Ба истиқболи солгарди зодрӯзи абарустод Муъмин Қаноат

Бояд дар дарвозаи Сталинград ҳайкали Қаноатро аз хишти тилло гузошт ва достонашро дар девораш бо оби зар навишт.

Евгений Евтушенко, шоири маъруфи руст

СУРУШИ СТАЛИНГРАД

СУРУШИ ЧОРУМ Матвей Путилов

Ҳаво тира,

Самои абргардон тиратар мешуд,

Замин аз ҳамлаи тайёраҳо дар зери пар мешуд,

Зи таркишҳо баландиҳо ҳама зеру забар мешуд.

Миёни зиндаҳою мурдаҳо –

аз роҳи ноҳамвор,

Зи рӯи барфи навборида,

аз саҳрои навшудгор

Ба сӯи қуллаи худ бо машаққат роҳ меҷӯяд.

Ва тори кандаро бо дидаи ҷарроҳ меҷӯяд.

Нафасгиру камингирон ба рӯи қулла сар мекард,

Зи ҳадди зиндагию марг бо тундӣ гузар мекард.

Ана наздик шуд,

хун меравад дасти камондораш,

Ҳаметобад ба чашми хасм рухсори арақшораш.

Нафасҳо канда-канда,

Торҳои кандаро дарёфт,

Ба як дасташ барои бастани он торҳо биштофт.

Ба фарқаш тирборон шуд

Ва дасти солимаш чун шоҳи бишкаста

Ҳамоил гашт,

ларзон шуд.

Ба зӯри охирин бо дасти ларзонаш

Гирифта нӯкҳои симро дар зери дандонаш,

Садояш дар гулӯ раҳбанд,

бо савганд,

Намуд ӯ торҳои кандаро

бо тори ҷон пайванд:

Ва сарлашкар сухан мегуфт бо лабҳои сарди ӯ,

Сухан мегуфт бо гармӣ

рафиқи ҳамнабарди ӯ.

Ватан бо гиряю ханда

Аз ин лабҳои пайваста.

Аз ин армони нашкаста

Сухан мегуфт…

Вале Матвей зери лаб фурӯ мебурд шеванро,

Фурӯ мебурд оҳанро,

Ки аз оҳаш

Нагардад ногаҳон пайвандҳо канда,

Нагардад аз лаби ояндаҳо лабхандҳо канда.

Ба вақти рафтани ҷон ин садо омехт ба ҷонаш,

Баромад аз вуҷудаш ҳамчу армонаш:

«Видоъ, ёрон!

Ба ҷои ман

Шумо хандед,

Дил бандед,

Гул бӯед,

Дил ҷӯед,

Бибӯсед,

Об нӯшед аз лаби чашма.

Ки ман лабташнаам,

Ташна…»

19 ноябр. Русҳо дар саросари фронт ба ҳуҷум гузаштанд. Чархи таърих дар воқеъ ба пеш мегардад, дар ин давр аз шонаи мо гузашт…

Барчаспҳо: