Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. Чанд порчаи интихобӣ аз “Фиҳӣ мо фиҳӣ”
Ман аз шеър безорам
Маро хӯйест , ки нахоҳам ҳеҷ диле аз ман озурда шавад. Ин ки ҷамоате худро дар самоъ бар ман мезананд ва баъзе ёрон эшонро манъ мекунанд, маро он хуш намеояд ва сад бор гуфтаам, барои ман касеро чизе магӯед ман ба он розиям. Охир, ман то ин ҳад дилдорам, ки ин ёрон, ки назди ман меоянд, аз бими он ки малул нашаванд, шеъре мегӯям, то ба он машғул шаванд.
Вагарна, ман аз куҷо, шеър аз куҷо ? Валлоҳ, ки ман аз шеър безорам ва пеш ман аз ин батар чизе нест. Ҳамчунонки яке даст дар шикамбае кардааст ва онро мешӯронад, барои иштиҳои меҳмон. Чун иштиҳои меҳмон ба шикамба аст, маро лозим шуд. Охир, одамӣ бингарад, ки халқро дар фалон шаҳр чӣ коло мебояд ва чӣ колоро харидоранд, он хирад ва он фурӯшад, агарчи дунтар матоъ бошад.
Ман таҳсилҳо кардам дур улум ва ранҷҳо бурдам, ки назди ман фузалову муҳаққиқон ва зиракону нағулонадешон оянд, то бар эшон чизҳои нафису ғариб ва дақиқ арз кунам. Ҳақ таоло худ чунин хост, он ҳама илмҳоро ҷамъ карда ва он ранҷҳоро ин ҷо овард, ки ман ба ин кор машғул шавам. Чӣ тавонам кардан? Дар вилояти мо ва дар қавми мо аз шоирӣ нангтар коре набуд. Мо агар дар он вилоят мемондем, мувофиқи табъи эшон мезистем ва он меварзидем, ки эшон хостандӣ, мисли дарс гуфтану таснифи кутуб ва тазкиру ваъз гуфтан ва зӯҳду амали зоҳир варзиданд...
Асли чизҳо ҳама гуфт асту қавл аст. Ту аз гуфту қавл хабар надорӣ, онро хор мебинӣ. Гуфт меваи дарахти амал аст, ки қавл аз амал мезояд. Ҳақ таоло оламро ба қавл офарид, ки гуфт: «Кун файакун» ва имон дар дил аст, агар ба қавл нагӯӣ, суд надорад. Ва намозро, ки феъл аст, Қуръон нахонӣ, дуруст набошад. Ва дар ин замон, ки мегӯӣ «Қавл муътабар нест», нафйи ин тақрир мекунӣ боз ба қавл. Чун қавл мӯътабар нест? Чун шунавем аз ту, ки қавл мӯътабар нест? Охир инро ба қавл мегӯӣ!
Эй нусхаи номаи илоҳӣ, ки тӯӣ,
В-эй ойинаи ҷамоли шоҳӣ, ки тӯӣ.
Берун зи ту нест ҳар чӣ дар олам ҳаст,
Дар худ биталаб ҳар он чи хоҳӣ, ки тӯӣ.
Олам ба мисоли кӯҳ аст
... Чунонки он яке бар дарахти Қамариддин мева мерехту мехӯрд. Худованди боғ мутолиба кард. Гуфт:
«Аз Худо наметарсӣ?». Гуфт «Чаро тарсам? Дарахт аз они Худо ва ман бандаи Худо. Мехӯрад бандаи Худо аз моли Худо».
Гуфт: «Боист то ҷавобат бигӯям! Расан биёред ва ӯро бар ин дарахт бандед ва занед, то ҷавоб зоҳир шудан !». Фарёд овард, ки «Аз Худо наметарсӣ?».
Гуфт: «Чаро тарсам, ки ту бандаи Худоӣ ва ин чӯби Худо. Чӯби Худоро мезанам бар бандаи Худо!».
Ҳосил он аст, ки олам бар мисоли кӯҳ аст. Ҳар чӣ гӯӣ аз хайру шар, аз кӯҳ ҳамон шанавӣ. Агар гумон барӣ, ки «ман хуб гуфтам, кӯҳ зишт ҷавоб дод», муҳол бошад, ки булбул дар кӯҳ бонги зоғ ояд ё бонги одами ё бонги хар. Пас яқин дон, ки бонги хар карда бошӣ!
