Кайҳон ва инсон: бачаҳо дар бораи аввалин парвоз чиро донанд? (Видео)


Аз хабаре оғоз мекунем, ки ба рӯзи Кайҳонавардӣ ихтисос дорад. Фардо, 12-уми апрел ба аввалин парвози инсон ба Кайҳон 55 сол пур мешавад.
Тасаввури кӯдаконаи кайҳонавардону киштиҳои кайҳонӣ
Дар маҳфили ҳарҳафтаинаи “Дастони моҳир”, ки субҳи имрӯз дар толори кӯдакони Китобхонаи миллӣ баргузор гардид, тарҳи киштии кайҳонӣ супориш шуд. Ҳадаф он буд, ки дониши бачаҳо дар бораи Кайҳон ва каҳонавард санҷида шавад.
Чун анъана мураббиён ҳадафи озмунро баён карданд. Лозим омад аввал аз бачаҳо пурсанд, ки онҳо дар бораи парвози инсон ба кайҳон чӣ медонанд?
Ва баъд вазифаро фаҳмонданд. Вале қабл аз ин иловаҳо ба гуфтаи бачаҳо карданд, расму тасвирҳо нишон доданд, дар бораи аввалин кайҳонаварди олам маълумот доданд, то тасаввури онҳо дар бораи мавзуъ комил шавад.
Расму тасвирҳои рӯйи коғазомада ва суроби кайҳониву киштиҳои кайҳонӣ аз назари бачаҳо гузориши ҷолибе шуд барои  телевизиони кўдакон ва наврасони «Баҳористон».

Кайҳон ва Инсон

Омӯзиши кайҳон аз замонҳои қадим диққати олимонро ба худ мекашид. Вале ба таври илмӣ ва комил таваҷҷуҳ кардан ба ин омӯзиш аз нимаи дуввуми асри 20 оғоз шуд.
4-уми октябри соли 1957 маҳвора аввалин аз ҷониби Иттиҳоди Шӯравӣ ба фазо партов шуд.
12-уми апрели соли 1961, яъне 55 сол пеш аз ин Юрий Гагарин ба кайҳон парвоз кард ва аз он рӯз то ба ҳол ин рӯз чун рӯзи аввалин вуруди инсон ба Кайҳон таҷлил мешавад.

Кӣ буд Юрий Гагарин?

Юрий Гагарин халабон буд ва аввалин киштии кайҳониро ҳам ӯ идора кард. Аммо солҳои баъд ба Кайҳон одамони касбу корашон гуногун ҳам парвоз карданд ва ин парвозҳои ҳама парвозҳои илмӣ буданд. Муддати тӯлонӣ олами берун аз Заминро таҳқиқ мекарданд ва мекунанд.
Юрий Гагарин  9-уми марти соли 1934 дар хонаводаи марди деҳқон дида ба олам кушодааст. Модараш Анна Тимофеевна ва падараш Алексей Иванович буданд.
30-уми сентябри соли 1949 ба омӯзишгоҳи касбӣ дохил шуд. Аз соли 1954 дар клуби ҳавонавардии Саратов  ба кор даромад. Соли 1955 техникуми индустриалии Саратовро бо баҳои аъло хатм кард.
27-уми октябри соли 1957 ба Валентина Горячева ҳамхона шуд ва аз ин ду духтароне бо номҳои Елена ва Галина ба воя расиданд.
Ду сол пештар аз парвоз ба кайҳон интихоби номзад оғоз шуд ва он замон тарроҳ Сергей Королёв талаботи аслиро дар миён гузошт: синну сол тахминан то 30, вазн на беш аз 72 кило ва қад на болотар аз 170 см.
Юрий Гагарин низ қатори дигар довталабон аз ҳама санҷишҳо гузашт ва интихоби аввалин парвоз ба души ӯ афтид.
Парвози ба кайҳон аз Байконур сурат гирифт. Юрий Гагарин 1 соату  48 дақиқа атрофи Замин парвоз кард ва ба Замин бозгашт.

Бачаҳо дар бораи касби кайҳонавардӣ бояд чиро донанд?   Чӣ гуна метавон кайҳонавард шуд?

На ҳамаи одамоне, ки мехоҳанд кайҳонавард шаванд, имкони баробар доранд. Барои ин ё бояд хеле сармоядору серпул буд, ки чун сайёҳ дар киштии кайҳонӣ биншинӣ ва сайри олами Кайҳон кунӣ. Ва ё агар майлу рағбати беинтиҳо дорӣ, бояд аз интихоби басо ҷиддии чор маркази интихобӣ дар Русия: Владивосток, Хабаровск, Свердловск ва Маскав гузарӣ. 

Талаботи аслӣ:

Халабони касбӣ бояд на камтар аз 350 соат парвоз дошта бошад ва ҳамзамон бештар аз 160 маротиба ҷаҳиши чатри наҷот (парашют) дошта бошад.
Синну соли вай на аз 30 боло бошад ва на поин аз 27, қадаш то 175 см, вазнаш на беш аз 75 кило.
Ҳатто барои сайёҳони кайҳонӣ меъёрҳои вижа мавҷуданд ва ҳар серпул наметавонад ба кайҳон равад.