Ҳасани Султон. Мухтасари зиндагиномаи Шамси Табрезӣ...

Ин китобчаи ҷолубу хонданиро, ки номи пуррааш  “Мухтасари  зиндагиномаи  Шамси Табрезӣ бо замимаи гулчине аз гулшани Мақолоти Шамс” аст,  донишманди маъруфи кишвар Ҳасани Султон навиштааст. Китоб соли 2019 чоп шудааст ва як нигоҳи олимона ва як пажӯҳиши мухтасар дар бораи Мавлоно Мавлавии Балхист. Аз боби “Бархурд бо Мавлоно” порае меорем ва шуморо ба мутолиаи идомаи ин китоб даъват менамоем.

Гуфтанд : «зи Шамсулҳақи Табрез чи дидед?»

Гуфтем : «к-аз он нур ба мо ин назар афтод».

М авлавӣ

Шамси Табрезӣ бомдоди рӯзи шанбеи 26 ҷумодиюлохари соли 642 ҳиҷрии қамарӣ,мутобиқ ба 30 ноябри соли 1244 мелодӣ ногумон дар хони Шакаррезон ё Шакарфурӯшони шаҳри Қуния пайдо шуд. Нахустин мулоқоти  вай бо Мавлоно дар ҳамин рӯз иттифоқ афтод. Маҳалли бархурдии ин ду орифи бузург баъдан  бо номи «Мараҷа-л-баҳрайн»машҳур гардид ва мегӯянд,ки пас аз даргузашти Мавлоно солҳои зиёд муридону мутаъқидон ба нишони эътиқод шабҳо аз мазори Мавлоно ба ин мавзеъ шамъ оварда, ба  ёди он ду бузургвор то рӯз фурӯзон медоштанд.

Мулоқот бо Шамси Табрезӣ инқилоби  рӯҳоние буд дар вуҷуди Мавлоно, ки баъзе муҳаққиқон онро таваллуди Мавлоно, ки баъзе  таваллуди дигари ӯ қаламдод кардаанд. Худи  Мавлоно низ ин мулоқот  ва ишқи тӯфонхези  Шамсиддини Табрезиро таваллуди дубораи худ медонад:

Зодаи аввалам бишуд, зодаи ишқам ин нафас

Ман зи худам зиёдаам, з- он  ки ду бор зодаам. 

Чун  зи билоди кофарӣ ишқ маро асир кард,

Ҳамчу равони ошиқон софу латифу содаам.

Шарҳи  нахустин мулоқоти  Мавлоно бо  Шамсиддин дар «Нафаҳоту - л - унс» - и Мавлоно Ҷомӣ сурати дигар  ҳам дорад. Хулосаи ин шаҳр  ҳамин аст, ки  Мавлоно дар пеши худ китобе чанд бар канори ҳавзе нишаста буд, ки баногаҳ Шамс даррасид ва ишора ба китобҳо кард, ки ин чист? Мавлоно ҷавоб дод: –– Инро қилу қол гӯянд, туро бо  ин чӣ кор?!

Шамс ҳамаи он китобҳоро ба об андохт.

Мавлоно  ба таассуфи тамом гуфт:

– Чаро  чунин кардӣ, ки баъзе аз онҳо фоидаи нодид буд, ки дигар  ҳаргиз пайдо  нагардад.

Шамс даст ба об фурӯ кард ва китобҳо берун кашид, варақе ҳам аз он кутуб тар нашуда буд. Мавлоно дар шигифт монду  пурсид, ки ҷо  чӣ асрорест ниҳуфта?

Шасм гуфт:

– Ин завқу ҳол аст, туро аз  ин чӣ хабар ?!...

Ҳароина  мулоқот бо Шамсиддин чунон ки  ишора рафт, Мавлоноро шефтаву шайдои ӯ кард. Мавлоно курсии таълим ва маснади фатворо раҳо намуд. Аз хешону иродат мандони худ ба тамом бурид.

Офтобе не зи Шарқу не зи Гарб аз ҷон битофт,

Зарравор омад ба рақс аз вай дару девори мо.

Мавлоно тамоми дороии худро нисори қадами Шамсиддин кард. Дастор аз сар ва мусҳаф аз каф бигзошт, тадрису  фатворо бо  шеъру тарона ва рақсу симоъ бадал намуд.

 Дар даст ҳамеша Мусҳафам буд,

Аз ишқ гирифтаам чағона.

Андар даҳане, ки  буд  тасбеҳ,

Шеър асту дубайтию тарона.

Дар як они замон зоҳиди  зуҳпешаи  порсо ва воизи сахткӯши минбари фатво ба  ошиқи шайдои бесару по мубаддал шуд:

Зоҳиди  кишваре будам, воизи  минбаре будам,

Кард қазо дили маро  ошиқу кафзанони ту.

Ҷалолиддин ба хотири ин бархурд ба тамом аз сари шайхиву пешвоии пайравону  шогирдон даргузашт ва бандагиву фармонбарии Шамсиддинро  ба ҷону дил  ихтиёр кард:

 Гуфт, ки шайхию  сарӣ, пешраву роҳбарӣ?!

 Шайх наям, пеш наям, амри туро банда шудам.

 Чашмаи хуршед туӣ, соягаҳи бед манам,

Чунки задӣ бар сари ман пасту гудозанда шудам.

Дар ҳолате, ки оташи ишқи малакутии Шамсиддин саропои вуҷуди Мавлоно Ҷалолиддинро месӯхт, ба сурудани ғазалиёти ошиқона дар ситоиши  Шамсиддин пардохт:

Дар жанда даро як дам, то зиндадилон бинӣ,

Атлас бадар андозӣ, ҳамжанда  шавӣ бо мо.

Чун дона шуд афканда, баррусту дарахе шуд,

Ин рамз чу дарёбӣ, афганда шавӣ бо мо.

Шамсулҳақи Табрезӣ бо ғунчаи дил гӯяд:

 “Чун боз шавад чашмат, бинанда шавӣ бо мо”.

Аз ин пас ашъори Мавлоно тобеи табъи латифу мавзуни Шамсиддин ва ҳамнавои  қалби ошиқони ишқи абадият шуд. Аз ин шамими  рӯҳи ҷовидонии Шамсиддин ашъори Мавлоно  шукӯҳи ҷовидонӣ ёфт.

Китоби “Мухтасари  зиндагиномаи  Шамси Табрезӣ бо замимаи гулчине аз гулшани Мақолоти Шамс” ҳоло дастраси хонандагони Китобхонаи миллӣ мебошад ва шумо онро дар ҳар толори хониш метавонед фармоиш диҳед ва мутолиа намоед.

Таҳияи Саодат Набиева