Бонги хуш дор, чун ба кӯҳ оӣ,
Кӯҳро бонги хар чӣ фармоӣ?
Олам оина аст – нақши худро дар ӯ мебинӣ
Агар дар бародари худ айб мебинӣ, он айб дар туст, ки дар ӯ мебинӣ. Олам ҳамчунин оина аст: нақши худро дар ӯ мебинӣ. Он айбро аз худро дар ӯ мебинӣ. Он айбро аз худ ҷудо кун! Зеро он чӣ аз ӯ меранҷӣ, аз худ меранҷӣ.
Гуфт, пилеро оварданд бар сари чашмае, ки об хӯрад. Худоро дар об медиду мерамид. Ӯ мепиндошт, ки аз дигаре мерамад, намедонист, ки аз худ мерамад.
Ҳамаи ахлоқи бад – аз зулму кин ва ҳасаду ҳирс ва бераҳмиву кибр, чун дар туст, намеранҷӣ, чун онро дар дигарон мебинӣ, марамиву меранҷӣ. Пас бидон, ки аз худ меранҷиву мерамӣ!
Ду шахс дар ин вуҷуд дар ҷанганд
Ин суханҳои сипоҳи Ҳаққанд, қалъаҳоро ба дастури Ҳақ боз кунанду бигиранд. Агар бифармояд чандин ҳазор саворро, ки «Биравед, ба фалон қалъа рӯй намоед, аммо мегиред», чунин кунанд. Ва агар як саворро бифармояд, ки «Бигир он қалъаро», ҳамон як савор дарро боз кунад ва бигирад. Пешаеро бар Намруд гуморад ва ҳалокаш кунад. Агар Ҳақ таоло баракат диҳад, доногие кори ҳазор динор кунад ва афзун ва агар аз ҳазор динор баракат баргардад, кори доногие накунад. Ва ҳамчунин, агар гурбаро бар ӯ баргуморад, ӯро ҳалоқ кунад ва агар шерро баргуморад, ӯро ҳалок кунад ва агар шерро баргуморад, аз вай шерон ларзон шаванд, ё худ дарозгӯши ӯ шаванд. Чунонки баъзе аз дарвешон бар шер савор мешаванд. Ва чунонки оташ бар Иброҳим барду салом шуд ва сабзаву гулу гулзор, чун дастурии Ҳақ набуд, ки ӯро бисӯзад. Филҷумла, чун эшон донистанд, ки он ҳама аз Ҳақ аст, пеши эшон ҳама яксон шуд аз Ҳақ.
Шабу рӯз ҷанг мекунӣ ва толиби таҳзиби ахлоқи зан мебошӣ
Овардаанд, ки Пайғомбар бо саҳоба аз ғазо омада буданд. Фармуд, ки таблро бизананд, ки «Имшаб бар дари шаҳр бихусбем ва фардо дароем». Гуфтанд: «Ё Расулаллоҳ, ба чӣ маслиҳат?». Гуфт: «Шояд, ки занони шуморо бо мардони бегона ҷамъ бинед ва мутааллим шаведу фитна бархезад». Яке аз саҳоба нашнид, даррафт зани худро бо бегона ёфт.
Акнун роҳи пайғамбар ин аст, ки «Мебояд ранҷ кашидан аз дафъи ғайрату ҳаммият ва ранҷи инфоқу кисвати зан ва сад ҳазор ранҷи беҳад чашидан, то олами муҳаммадӣ рӯй намояд!» Роҳи Исо - муҷоҳидаи хилвату шаҳват нврондан, роҳи Муҳаммад – ҷавру ғуссаҳои зану мардум кашидан...
