Китобхонаи миллӣ бештар аз 319 ҳазор номгӯ китобҳои электрониро дар фазои маҷозӣ паҳн кард
Нашр шуд 2019-09-24 14:56
Китобхонаи миллии Тоҷикистон бештар аз 319 ҳазору 200 номгӯ китоби электрониро дар хидмати хонандагон қарор дод, ки зиёда аз 113 ҳазори он ба забони тоҷикӣ мебошанд. Кулии ин беш аз 319 номгӯ китоб бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва инглисӣ аз тариқи суроғаи www.nlt.tj/ қобили дарёфт аст.
Яке аз навгониҳои назарраси раванди автоматикунонӣ дар фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ ин бунёди китобхонаи электронӣ ба шумор меравад. Китобхонаи электронӣ низоми нави дастёбӣ ба захираи иттилоотист, ки ба боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифат ва суръати хизматрасонӣ ба муштариён мусоидат менамояд.
Китобхонаи электронӣ новобаста аз вақт ва макони манобеи иттилоотӣ раванди бемайлон ва доимии хизматрасонӣ ба истифодабарандагонро таъмин менамояд. Бо ибораи дигар, китобхонаи электронӣ аз китобхонаи суннатӣ аз он ҷиҳат фарқ мекунад, ки ба истифодабарандагон на танҳо шакли электронии маводро дастрас менамояд, балки он пеш аз ҳама бо ёрии технологияи телекоммуникатсионӣ дастёбии манобеи электронии гуногуни мавриди ниёзро аз масофаи дур низ таъмин менамояд.
Маҳз ҳамин буд, ки бо дастгирии роҳбарияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон базаи маълумотии Китобхонаи электронии Китобхонаи миллии Тоҷикистон таъсис ёфта, моҳи ноябри соли 2017 барои хонандагони дохилӣ ва беруна ба истифода дода шуд. Китобхонаи электронии КМТ бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) фаъол мебошад.
Дар айни замон Китобхонаи электронии Китобхонаи миллӣ дорои 319 ҳазору 200 нусха китоби электронӣ буда, 113 ҳазору 012 нусхаи он ба забони тоҷикӣ ва боқимонда бо забонҳои русӣ ва англисӣ мебошанд.
Шумораи зиёди китобҳои электрониро адабиёти бадеӣ, илм, маориф, китобҳои дарсӣ барои мактабҳои миёна ва олӣ ва илмҳои дақиқро ташкил мекунад.
Истифодабаранда танҳо баъди номнавис шудан ба узвияти КМТ ба Китобхонаи электронӣ дастрасӣ пайдо карда метавонад. Яъне хонанда баъди дар модули барўйхатгирии базаи маълумотии барномаи АЛЕФ сабти ном гардидан, яъне аъзои Китобхонаи миллии ТоҷикистонТ будан имкони ворид шудан ба Китобхонаи электрониро пайдо карда, дар саҳифаи сабти ном рақами корти хонандагии худро ворид менамояд. Дар ҳолати ҳамчун аъзои КМТ номнавис набудан ва надоштани корти хонандагӣ, истифодабаранда метавонад ҳангоми сабти ном дар ҷои рақами корти хонандагӣ ҳашт рақами ба худ муайн ворид намояд ва маводи мавриди ниёзи хешро аз Китобхонаи электронӣ бо суроғаи www.nlt.tj/ дастрас намояд.
Ёқуб Бобохонов,
муовини сардори Шуъбаи автоматикунонии
раванди китобдорӣ-иттилоотӣ.