷҳо 1768 нафар будааст.
Ҳамчунин як ҳазору 244 нафаре узви Китобхона шудаанд, ки дар ҷойе таҳсил намекунанд.
Профессор Абдусалом Мирализода илова кард, дар нуҳ моҳи соли 2019 шумораи хонандагони ташрифоварда ба толорҳои хониш, толори электронӣ, толори маводи мусаббат, толори феҳриствораҳо, гўшаҳои кишварҳои хориҷӣ ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ 298 904 нафарро ташкил дод ва ин афрод 541 275 нусха китоб барои мутоила фармоиш додаанд.
Ба толорҳои шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён, ки фарогири толори хониш, толори тиб ва толори ҳуқуқ ва фалсафа мебошад, дар нуҳ моҳи соли 2019 зиёда аз 103 954 нафар ташриф оварда, ба онҳо ҷиҳати дастрас намудани беш аз 118 983 нусха адабиёт хидмат расонида шудааст.