ҲАМӮ – ҲАМ Ӯ

Равшан аст, ки ин калима аз ду ҷузъ – ҳиссаи таъкидии «ҳам» ва замири (ҷонишини) «ӯ» иборат аст. Дақиқан мисли «ҳамон» ва «ҳамин», ки аз «ҳам» ва «он», «ҳам» ва «ин» иборат мебошанд. Аммо баракси «ҳамон» дар навиштори имрӯзӣ ҳамеша ба сурати ҷузъҳои ҷудо (ҳам ӯ) навишта мешавад ва танҳо дар мавридҳои хос, ки ҷанбаи таъкидии «ҳам» зиёд ва махсус аст, ба кор бурда мешавад. Масалан, «Ҳам шумо ва ҳам ӯ ин китобро хондаед». Дар матнҳои классикӣ, хусусан назм, ин таркиб мисли «ҳамон» зиёд ба назар мерасад ва ғолибан яклухт (яклахт) (همو)навишта мешавад:

Ҳамӯ тоҷу тахту баландӣ диҳад,
Ҳамӯ тирагиву нажандӣ диҳад
.

                                                                                (Фирдавсӣ)

Якҷо навиштани «ҳамӯ» дар мутуни қадим таъкиди хосе бар талаффузи пайҳами ҷузъҳои он мебошад, зеро маъмулан дар матни классикӣ ба ғайр аз мавридҳои маҳдуд ҳолати баракс роиҷ аст, ки ҷузъҳои калима баъзан ҷудо навишта, вале якҷо хонда мешаванд. Масалан, «табиӣ аст» навишта ва «табиист» хонда мешавад.

Ин аз қабили мавридҳоест, ки дар забони зиндаи мардум таркиби классикӣ бар сурати аслӣ боқӣ монда, ба таври густурда ба кор меравад. Яъне дар муоширати мардум ҳар қадар, ки «ҳамон» ва «ҳамин» корбурд дошта бошанд, мушобеҳи онҳо – «ҳамӯ» ба ҳамон мизон пуристифода аст.

Имрӯз беҳтар аст, ки аз як сӯ ин калимаи куҳан (ҳамӯ) дар навиштор мавриди корбурди бештар қарор бигирад ва аз сӯи дигар дар таҳияи матнҳои классикӣ сурати навиштории он, ки бо асли овоияш мутаносиб аст, риоят шавад. Дар акси ҳол, агарчи арӯз имкони васли калимаҳоро дар қироат медиҳад, навишти ҷудои ҷузъҳои ин калима метавонад, боиси сактаи қироат гардад. Масалан, ду байти зерини ҳаким Фирдавсӣ бояд ба ин сурат навишта ва хонда шавад:

Чунин буд то гоҳи Нӯшинравон
Ҳамӯ буд шоҳу ҳамӯ паҳлавон.
Ҳамӯ буд ҷангиву мӯбад ҳамӯ,
Сипаҳбад ҳамӯ буду бихрад ҳамӯ.

Дар чунин шакли навишт ҷанбаи таъкид низ он қадар, ки дар «ҳамон» ҷой дорад маҳфуз боқӣ мемонад. Барои итминони бештар ҳосил кардан, метавон дар ин пораи назм ба ҷойи «ҳамӯ» калимаи «ҳамон»-ро озмоиш кард, вале тобиши маъноии дигар мегирад.