Пирӯзӣ ва фоҷеаи Улҷабоев
Бархоста аз миёни мардум вай ҳанӯз дар овони бачагӣ дарк карда буд, ки фақр яъне чӣ? Ва қабл аз вақт вай аллакай навраси камолёфта буд. Ҳанӯз писарбачае буд, ки дарк кард: раҳоӣ аз фақр ва ақибафкандагӣ танҳо бо наҷот аз ҷаҳлу нодонӣ имконпазир аст. Вақте маориф барои ҳамагон дастрас мегардад, халқ соҳибмаълумот ва рушангаро мешавад. Ва ҳаёт ҳам ба ҷониби хубӣ тағйир мекунад. Аз ин рӯ дар синни 16-солагӣ, баъди хатми мактаби ҳафтсола ба қароре омад, ки омӯзгор шавад. Он замон вай дар бораи ягон шуҳрати ҳизбиву давлатӣ ҳам намеандешид.
Вале сиёсат ӯро ба худ кашид. Чеҳраи зебо, ақли расову зеҳни бурро (талоши мутолиа, ки ҳанӯз овони мактабхонӣ дар замираш тавлид шуда буд, тамоми умр ӯро тарк накард), доштани истеъдоди ташкилотчигӣ Улҷабоеви ҷавонро аз миёни ҳамсолонаш ҷудо кард ва ӯро то ба як пешвои ғайрирасмӣ рушд дод, ки билохира то як сарвари ҷавонон дар ҷумҳурӣ сабзида расид. Дар қуллаи шуҳрати сиёсии худ вай ба як шахсияи маъруфу машҳур дар Тоҷикистон табдил шуд, дар қалби миллионҳо ҳамватанони мо ҷо гирифт. Роҳбарияти Шӯравӣ дар симои ӯ бидуни шак, як роҳбари ояндадори миллӣ дар ҳадди Иттиҳодро медид.
Аммо қонунҳои нонавиштаи сиёсӣ разилу бераҳм, маккор ва беномус мешаванд. Дар саҳнаи сиёсӣ оне нашъунамо меёбад, ки ин қонунҳоро медонад ва ба назар мегирад. Турсун Улҷабоев, ки ба ғояҳои башарии худ самимона дода шуда буд, натавонист ва ё нахост ин қонунҳоро дар мадди назар бигирад. Ва гарон пардохт. Дар синни чиҳилупанҷсолагӣ, дар айни камолот аз зинаи Котиби аввали КМ ҲК Тоҷикистон ба шуҳрати худ абадан поён дод.
Хушунати бешармонаву разилона нисбати Улҷабоев ва ҳамсафони ӯ ба саркӯбии соли 1937 шабоҳат дошт. Баҳори соли 1961, чун дар солҳои 30 даҳҳо роҳбарони ҳизбӣ, хоҷагӣ ва масъулини шӯроҳо аз сафҳои ҳизби коммунист берун ва аз вазифаҳои ишғолкардаашон дур карда шуданд. Баъзеи онҳо ба муҳлатҳои дурудароз зиндонӣ шуданд. Баъди баҳори соли 1961 номи Турсун Улҷабоев муддати 30 соли дигар ба гӯшаи фаромӯшӣ, ба зуболадони таърих супурда шуд...
Ин як порча аз очерки журналисти тоҷик Саломиддин Мирзораҳматов иқтибос шуд, ки матни комили он соли 2016 дар остонаи садсолагии Турсун Улҷабоев, сиёсатмадори беҳамто, сарвари донишманду дилсӯз, дар ҳафтаномаи “Нигоҳ” чоп шуда буд. Онро метавонед дар толори хониши матбуоти даврӣ мутолиа намоед.
Турсун Улҷабоев 1 майи соли 1916 дар деҳаи Қуруқи ноҳияи Хуҷанди вилояти Суғд ба дунё омадааст. Соли 1935 техникуми омузгорӣ ва соли 1950 Мактаби олии ҳизбии назди КМ ҲКИШ дар шаҳри Москва хатм кардааст.
Фаъолияти кориашро ҳамчун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ дар ноҳияи Нов (1935 – 1937) сар карда, сипас ба ҳайси мудири шӯъбаи пешоҳангони Кумитаи комсомолии ноҳияи Нов, котиби якуми Кумитаи Марказии ИЛКҶ (комсомоли) Тоҷикистон (1941 – 1945), котиби якуми кумитаҳои ҳизби коммунисти вилоятҳои Сталинобод, Кӯлоб ва Ленинобод (1950-1954), котиби Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон (1954-1955), Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон, ҳамзамон Вазири корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон (1955-1956), Котиби якуми Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон (аз майи соли 1956 то апрели соли 1961) кор кардааст.