Дар одамӣ ишқеву дарде ва хор – хореву тоқозое ҳаст
Суол кард, ки муғулон молҳои моро меситонанд ва эшон низ моро гоҳ – гоҳе молҳо мебахшанд. Ҳукми он чун бошад? Фармуд, ҳар чӣ муғул бистонад, ҳамчунон аст, ки дар қабзаву хазинаи Ҳақ даромадааст. Ҳамчунонки аз дарё кӯзае ё хумеро пур кунӣ ва берун орӣ мулки ту гардад. Модом, ки дар кӯза ва ё хум аст, касро дар он тасарруф нарасад. Ҳар кӣ он хум бибарад, бе изни ту ғосиб бошад. Аммо боз чун ба дарё рехта шуд, бар чумла ҳалол гардад ва аз мулки ту берун ояд. Пас моли мо бар эшон ҳаром аст ва эшон бар мо ҳалол аст.
Ин маъосӣ ва зулму бадӣ ҳамчун яхҳову барфҳост, туй бар туй ҷамъ гашта. Чун офтоби инобату пушаймонӣ ва хабари он ҷаҳону тарси Худо дарояд, он барфҳои маъосӣ ҷумла бигудозанд, ҳамчунонки офтоб барфҳову яхҳоро мегудозонад. Агар барфу яхе бигӯянд, ки «ман офтобро дидаам ва офтоби тамуз бар ман тофт» ва ӯ бар қарори барфу ях аст, ҳеҷ ғофил инро бовар накунад. Муҳол аст, ки офтоби тамуз битобад ва барфу ях нагудозад.
Ҳақ таоло агарчи ваъда додааст, ки ҷазоҳои неку бад дар қиёмат хоҳад будан, аммо анмузаҷи он дам ба дам ва ламҳа ба ламҳа мерасад. Агар одамиеро шодие дар дил меояд, ҷазои он аст, ки касеро шод кардааст ва агар ғамгин мешавад, касеро ғамгин кардааст. Ин армуғониҳои он олам аст ва намудори рӯзи ҷазост, то ба ин андак он бисёрро фаҳм кунанд, ҳамчунки аз анбори гандум муште гандум бинамоянд.
Мустафо бо он азамату бузургие, ки дошт, шабе дасти ӯ дард кард. Ваҳй омад, ки «Аз таъсири дарди дасти Аббос аст», ки ӯро асир гирифта буд ва бо ҷамъи асирон, дасти ӯро баста. Ва агарчи он бастани ӯ ба амири Ҳақ буд, ҳам ҷазо расид, то бидонӣ, ки ин қабзҳову тирагиҳо ва нохушиҳо, ки бар ту меояд, аз таъсири озореву маъсиятест, ки кардаӣ. Агарчи ба тафсил туро ёд нест, ки чӣ кардаӣ, аммо аз ҷазо бидон, ки корҳои бад бисёр кардаӣ ва туро маълум нест, ки он ба даст ё ғафлат, ё аз ҷаҳл, ё аз ҳамнишини бедине, ки гуноҳҳоро бар ту осон кардааст, ки онро гуноҳ намедонӣ. Дар ҷазо менигар, ки чӣ қадар гушод дорӣ ва чӣ қадар қабз дорӣ! Қатъан қабз ҷазои маъсият аст ва басат ҷазои тоат аст.
Охир Мустафоро барои он ки ангуштариро дар ангушти худ бигардонад, итоб омад , ки «туро барои таътилу бозӣ наёфаридем!» Аз ин ҷо қиёс кун, ки рӯзи ту маъсият мегузарад ё дар тоат!.
**** **** ****
Яке харе гум карда буд. Се рӯз рӯза дошт ба нияти он, ки хари худро биёбад. Баъд аз се рӯз харро мурда ёфт. Ранҷиду аз сари ранҷаш рӯй ба осмон карду гуфт, ки «Агар ивази ин се рӯз, ки доштам, шаш рӯз аз Рамазон нахӯрам, пас ман мард нестам. Аз ман сарфа хоҳӣ бурдан?».
Ҳақ таоло ин суханҳоро бар эшон ҳаром кардааст. Чунонки аҳли дӯзах ба аҳли биҳишт афғон кунанд, ки «Охир, ку карами шумову муруввати шумо? Аз он атоҳову бахшишҳо, ки Ҳақ таоло бо шумо кардааст, аз рӯи садақаву банданавозӣ бар мо низ агар чизе резед ва исор кунед, чӣ шавад, ки мо дар оташ месузему мегудозем.
