Махзани маърифат
Ва ин осори пур аз ҳикмату андарзу пур аз дурри маъонӣ «Калила ва Димна» ном дорад. Ва ҳар касе, ки аз мутолиаи ин китоб ва ҷавҳари ҳикматҳои он бархўрдор аст, намиранда аст, ҷовидонист. Ривоят мекунанд, ки Барзуя бо машаққати зиёд ва ҳилаву найранг ба китобхонаи шўҳратёри Ҳинд ворид шуда, онро солиёни дароз дастнавис ва кўчонда ба сарзаминаш оварда аст. Сониян ҳамин китоби «Калила ва Димна»-ро дар замони хеш Одам-уш-шуаро Абўабдуллоҳи Рудакӣ ба риштаи назм кашид.
*** *** ***
Таъриху адабиёт, фарҳангу маданияти беназир ва суннатҳои наҷибу қадима дорад мардуми тоҷик! Оини ростӣ, наҷобату ғурур, китобдориву китобхонӣ ва хирадашон азалист! Китобдорӣ ва китобхонӣ чун як оину суннати наҷиб аз азал хоси мардуми мост. Ва ин фазилати накў чун як анъанаи нек миёни мардуми мо хеле роиҷ гардида аст. Ҳанўз аз аҳди кадим ниёгони озодандеши мо китобро ганҷи бебаҳо ва китобхонаро хонаи ганҷ ё ганҷи шойгон ном мебурданд. Китобдорӣ дар Машриқзамин, хоса миёни тоҷикон аз аҳди Сосониёну Сомониён хеле ривоҷ дошт. Китобхонаи «Гунди Шопур» дар аҳди Сосониён ва « Савон-ул -ҳикмат» дар замони Сомониён шаҳодати китобдориву китобхонии мардуми мост.
Китобдорӣ ва китобхонӣ чун як оину суннати наҷиб аз азал хоси мардуми озода ва тамаддунофари мо буд, ҳаст ва хоҳад монд. Ва ин фазилати накў ҳамчун як анъанаи нек миёни мардуми мо пойбарҷост. Ин анъанаи неку наҷиб дар айёми шукуфоӣ ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шукўҳи тоза гирифт. Бо иқдоми фарзанди фарзонаи миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Душанбе Китобхонаи миллии Тоҷикистон чун як хазинаи бузург, махзани маърифат ва ганҷи шойгон барои мардуми Тоҷикистон қомат афрохт. Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо тарҳу шакл, шукўҳу шаҳомат ва теъдоди бешумори китобҳои илмиву оммавӣ, техникӣ, адабиёти бадеӣ ва шумораи зиёди хонандагонаш гувоҳи хиради азалии мардуми мо ва шаҳодати мардуми китобдўсти мост. Китобхона ниҳоят бошўкуҳу шаҳомат ва бовиқор ба назар мерасад. Шояд ба он хотир, ки ин ҷо махзани муқаддаси маонист!
«Миллати мо аз азал китобдору китобхон буд ва ин анъанаро бояд ҳифз кард ва нигаҳ бояд дошт… » - овардааст дар яке аз навиштаҳояш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Андар боби китобу китобдорӣ ва аҳамияти китоб дар рушду маънавиёт ва эҳтиромаш миёни мардуми ориёинажод қиссаи ҷолибест, ки оварданаш ба манфиат аст. Ҳикоят
Овардаанд, ки дар аҳди Анўшервони Одил табибе буд бо номи Барзуя. Барзуя басо фозилу донишманд ва хеле ҳушманду оқил буд. Ў боре шунид, ки дар кўҳҳои сарзамини Ҳинд гиёҳе мерўяд, ки агар онро чида, куфта, ҷавҳарашро бар тани мурда андозӣ, мурда дубора зинда мешавад. Барзуя бо рухсати Анўшервон ба Ҳиндустон сафар кард. Баъди сарсониву саргардонӣ ва машаққати зиёд дарёфт, ки аслан дар Ҳиндустон чунин рустанӣ вуҷуд надорад. Баъди омўзишу ҷустўҷуи зиёд донист, ки дар ин ин ҷо рамзе, асроре нуҳуфта аст. Барзуя асрори ниҳонро дарёфт. Яъне, гиёҳе, ки дар Ҳинди бостон мерўяд, аслан китобест пур аз ҳикмат! Ва ин осори пур аз ҳикмату андарзу пур аз дурри маъонӣ «Калила ва Димна» ном дорад. Ва ҳар касе, ки аз мутолиаи ин китоб ва ҷавҳари ҳикматҳои он бархўрдор аст, намиранда аст, ҷовидонист. Ривоят мекунанд, ки Барзуя бо машаққати зиёд ва ҳилаву найранг ба китобхонаи шўҳратёри Ҳинд ворид шуда, онро солиёни дароз дастнавис ва кўчонда ба сарзаминаш оварда аст. Сониян ҳамин китоби «Калила ва Димна»-ро дар замони хеш Одам-уш-шуаро Абўабдуллоҳи Рудакӣ ба риштаи назм кашид.
Адиби маъруфу шўҳратёр Муҳаммади Ҳиҷозӣ низ андар боби китобу китобхонӣ гуфтори олие дорад: «Агар ду чӣ дошта бошед, дигар аз аҳли олам бениёзед, ё китоби хуб, ё дўстоне, ки аз аҳли китоб бошанд».
Ин гуфтаҳо дар худ ҳикмате доранд. Тавассути китобу китобхонӣ ва китобдорӣ метавон насли наврасро ба ҷаҳони маърифат, дониш,илму адаб, огаҳӣ ва бедорӣ ошно намуд. Мутолиаи ҳамин як асари безаволу беназир амсоли «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ҷавобгўи тамоми меъёрҳои ахлоқиву ватандўстист. Он аз достонҳои мифологӣ, таърихӣ ва қаҳрамонӣ мураттаб аст ва метавонад дар афкору пиндор ва рафтори насли наврас ва ҷавонон таъсири хубу накў гузорад. Ҳикмату панду андарз ва достонҳои таърихиву қаҳрамонии «Шоҳнома»- и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ, безаволанд ва дар миёни мардуми ақсои олам шўҳратёр! Бешак, осори нодиру гаронбаҳои фарзонагони назму насри ниёгони озодандеш ва бохиради тоҷик тавассути китоб ба мо омада расидааст. Тибқи маълумотҳои таърихӣ достонҳои безаволи «Шоҳнома»-и ҳаким Фирдавсии Тўсӣ ва дигар донишмандони мутаффакирони бузурги Шарқ ҳанўз аз асрҳои миёна бо забонҳои гуногун тарҷума ва китобат мешуд.
Ойҷонгул Давронова
мутахассиси шуъбаи адабиёти
техникӣ ва илмҳои дақиқ.