Бист соли рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ. Хонандагон дар шуъбаи адабиёти техникӣ ва илмҳои дақиқ чӣ метавонанд бихонанд?

Магар имрӯз мо мушкилоти бунёди боғҳову гулгашту хиёбонҳо надорем? Магар мутахассиси имрӯз наметавонад аз ин манбаъ истифода барад? Гумон мекунем арзишҳои илмии ин ва даҳҳо ба ин монанд китобҳое, ки дар бойгонии   шуъбаи техникӣ ва илмҳои дақиқ нигаҳдорӣ мешаванд, камтар аз китобҳои интишорёфта дар солҳои баъдӣ дар ин мавзуъ нестанд».

Бузургону  орифони ҳама  давру замон “китобро  манбаи  дониш  ва  илму  донишро   маънои  ҳастӣ  ва   ҳаёти  инсоният”  хондаанд!  Ҳақ  асту  рост!   Китобу  илму  дониш   хаёту  рўзгори башариятро   рангу  бор  ва  ҷилои   тоза   мебахшад  ва дар умқи ҳама пешрафт пойдевор мегардад. “Дониш устод- китоб   муаллими  мост”- гуфтаанд.   Беҳтарин     кашфиёте, ки   инсони   шарифу    созанда  дар тули  таърихи  башарият   анҷом  додааст,  китоб   аст, ки   чун  ганҷи  беназир    ва   чун  кохи  муҳташами  андарзу   ҳикмат пояндаву  пойбарҷост !

Зи доноён бувад  як  нукта  машҳур,

Ки дониш дар  кутуб, доност  дар  гўр.

Аниси  кунҷи  танҳоӣ  китоб аст,                                                                                                                                                        

Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст.

Дарунаш  ҳамчу  ғунча  аз  варақ пур,

Ба қимат  ҳар варақ ,з-он як табақ дурр.

Китобдорӣ ва китобхонӣ чун як  оину суннати наҷиб аз азал хоси  мардуми озода  ва  тамаддунофари мо буд,  ҳаст  ва ин фазилати  накў   ҳамчун  як   анъанаи нек  миёни  мардуми  мо пойбарҷо хоҳад монд.  Далели  ин  гуфтаҳо   Китобхонаи   миллии  Тоҷикистон  аст. Он  бо тарҳу  шакл,  шукўҳу шаҳомат ва  теъдоди зиёди  адабиёт,  адабиёти бадеӣ,  техникӣ ва   илмҳои   дақиқ, осори  илмиву оммавӣ, адабиёти хориҷиву бачагона ва шумораи  зиёди  хонандагонаш  гувоҳи хиради азалии мардуми мо ва шаҳодати мардуми китобдўсти мост.  Аз нигоҳи масоҳат, ғунҷоиши хазинаҳои китоб, фарогирии хадамоти китобдорию иттилоотӣ ва фаъолияти фарҳангӣ бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон  дар  Осиёи  Марказӣ беназир аст.  Он чун  маркази  бузурги илмиву фарҳангӣ дар ҷамъоварӣ, нигоҳдошт ва тарғибу ташвиқи маҷмӯъи асноди дар тамоми намудҳои имконпазир интишорёфта: анъанавӣ (нашрияҳои қаламӣ, чопӣ), электронӣ ( компютер, компакт дискҳо), савтӣ (китобҳои гӯё), виртуалӣ (дастёбӣ ба захираҳои интернет) имконияти  бештар  дорад  ва  барои баланд бардоштани нақш ва мақоми китобу китобхона дар ҳаёти ҷомеа, рушди  соҳаи китобдорӣ, китобхонӣ ва маърифати илмию фарҳангии аҳолӣ шароити мусоидро   муҳайё месозад. Ҳар як  фарди  комилу  худшинос  ва бедору боҳуш  метавонад  бо  истифода аз захираи китобхона дар рушду  нумуи кишвар саҳм гузорад. Китобхона на  танҳо  ҷои  мувофиқ  барои мутолиа, балки муҳити созгори  шиносоӣ бо  олами китоб, хониш, дарёфти  адабиёти дилхоҳ  ва дунёи  бекарони  илму маърифат  ба шумор меравад. Инсоният танҳо бо   шарофати  китобу   илму дониш ва сабақу таҷриба метавонад ба мақоми шоиста бирасад, соҳибмақом  гардад.   

