Пешгирии ҷавонон аз падидаҳои номатлуб

Ҷавонон  қувваи  бузург ҳастанд ва ҳар миллат  дар ҳар давру замон аз ҷавонони худ умеди ояндаи нек мекунад. Аз  ин  рў, онҳо  дар кадом муҳите, ки  ба воя  расанд, мувофиқи он  дар ҷомеъа амал мекунанд. Ин аст, ки бояд ҷавонон дар рўҳияи  ватандӯстиву хештаншиносӣ ва ҳисси баланди миллӣ тарбия  ёбанд. Имрўз масъалаи тарбияи ҷавонон  дар мадди назари  ҳукумати  кишвар  қарор дорад.  Агар шахсони синнашон  аз 15 то 35- ро ин ҷо ба назар  гирем,  мутаассифона, ба чашм  мерасад,  ки иддае аз онҳо аз мактабу донишгоҳ ва фаъолияти ичтимоӣ дилсард гашта, аз оилаву фарзандон ва таҳсилу такмили ихтисос  дур мондаанд.  
Агар ҷавонон дониши босифат нагиранд ва ҷои  кори  муносибе барои тадбиқи илмии  худ дар Ватан пайдо  карда  натавонанд,  эҳтимолияти аз дилшикастагӣ шомил шуданашон ба гуруҳои   тундрав дур нест. Дар ин ҳолат ин гуна афрод барои ҷомеа ба як хатари мудҳиш табдил мешаванд.
Бале, мушкилиҳои ҷавонон  то ҳол хеле зиёданд. Сар карда  аз  он, ки устодони мактабу донишгоҳо бояд ба сифати омўзиш аҳамияти ҷиддӣ диҳанд ва ҷавононро ҳамчун мутахассисони варзида  ба  воя  расонанд. Баъдан чун онҳо мувофиқи касби худ корҳои мувофиқе  ёбанд, дар ин маврид ба  корҳои  ношоиста  даст  намезананд.
Албата,  дар ҳама кишварҳо имконияти дониши босифат гирифтан  ва кори хуб ёфтан барои ҷавонон фарқ мекунад ва агар ҷамияти имрўзаи мо чунин имкониятҳои заруриро барои ҷавонон муҳайё  карда  бошанд ҳам, аммо  худ  онро бояд биёбем ё  бисозем. Яъне агар мконият ба сўи мо наояд,  мо  ба сӯи имконият ҳаракат бикунем.
Гарчанде, ки ҷавонон қувваи бузург шуда метавонанд, вале қувваро танҳо  дар ягонагӣ ва ҳамроҳ будан пайдо кардан  мумкин аст.  Бинобар ин андешаву хулосаҳо моро водор мекунад ,ки бо ҳамкориву ҳамоҳангсозӣ фаъолиятҳои ниҳодҳои давлаӣ ва ғайридавлатиро ба хотири  беҳбудии вазъи ҷавонони имрўз, ки фардои миллат аз онҳо вобастагӣ дорад, рушд диҳем. Таълиму тарбияи ҷавонон  дар рўҳияи меҳанпарварӣ, илму фарҳангдустӣ ва арзишҳои демократӣ  бояд  дар Ҳукумат ва ҷомеъа мавқеи авалиндараҷа дошта бошад. Агар чи имрўз роҳу воситаҳои зиёде барои пешгирии ҷавонон  аз гаравидан ба гурўҳҳои тундрав  вуҷуд доранд, аммо  коршиносон  бар ин назаранд, ки ҷалби насли ҷавон ва наврасон ба варзиш беҳтарин роҳи ҷилавгирӣ аз андешаҳои тундгароист. Бояд  садҳо майдончаву толорҳои варзишӣ сохт, то варзиши мо ҳамагонӣ шавад. Варзиш ин қабл аз ҳама солимиву бардамист ва баъд машғулият аст. Инсоне, ки роҳи варзиш пеш мегирад, ояндаи солим хоҳад дошт ва ин солимии бадан солимии руҳӣ дорад.
Ба итилои кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз бештари варзишгарони кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки ин аз омавияти варзиш  дар мамлакат дарак медиҳад. Масалан, агар  як ҷавони тоҷик  дар мусобиқаи байналмилалӣ мақоми ифтихориро касб кунад ва бо медал ё  ҷоиза  ба Ватан баргардад, ҳатман, ки истиқболи гарми ҳамватанонро дида, дигар ҷавонон  низ  аз ў пайравӣ мекунанд ва ба  ин восита худро  ба  варзиш  бахшида,  фикри ба дигар гурўҳҳои  номатлуб ҷалб шуданро  фаромӯш мекунад.  

Шоҳинамо Саидаҳмадова,
Мутахассиси шуъбаи адабиёти 
Техникӣ ва илмҳои дақиқ