Адабиёти техникиву илмҳои дақиқ
Нашр шуд 2017-02-17 11:29
Китоб сарчашмаи дониш аст ва ба ин шаке нест. Он ба мукаммал шудани љаҳонбинии шахс, хусусан ҳоло, ки техника ва технология рӯ ба рушди босубот овардааст, китоб нақши бузургтар мебозад. Хоса дар илмҳои техникиву дақиқ. Ва Китобхонаи миллӣ низ шуъбае бо ин ном дорад: яъне адабиёти техникӣ ва илмҳои дақиқ.
Адабиёти ин шуъба фаротар аз доираи давру замон аст. Дар ин шуъба китобҳо аз солҳои 50 ва 60-и асри гузашта нигоҳдорӣ мешаванд. Албатта, иддае аз ин китобҳо замони худро сипарӣ кардаанд ва ҳоло шояд куҳна ҳам шудаанд. Чун илм ва техника пайваста дар ҳоли рушду тавсеъа аст ва китобе, ки дар бораи масалан саноати мошинсозӣ соли 1960 интишор ёфтааст, имрӯз хеле кам ба дард мехӯрад. Чун он мошинҳо ҳоло тавлид намешаванд ва мавриди истифода қарор надоранд. Вале боз ҳам намешавад гуфт, ки китоби мошинсозии 50 соли пеш имрӯз нолозим аст. Ин китобҳо ҳам арзишҳои илмие доранд, ки куҳна намешаванд ва аз онҳо олимон ва пажуҳишгарон метавонад истифода баранд.
Магар арзиши ин китоби В.Н. Курочкин “Хранение техники на машинных дорогах», ки соли 1985 нашр гардидааст, куҳна шудааст? Мо ба ин гумон нестем, зеро ҳифзи амнияти мошину рондана ва мусофир дар роҳҳо чизест, ки тамоми давру замон куҳнагӣ надорад.
Ва ё китоби “Архитектурная композиция садов и парков». Магар имрӯз мо мушкилоти бунёди боғҳову гулгашту хиёбонҳо надорем? Магар мутахассиси имрӯз наметавонад аз ин манбаъ истифода барад? Гумон мекунем арзишҳои илмии ин ва даҳҳо ба ин монанд китобҳое, ки дар бойгонии Шуъбаи техникӣ ва илмҳои дақиқ нигаҳдорӣ мешаванд, камтар аз китобҳои интишорёфта дар солҳои баъдӣ дар ин мавзуъ нестанд.
Китоби дигаре ҳоло ба дастам расид. “Технология обработки алмазов и бриллианты». Муаллифони он В.И.Епифанов ва дигаронанд ва чуноне аз номаш пайдост дар бораи коркарди боигарии зеризаминии алмос аст. Китоб соли 1982 дар Маскав чоп шудааст. Ин китоб ҳоло ҳам арзишҳои илмии худро гум накардааст, чун технологияи коркард то ин солҳо камтар тағйир кардааст.
Дар ин шуъба на танҳо китобҳои қадимиро метавон пайдо кард, балки бойгонии он сол ба сол аз ҳисоби китобҳои тозанашри ноширони ватаниву хориҷӣ ғанӣ мегардад. Шуъба ҳамасола даҳҳо номгӯй китобҳои нав дарёфт мекунад, ки бешак барои ҳамаи талошгарони илму техника муфид ва арзишманд аст. Ба вежа барои донишомӯзони факултаҳои техникии донишгоҳҳо ва боргоҳҳои илми кишвар.
Аз сӯйи дигар адабиётҳое, ки дар шуъба нигоҳдорӣ мешаванд, барои тамоми мутахассисони соҳаи техникї ва донишљуён метавонанд чун манбаъи муҳими илмӣ хизмат кунанд.
Кормандони Шуъбаи адабиёти техникӣ ва илмҳои дақиқ ба мутахассисон дар тавсия ва интихоби адабиёти зарурӣ доир ба ҳар мавзуъи техникӣ ёрӣ мерасонанд. Ҳамрӯза даҳҳо нафар вориди толори хониши шуъба мегарданд ва даҳо китоби қадимиву имрӯзи супориш медиҳанд, ки кормандон барои дарёфти ин китобҳо ҳамаҷониба кӯмак мекунанд.
Дар бораи хизматрасониҳои Шуъба,
таърих ва самтҳои фаъолияти он маълумоти иловаги: Ганҷинае дар бахши илмҳои дақиқ
Дарҳои толори хониши шуъба барои ҳамаи алоқамандон аз субҳ то шом ҳамарӯза боз аст.
Наботбегим Каримова,
Муовини сардори
шуъбаи адабиёти техникӣ
ва илмҳои дақиқ