Алҳол, ки инсоният аз фазои  асри  ХХI нафас мекашад ва техникаву   технология  дар  ҳоли  рушд  аст,   гумон  мекунам, нақши  китоб  боризтар аст.   Зеро  китоб  дар  афкору  маърифат  ва  ташаккули  ҷаҳонбинии ҳар  нафар  нақши муассир мебозад. Ҳамзамон дар  замони  муосир дар таълиму тарбияи  наврасону ҷавонон (ва на танҳо ҷавонон) омўзиши илм, хоса илмҳои    табиатшиносӣ, риёзӣ,  илмҳои  дақиқ  ва адабиёти техникӣ ва  дигар   соҳаҳои  марбут  ба  он    аз  манфиат  холӣ нест   ва   яке аз масъалаҳои асосӣ  ва  муҳим дониста мешавад. Тавре иттилоъ дорем ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ    мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 аз  тарафи  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардида аст.   Дар   Китобхонаи миллии Тоҷикистон    низ  шуъбае   бо  номи  адабиёти техникӣ ва илмҳои дақиқ    аз  соли  1956  то  имрўз   фаъолият  дорад. Фонди  шуъбаро    асосан китобҳои соҳавӣ, чун риёзиву кимиё, физика, геология, электроэнергетика  ва  муҳандис-сохтмончӣ    ташкил медиҳад. Асосан  хонандагони    шуъбаи мазкур   донишҷўёни донишкадаҳои техникӣ, донишгоҳҳои  миллӣ,  тиббӣ, омўзгорӣ, энергетика ва молиявӣ, донишгоҳи славянӣ  ва   аграрӣ мебошанд.   Хонандагону  мутахассисони  зиёде  ҳамарӯза  вориди толори хониши шуъба   гашта, аз   осори  гузаштаву  имрўз   китобҳои заруриро  дархост  мекунанд. Кормандони  шуъба   низ  барои дарёфти китоби дархостшуда  ва  ҳамзамон дар тавсияву   интихоби   адабиёти зарурӣ  ба  онҳо  кўмак  мерасонанд.  

Ба   ҷуз   аз  хизматрасонӣ  ба  хонандагон,    инчунин   рисолати   шуъбаи  мазкур тоза кардани  фонд  ва    ҷо  ба  ҷо кардани   китобҳо,  аз  рўи  рақами  интертарӣ  ҷо  ба  ҷо  гузоштани    ёддошт дар  баргадон,  чоп  кардани  барга,   гузоштани  «штрих-код»  ва   қабули  китобҳои  нав  мебошад. Кормандони  шуъба,ки бо  тақозои  кору  вазифа пайваста бо китоб сару  кор    доранд, табиист, ки  ба  китоб  дил  мебанданд.  Онро   дўст медоранд. 

 Ҳангоми  кор  метавон  осору маводи зиёдеро вохўрд, ки  умри  панҷоҳу  шаст сола  доранд.  Масалан: “Парвози  Гагарин”.  Маводе, ки дар  рўзномаи  “Правда”  дарҷ шудааст. Нахустин  парвози Одам  ба  фазои  коинот.   Он аз  тарафи  нашриёти  давлатии Тоҷикистон, соли 1962 ба  табъ  расидааст. Мутолиаи  он  аз  манфиат  холӣ нест. Солҳои 70-80-уми   қарни  гузашта   кадом  наврас    орзўи  кайҳоннавард  шуданро  дар дил  намепарварид?  Зеро парвози   нахустин аз  тарафи  Гагарин ва  фатҳи  кайҳон   аз  тарафи  одамизод на  танҳо  қалбҳои  кўчаки наврасон, балки қалби  тамоми  мардуми  сайёраро  тасхир карда буд.  