Маҳз бо ташаббусу сарварии Турсун Ӯлҷабоев соли 1960 сохтмони Нерӯгоҳи барқии обии Норак ҷомаи амал пӯшид. Дар пленуми КМ ҲКИШ (апрели с. 1961) ҳамроҳи Раиси Шӯрои Вазирони ҷумҳурӣ Н. Додхудоев бардурӯғ дар қаллобии мунтазами ҳуҷҷатҳои ҳисоботӣ гунаҳгор дониста шуда, ҳам аз вазифаҳо ва ҳам аз узвияти ҳизби коммунист хориҷ карда шудааст. Вале далоили овардаи комиссияи Маскав нисбати ин фарзанди дилсӯзу кордони миллат номувассақ ва хушунатбору золимона буд. Ҳадафи Кремл аз сари роҳ дур кардани кадрҳо бо ҳисси миллӣ дар қаламрави Шӯравӣ буд, ки дар шахсияти Турсун Улҷабоев, Додхудоев ва даҳҳо тани дигар амалӣ шуд. Ба ҷойи онҳо дастнишондаҳо сари кор омаданд ва ин рушди кишварро боз чанд даҳсола ақиб зад.
Турсун Улҷабоев хеле баъдҳо сафед карда шуд, зеро дар кирдори ӯву ҳамкоронаш ҷурмеву ҷинояте набуд.
Солҳои минбаъда ба ҳайси директори совхози қафомондаи «Метин - туғай», ҳоло хоҷагии ба номи Турдиеви ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон (1961-1964), директори совхози «Ғарм» - и ноҳияи Комсомолобод (1964-1973), ҷонишини директор, аз соли 1976 то соли 1986 директори совхози «ХХII партсъезд» - и ноҳияи Куйбишев (ҳоло ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ) кор кардааст.
Турсун Улҷабоев вакили Шӯрои Олии ИҶШС, Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, узви КМ ИЛКҶ ва КМ ҲК Тоҷикистон, узви комиссияи тафтишотии ҲКИШ буд.
Дар давраи истиқлолият роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизматҳои Турсун Улҷабоев дар рушди иқтисолиёти ҷумҳурӣ баҳои баланд дод. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (соли 1997) Нерӯгоҳи барқии обии Норак ба номи Турсун Улҷабоев гузошта шуд.
Бо ордени Ленин, 2 ордени Нишони Фахрӣ, 3 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, панҷ медал ва чор Граммотаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС мукофотонида шудааст.
Хонандагони азиз дар Китобхонаи миллӣ дар бораи ин фарзанди некноми миллат мақолаҳои зеринро метавонанд мутолиа намоянд:
Файзалиева, Р. Ёде аз бузургмард: Турсун Ўлҷабоев // Садои мардум. – 2002. – 1 январ.
Қувват, Ҷ. Як вохўрии Ҷабор Расулов бо Турсун Ўлҷабоев: Қисса аз нав ба сафи ҳизб дохил шудани Турсун Ўлҷабоев // Садои мардум. – 2003. – 7 январ.
Тошматов, Ҷ. «Шарқ ба чунин рушной ниёз дорад: Гуфта буд Турсун Ўлҷабоев ҳанўз 45 сол муқаддам // Ҷумҳурият. – 2005. – 22 декабр.
Мирзошоев, С. Пардаҳо аз рўи таърих гардони…: Тақдири яктан аз сарварони пуровозаи асри 20, Турсун Ўлҷабоев // СССР. – 2009. – 1 октябр.
Мирзошоев, С. Ўлҷабоев – қаҳрамони ношиноси миллат: Турсун Ўлҷабоев арбоби ҳизбию давлатӣ // СССР. – 2009. – 8 октябр.
Ҳалимов, С. Турсун Ўлҷабоев чаро Холов ўро дар Маскав пешвоз нагирифт?: Аз ҳаёт ва эҷодиёти арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ Турсун Ўлҷабоев // Тоҷикистон. – 2014. – 20 март.
Наботов, Н. Як дидор: Хотира аз ҷавонмардии Турсун Ўлҷабоев // Нигоҳ. – 2016. – 4 май.
Мирзораҳматов, С. Пирўзӣ ва фоҷеаи Турсун Ўлҷабоев: Хотироте аз Турсун Ўлҷабоев – Китоби якуми КМ Ҳизби Комунистии ҶШС Тоҷикистон дар солҳои 1956-1961 // Нигоҳ. – 2016. – 4 май.
Шакурзода, О. Марди таърихи тоҷикон садсола шуд: Зикри ҷамиле аз Турсун Ўлҷабоев // Нигоҳ. – 2016. – 4 май.
Захватов, В. Партократҳои Маскав роҳбари донишманду фидокоро саркӯб карданд: Дар бораи Турсун Ўлҷабоев // Нигоҳ. – 2016. – 4 май.
Аюбзод, С. Фарҷоми нобаҳангоми Турсун Ўлҷабоев: Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти арбоби ҳизбию давлатӣ Турсун Ўлҷабоев // Дунё. – 2016. – 19 - 25 июл.
Файзуллоев, Ҳ. Барқро ба Кобул Ўлҷабоев бурд: Дар бораи хизматҳои Котиби якуми Ҳизби Комунистии СССР Тоҷикистон Турсун Ўлҷабоев // СССР. – 2016. – 3 ноябр.
Ҳалимӣ, С. Турсун Ўлҷабоев: Нақлу ривоятҳо оид ба Турсун Ўлҷабоев // Тоҷикистон. – 2017. – 7 март.
Таҳияи Меҳрангез Ғуломова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