Дар Рӯзи ҷавонон гуруҳе аз кормандони Китобхонаи миллӣ вориди боғи ба номи устод Рӯдакӣ ва боғи Парчами миллӣ шуданд ва аз касоне, ки сайри боғ омада буданд, даъват карданд, ки ба Китобхона низ оянд.
Ин иқдом дар доираи барномаи “Даъват ба Китобхона” сурат гирифт ва гуруҳи кормандон дар даст буклету варақаҳои таблиғотӣ аз ҷавон хостанд, то ба Китобхонаи миллӣ қадам ранҷа кунанд ва аз китобҳои ин боргоҳи маърифат ташнагии маънавӣ бишкананд.
Онҳо, ки теъдодашон ба 12 нафар мерасид, миёни ҷавонон-сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе варақаҳои таблиғотӣ тақсим намуданд, ҳамзамон ба пурсишҳои онҳо дар мавриди Китобхона ва шароитҳои он посух доданд.