Ё худ мутолиаи лавҳаҳои  публитсистии  “Инсон, атом, кайҳон”, ки    соли 1967   ба  табъ  расидааст,   метавонад  дар  тафаккури  шахсияти   хонандагон  ва  наврасону  ҷавонон инқилобе  ворид  созад. Дар  ҳамин   боб андешаҳои     Наботбегим Каримова (алҳол Н.Каримова ба ҳайси мудири  шуъбаи  депозитарии  Китобхонаи  миллии Тоҷикистон фаъолият  дорад-О.Д) дар  мақолаи  “Адабиёти техникӣ ва илмҳои дақиқ” (аз  таърихи 17.02. 2017)   хеле    ҷолиб  аст:    “...Чун илм ва техника пайваста дар ҳоли рушду тавсеъа аст ва китобе, ки дар бораи масалан саноати мошинсозӣ соли 1960 интишор ёфтааст, имрӯз хеле кам ба дард мехӯрад. Чун он мошинҳо ҳоло тавлид намешаванд ва мавриди истифода қарор надоранд. Вале боз ҳам намешавад гуфт, ки китоби мошинсозии 50 соли пеш имрӯз нолозим аст. Ин китобҳо ҳам арзишҳои илмие доранд, ки кўҳна  намешаванд ва аз онҳо   олимону  пажуҳишгарон метавонанд истифода баранд. Магар арзиши китоби В.Н. Курочкин “Хранение техники на машинных дорогах», ки соли 1985 нашр гардидааст, куҳна шудааст? Мо ба ин гумон нестем, зеро ҳифзи амнияти мошину рондана ва мусофир дар роҳҳо чизест, ки дар  ягон давру замон кўҳна намешавад. Ё китоби “Архитектурная композиция садов и парков». Магар имрӯз мо мушкилоти бунёди боғҳову гулгашту хиёбонҳо надорем? Магар мутахассиси имрӯз наметавонад аз ин манбаъ истифода барад? Гумон мекунем арзишҳои илмии ин ва даҳҳо ба ин монанд китобҳое, ки дар бойгонии   шуъбаи техникӣ ва илмҳои дақиқ нигаҳдорӣ мешаванд, камтар аз китобҳои интишорёфта дар солҳои баъдӣ дар ин мавзуъ нестанд».
Бале,  китоби  хуб  ва  китобҳое, ки арзиши  баланди  илмиро дороянд, ҳеҷ гоҳ  кўҳна намешаванд. Зеро дар  китоб  афкори одамони  нек  ва  ашхоси   бузург,  рўҳи  ҷовидонаи  онҳо    маскан   ёфтаанд.

Ифодаи тафаккур ва мояи ҷаҳонбинии инсонӣ ва сиришти ҳосилаи илмҳо, ки инсоният дар кўшиши кашфи он кўшидааст, дар шакли китоб корбаст мегардад. Дар ин росто, китоб рамзи тамаддун ва решаи маънавии башарият аст, ки аз инсон инсоният офарид ва тавсеаи он чун арзиши олӣ ҳамеша дар нумуъ аст. 

Китобхонаи миллии Тоҷикистон чун як хазинаи бузург ганҷи шойгонест барои мардуми  Тоҷикистон, ки  бо иқдоми  фарзандони фарзонаи миллат дар мавзеи  дилфиребу нотакрори нозанин Маҷмааи  Исмоили  Сомонӣ, Қасри миллат, Нишон ва  Парчами миллӣ қомат афрохта, барои садсолаҳою, ҳазорсолаҳои дигар  барои   мардуми тамаддунофару  кўҳанбунёди  тоҷик  хизмат хоҳад кард.

 

 

 

 

 

 

Ойҷонгул  Давронова, 

мутахассиси   шуъбаи  адабиёти техникӣ ва  илмҳои дақиқ.