Биҳиштиён ҷавоб диҳанд, ки «Онро Худой бар шумо ҳаром кардааст. Тухми ин неъмат дар дори дунё бувад ва амали солеҳ, ин ҷо чӣ баргиред ва агар мо аз рӯи карам ба шумо исор кунем, чун Худо онро бар шумо ҳаром кардааст, хулқатонро бисӯзонад ва ба гулӯ фуру наравад агар дар киса ниҳад, киса дарида шаваду бияфтад».
Ҳар дам селе мехӯрем аз ғайб
Ҳар киро даҳ ғам бошад, ғами динро бигирад, Ҳақ таоло он нӯҳро бе саъйи ӯ рост кунад. Чунонки анбиё дар банди ному нон набудаанд, дар банди ризоталабии Ҳақ будаанд, нони эшон бурданд ва номи эшон бурданд. Ҳар кӣ ризои хақ талабад, ин ҷаҳону он ҷаҳон бо пайғомбарон аст. Чӣ ҷои ин аст, балки бо Ҳақ ҳамнишин аст. Агар Ҳақ ҳамнишини ӯ набудӣ, дар дили ӯ шавқи Ҳақ набудӣ. Ҳаргиз бӯи гул бе гул набошад, ҳаргиз бӯи мушк бе мушк набошад.
То наёбӣ,наҷӯӣ
Султон Маҳмудро асбе баҳрӣ оварда буданд азим, хубу сурате бағоят нагз дошт. Рӯзи ид савор шуд бар он асб. Ҷумлаи халоиқ ба назора бар бомҳо нишаста буданд ва онҳо тафарруҷ мекарданд. Масте дар хона нишаста буд ва ӯро ба рӯзи тамом бар бом бурданд, ки «Ту низ биё, то асби баҳриро бубинӣ!». Гуфт: «Ман ба худ машғулам ва намехоҳаму парвои он надорам».
Филҷумла, чорае набуд. Чун бар канори бом омаду сахт сармаст буд, султон мегузашт. Чун маст Султонро бар он асб дид, гуфт: «Ин асбро пеши ман чӣ маҳал бошад, ки агар дар ин ҳолат мутриб таронае бигӯяд ва он асб аз они ман бошад, филҳол ба ӯ биҷастам».
Чун Султон онро шунид, азим хашмгин шуд. Фамуд, ки бар зиндон маҳбус карданд. Ҳафтае бар он бигузашт. Ин мард ба Султон кас фиристод, ки «Охир, маро чӣ гуноҳ буваду ҷурм чист? Шоҳи олам бифармояд, то бандаро маълум шавад». Султон фармуд, ки ӯро ҳозир карданд. Гуфт: «Эй ринди беодоб, он чун гуфтӣ ва чӣ заҳра доштӣ?»
Гуфт: «Эй шоҳи олам,он суханро ман нагуфтам. Он лаҳза мардаке маст бар канори бом истода буд, он суханро гуфту рафт. Мардеам оқилу ҳушёр»
Шоҳро хуш омад. Хилъаташ дод ва аз зиндон истихлос фармуд.
Аз касе бахт бихоҳ, ки ӯ соҳиббахт аст
Дарвеше фарзанди худро омӯхта буд, ки ҳар чӣ мехост, падараш мегуфт, ки «Аз Худо хоҳ!», ӯ чун мегирист ва онро аз Худо мехост, он чизро ҳозир мекарданд. То ба ин солҳо баромад. Рӯзе кӯдак дар хона танҳо монда буд, ҳарисааш орзу кард, бар одати маъхуд гуфт: «Ҳариса хоҳам!». Ногоҳ косаи ҳариса аз ғайб ҳозир шуд кӯдак сер бихӯрд. Падару модар чун биёмаданд, гуфтанд: «Чизе намехоҳӣ?». Гуфт: «Охир, ҳариса хостам ва хӯрдам». Падараш гуфт: «Алҳамдулиллоҳ, ки ба ин мақом расидӣ ва эътимоду вусуқ бар Ҳақ қӯвват гирифт».
Аз китоби “Фиҳӣ мо фиҳӣ”. Душанбе, 2018. Китобро метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Таҳияи Саодат Набиева