Ганҷинае дар бахши илмҳои дақиқ
Шуъбаи адабиёти техникӣ аз соли 1956 инҷониб фаъолият менамояд. Сараввал шуъба бо номи Шуъбаи адабиёти махсуси техникӣ фаъолияташро оғоз намуд. Дар соли 1959 номаш ба Шуъбаи адабиёти патентию техникӣ иваз карда шуд. Аз соли 1984 инҷониб бо номи Шуъбаи адабиёти техникӣ ва илмҳои дақиқ фаъолият менамояд.
Фонди Шуъбаи адабиёти техникӣ ва илмҳои дақиқ зиёда аз 17-ҳазор адабиётро дар бар мегирад. Шўъба вазифадор аст ба муштариёни худ ба таври оҷилӣ ва зуд хизмат расонад.
Аз шуъба хонандагон метавонад аз феҳристҳои алифбоӣ ва рақамӣ истифода намоянд. Феълан аз тарафи кормандони шўъба китобҳо ба феҳристи электронии ягона ворид карда шуда истодаанд. Яке аз вазифаи дигар ва асосии шўъба ҷобаҷогузории адабиёт дар рафҳо, тафтиши доимии дурусти ҷобаҷогузорӣ, корҳои санҷишии фонд, муқоисаи он бо феҳристи топографӣ (минтақавӣ) таъмир ва муқовабандии саривақтии китобҳо, ба таври мунтазам тоза кардани фонд аз чангу ғубор мебошад.
Ҳамакнун кормандони шуъба тасмим гирифтанд, ки бо роҳи таблиғу ташвиқ имконоти хуби шуъбаро барои муҳаққиқон ва донишҷўён возеҳ намоянд. Агарчи аз шуъба ҳамарўза даҳҳо нафар истифода барад ҳам, аммо қонеъкунанда нест.
Ҳамчунин кормандони шуъба самтҳои ғанигардонии фонди шуъбаро низ мавриди таҳлил қарор дода истодаанд. Айни ҳол осори гаронарзиш доир ба илмҳои физикаю математика, астрономия, электротехника, технологияи компютерӣ, роҳсозӣ ва ғайра дар шуъба мавҷуд буда, кормандони шуъба дар муддати кутоҳ китоби лозимаро дастраси муштариён мегардонанд.
Ҳайати кормандони шуъба аз муштариён даъват ба амал меоваранд, ки ба Толори шуъбаи адабиёти техникӣ ва илмҳои дақиқ ташриф биёранд ва аз имконоти шуъба истифода баранд. Марҳабо ба Шуъбаи адабиёти техникӣ ва илмҳои дақиқ!