Пенгвинҳои “Дастони моҳир”
Нашр шуд 2016-08-24 19:03
Бале, пингвинҳо ном гирифт мавзўи имрўзаи барномаи «Дастони моҳир».
Бачаҳои ҳушёру зираки мо имрўз хоҳиши омода намудани тимсоли пингвинҳоро намуданд. Муаллима пеш аз оғози барнома ба бачагон оиди пингвинҳо маълумоти бештаре дод ва нақл кард, ки онҳо бештар дар кадом манотиқи олам зиндагонӣ мекунанд ва чӣ сурат доранд.
Пингвинҳо аз руйи сохти тана комилан махсусанд. Болҳои онҳо тангбару кўтоҳ ва белшакл мебошанд, устухони теғаи сина надоранд ва устухонашон аз мағз пур аст. Бинобар ин, онҳо парвоз карда наметавонанд.
Онҳо ба шароити обӣ мутобиқ шудаанд ва хеле чобукона шино мекунанд. Пингвингҳо асосан дар Антарктика зиндагй мекунанд. Моҳиҳо, нармбаданҳо ва буғумпойҳоро мехўранд.
Пингвинҳо гурўҳ -гурўҳ шуда, лона месозанд. Аз ҳама намояндаи калонтарин шоҳпингвинг мебошад, ки қадаш то 120 см ва вазнаш то 45кг мешавад.
Баъди шунидани сохтусози пингвингҳо бачаҳо ба омода намудани пингвинг шурўъ намуданд ва дар охир маълум шуд, ки онҳо аз ўҳдаи ин кор ба хубӣ баромаданд.
Пингвинг асосан аз қоғазҳои ранга, нигинаҳо ва ширеш омода карда шуд.